Қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

ВАО: боздошти аъзоёни Раёсати олии ҲНИТ дар Тоҷикистон

42
(Таҷдидшуда 11:13 17.09.2015)
Сомонаи мухолифини тоҷик аз боздошти Абдуқаҳҳор Давлат, сармуҳаррири торнамои расмии ҲНИТ ва Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ин ташкилоти сиёсӣ низ иттилоъ пахш кардааст.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раиси Шӯрои уламои ҲНИТ, Зубайдуллоҳ Розиқ ва раиси бахши ин ҳизб дар навоҳи тобеъи марказ, Раҳматуллоҳ Раҷаб дар шаҳри Душанбе боздошт шудаанд, навиштааст, сомонаи мухолифини тоҷик "Tajinfo.org".

Тибқи иттилои ин сомона, Абдуқаҳҳор Давлат, сармуҳаррири торнамои nahzat.tj  ва Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ ҳам дастгир гардидаанд.

Қаблан, муовини раиси ҲНИТ, Маҳмадалӣ Ҳаит аз боздошти муовини аввали раиси ҳизб ва собиқ вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сайидумар Ҳусайнӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми парвоз ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон хабар дода буд. Худи Ҳаит ҳам баъдан аз сӯи маъмурини амниятии кишвар дастгир шуд.

ҲНИТ ягона ҳизби сиёсии динӣ дар кишварҳои собиқ шӯравӣ ба шумор рафта, ба иддаои масъулинаш беш аз 40 ҳазор узв дорад. 28 августи соли равон Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз раҳбарияти ҲНИТ хост, ба фаъолияти "ғайриқонунӣ"-и ин ҳизб хотима бахшанд.

Ба қавли масъулини Вазорати адлияи кишвар, гӯиё фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ин ҳизб дар 58 шаҳру навоҳии кишвар қатъ шуда, дигар ин ҳизб гӯиё ҳизби умумҷумҳурявӣ нест. Аммо масъулини ҲНИТ ин иддаои вазоратро рад карданд.

Раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ баъд аз интихоботи парлумонии 1 марти Тоҷикистон кишварро тарк карда, ҳоло дар хориҷ ба сар мебарад.

Дар пайи ҳаводиси хунини 4 сентябр, ки дар шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе наздик ба 10 корманди пулис кушта шуданд, Вазорати умури дохилии кишвар бо нашри изҳороте онро кори дастаи марбут ба Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои кишвар хонданд, ки худи он рӯз бо қарори раисҷумҳур аз мақомаш барканор шуд. Мақомоти тоҷик Абҳуалим Назарзодаро узви ҲНИТ эълон карданд. Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри изҳорот иддаи мақомотро рад карда, гуфт, генерал Назарзода наметавонист, узви ҳизбе бошад, чун узви ҳизб будани афсари низомиро Сарқонуни Тоҷикистон манъ кардааст.

Генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва 11 ҷонибдори ӯ дар пайи амалиёти вижаи неруҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр дар дараи Ромит нобуд карда шуданд.

 

42
Барчаспҳо:
амалиёт, қазияи ҳизби сиёсӣ, дастгиршавӣ, боздошти аъзоёни Раёсати ҲНИТ, КДАМ, ҲНИТ, Воҳидхон Қосиддинов, Зарафо Раҳмонӣ, Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, Алмаато, Қазоқистон, Исфара, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
Мавзуъ
Таъхири анҷумани ҲНИТ
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров: ҲНИТ шонси боқӣ монданро аз даст додааст
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

ВУХ Тоҷикистон: давоми 11 рӯз 680 тоҷикистонӣ ва 58 тобут аз Русия ба ватан интиқол ёфт

471
(Таҷдидшуда 15:59 31.05.2020)
Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалиния" боз 49 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Федератсияи Русия ба ватан интиқол дод

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Ширкати "Уралские авиалиния" шаби 29 ба  30 - юми  май парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистонро анҷом дод, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ин ширкат 49 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, аз Москва ба Душанбе интиқо дод.

Гузашта аз ин, 13 тобути шаҳрвандони кишвар низ ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки сар аз 19 то 30 майи соли ҷорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Русия аз марказҳои нигаҳдории муваққатии ин кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафарро доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Сатторов: дар фурудгоҳҳои Маскав дигар шаҳрвандони Тоҷикистон намондаанд

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои дастури роҳбари давлат оид ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус ба Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

471
Барчаспҳо:
Русия, шаҳрвандони тоҷик, интиқол, ВУХ ҶТ
Пустые улицы города Душанбе

Бозорҳо ва кошонаҳои ҳусн дар Душанбе то 15 июн баста мемонанд

656
(Таҷдидшуда 14:03 30.05.2020)
Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯяд фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо то 15 июни соли 2020 маҳдуд боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд.

11 супориши муҳлатноки Раҳмон ба Ҳукумат ва вазоратҳо барои пешгирии COVID - 19

"Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд", - омадааст дар хабарномаи шаҳрдорӣ.

Қарори нави Рустами Эмомалӣ: омодагӣ ба зимистони 2020-2021 ва супоришҳо ба масъулин

Мақомоти шаҳри Душанбе ҳамчунин хабар медиҳад, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намудааст.

Ёдрас мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус фаъолияти бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе аз ҷумла "Корвон", "Саховат" ва кошонаҳои ҳусну нуқтаҳои фурӯши телефонро боздошт.

То 29 майи соли равон дар Тоҷикистон, 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

656
Барчаспҳо:
маҳдудият, маҳдуд, сартарошхона, бозор, Душанбе
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Рынок в Душанбе Корвон

Эълони ҳукумати Душанбе дар бораи кори бозорҳо, кошонаҳои ҳусну нуқтаҳои мошиншӯйӣ

1152
(Таҷдидшуда 21:25 31.05.2020)
Ҳукумати Душанбе қарор кардааст, ки бозорҳои либосфурӯшӣ, нуқтаҳои мошиншӯӣ, телефонфурӯшӣ ва кошонаҳои ҳусну сартарошхонаҳо то нимаи июн баста мемонанд

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Котиботи ҳукумати Душанбе ҳадафи қарорро ҷилавгирӣ аз сирояти  COVID-19 гуфта, таъкид намудааст, ки ҳамаи бозорҳои либосфурӯшию кошонаҳои ҳусн, сарфи назар аз моликияташон то 15 июн баста хоҳанд буд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд”, - омадааст дар иттилоия.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе охири моҳи апрел ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” кори бозорҳои либосфурӯшии шаҳрро пурра қатъ ва дар онҳо рӯзҳои санитарӣ эълон карда буд.

1152
Барчаспҳо:
бозор, нуқтаи назар, Тоҷикистон