Ифтитоҳи мактаби №2 дар шаҳри Роғун. 15 июли 2015

Ёвон: 9 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт

11
(Таҷдидшуда 10:04 10.09.2015)
Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои 775 нафар хонанда дар назди муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта,мавриди истифода қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бахшида ба 24 — умин солгарди ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон 9 бинои ҷашнӣ,  аз қабили  марказҳои хизматӣ, маркази ташхиси саломатӣ,  кӯлҳои моҳипарварӣ ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Манбаъ меафзояд, дар арафаи ҷашни Истиқлол 2 муассисаи таълимӣ  аз ҳисоби  маблағгузории сафорати Ҷопон,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми маҳал барои 400 нафар хонанда  сохта ба истифода дода шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои 775 нафар  хонанда дар назди муассисаҳои таълимӣ  синфхонаҳои иловагӣ сохта,  мавриди истифода қарор  гирифт.

Ба навиштаи ин расона, дар ояндаи наздик 2 муассисаи таълимӣ  барои зиёда аз 1000 нафар хонанда сохта мешавад.

11
Барчаспҳо:
бунёди марказҳо, ифтитоҳи марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷашни Истиқлол, Хатлон, Ёвон, Тоҷикистон
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото

Баъди 20 соли бехонагӣ: соҳибкорон ба Ҷонаковҳо аз номи Президент хона доданд

1016
Оилаи Ҷонаковҳо баъди 20 соли бехонагӣ, ахиран дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Оилаи Ҷонаковҳо, ки панҷ фарзанд доранд, аз сабаби бехонагӣ тайи 20 сол дар нуқтаҳои сузишворӣ, вагонҳои хоҷагии деҳқонӣ ва ба ин монанд дар бошишгоҳи саҳроӣ бо азобу машаққати зиёд зиндагӣ мекарданд, навиштааст сомонаи "Фараж".

Манбаъ хабар дод, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳри Левакант аз номи роҳбари давлат ба Ҷонаковҳо калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дода шуд. Ин хонаро ба оилаи Ҷонаковҳо соҳибкорони хайрхоҳи вилояти Хатлон туҳфа карданд, илова намудаст нашрия.

Муҳаббат Ҷонакова, модари хонадон ба “Фараж”  гуфтааст, ҳеҷ бовар надошт, ки баъди солҳои зиёди сарсониву саргардонӣ дар вагонҳои вайрона ва бошишгоҳи саҳроӣ соҳиби манзили зист ва замин мешавад.

Зикр шудааст, ки инчунин раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия барои Ҷонаковҳо 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои замин низ бо супориши раиси ноҳия барои онҳо ройгон омода гардидаанд.

1016
Барчаспҳо:
кумак, хона, Тоҷикистон
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

581
(Таҷдидшуда 15:58 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти олимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол санҷиданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

581
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1459
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1459