Празднование Курбан-Байрама. Архивное фото

Муфтии Қазоқистон хост, дар рӯбарӯи қурбонӣ “селфӣ” нагиранд

19
(Таҷдидшуда 21:58 12.10.2015)
Дар ҳоле ки сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, гуфтану намоиш додани қурбонӣ ба мардум иҷоза мебошад.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раиси Идораи муфтиёти Қазоқистон аз сокинони кишвараш даъват кардааст, дар рӯбарӯи қурбонӣ дар рӯзи Идди қурбон, ки имсол 24 сентябр таҷлил мешавад, акс нагиранд, хабар додааст РИА Новости бо истинод ба телевизиони КТК.

Муфтии Қазоқистон Ҳоҷӣ Ерҷан Малгаҷиулӣ гуфтааст, аксбардорӣ дар рӯбарӯи ҳайвони забҳшуда як навъи худнамоишдиҳӣ мебошад, ки ба гуфтаи ӯ, ин кор нодуруст аст.

Тавре Sputnik хабар додааст, аз ин даъвати муфтии Қазоқистон муовини Шӯрои муфтиёти Русия Рушан Аббясов ҳам истиқбол карда, аз мусулмонон хостааст, аз ин амал худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ мегӯяд, намоиш додани қурбонӣ ва дар бораи он ба мардум чизе гуфтан иҷоза мебошад.

"Дар ин ҳолатҳо шахс ҳақ дорад, ки дар мавриди кори хайраш ба дигарон бигӯяд. Яъне қурбониеро забҳ карда, ба ниёзмандон гӯшт тақсим кардааст ва ин ҳам худнамоӣ ҳисобида намешавад. Албатта, ин ба қурбонии рӯзи Иди азҳо рабт дорад",- афзуд ӯ. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, намоиши раванди забҳи қурбонӣ тариқи акс ё видео манъ мебошад.

Иди қурбон ё худ азҳо яке аз ду иди бузурги мусулмонон мебошад, ки имсол дар Тоҷикистон аз он рӯзи 24 сентябр таҷлил мешавад.

19
Барчаспҳо:
фатво, ҷоиз, селфӣ, ид, қурбонӣ, Ҳоҷӣ Ерҷан Малгаҷиулӣ, Рушан Аббясов, Ҷамолиддин Хомӯшӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон
Душанбе, архивное фото

Борони суст: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

52
(Таҷдидшуда 11:35 03.06.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар буда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти борон пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

52
Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, Боду ҳаво, Тоҷикистон
Вакцинация, архивное фото

Дар Русия эмкунии оммавӣ бар зидди коронавирус тирамоҳ баргузор мешавад

342
(Таҷдидшуда 19:43 02.06.2020)
Агар коркарди ваксин бомуваффақият анҷомад, дар тирамоҳ аллакай эмкунии оммавӣ шурӯъ мешавад, аммо ҳоло ҳамагон бояд бо назардошти хатарҳои сироят шудан ба ин вирус чӣ гуна зиндагӣ карданро омӯзанд

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар Русия аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз меёбад, изҳор дошт муовини сарвазир Дмитрий Чернишенко дар ҷараёни як брифинг.

"Тавре шумо медонед, кор дар самти истеҳсоли ваксин босуръат идома дорад. Мо интизори натиҷаҳо мебошем ва коршиносон мегӯянд, ки агар  самаранокии ваксин дақиқ шавад, аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ оғоз мешавад. Вале ҳоло мо бояд дар шароити хуруҷи ин вирус зиндагӣ карданро ёд гирем", - тавзеҳ додааст муовини сарвазир.

Зимнан, ба изҳори ноиби президенти Академияи илмҳои Русия, роҳбари бахши илмҳои биомедикии Академияи илмҳои Русия, академик Владимир Чехонин, ҳоло  олимони рус ваксинаҳои ғайриоддии зидди сирояти коронавирусро таҳия карда истодаанд, ки онро ба организм дар шакли йогурт ворид кардан мумкин аст. 

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.

342
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон