Хуроки шоми сокинони рустоҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шуд

27
(Таҷдидшуда 19:23 19.10.2015)
Маҳдудият ё худ “лимит” дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони деҳоти Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд. Аммо сокинони баъзе аз манотиқи пойтахти кишвар ҳам бо бе барқ монданд.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз 18 октябр расман маҳдудият ҷорӣ карда шуд, хабар медиҳад, ШСҲК "Барқи тоҷик".

Сухангӯи ин ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ ҷорӣ шудани ин маҳдудиятро ба яку якбора сард омадани ҳаво дар кишвар рабт медиҳад.

"Ҳоло обҳои захиравии обанбори Норак истифода мешавад ва ба хотири сарфаҷӯӣ маҷбур шудем, дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони деҳот маҳдудият ҷорӣ кунем", — гуфт, ҷаноби Ёдгорӣ.

Тибқи иттилои "Барқи тоҷик" ҳоло сокинони рустоҳои Тоҷикистон рӯзона аз соати 05:00 до 10:00 ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то 22-00-и шаб нерӯи барқ хоҳанд дошт. Дар умум дар якшабонарӯз ба сокинони деҳот 10 соат нерӯи барқ дода мешавад.

Ба қавли сухангӯи "Барқи тоҷик", ин маҳдудият ба шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Душанбе дахл нахоҳад дош. Аммо сокинони пойтахт бо сард шудани ҳаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз набуди барқ шикоят доранд. Ба эҳтимоли зиёд, шабакаҳои фарсудаи барқии шаҳрӣ натавонистанд, бори истифодаи саросарии гамркунакҳои барқиро дар рӯзҳои аввали сармо таҳаммул кунанд.

Тибқи иттилои сомонаи "Барқнест,тҷ", ки барои таъмини шаффофияти нерӯи барқ ташкил шудааст, давоми якшабонарӯзи ахир бештар сокинони шаҳру навоҳи наздик ба пойтахти Тоҷикистон барқ надоштаанд.

Ин сомона нишон медиҳад, ки сокинони ноҳияи Ҳисор рӯзи 18 октябр дар умум 4,5 соат, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ 6 соат нерӯи барқ гирифтаанд. Аммо сокинони хушбахти ноҳияи Варзоб 24 соат барқ доштаанд.

Дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳам рӯзи 18 октябр маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ пурзур шудааст. Сокинони Спитамен ва Ғончӣ мутаносибан 3,5-6,5 соат барқ гирифтаанд.

Ба сокинони баъзе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳам рӯзи гузашта нерӯи барқ кам интиқол ёфтааст. Рӯзи 18 октябр ба сокинони ноҳияи Қумсангир 6,5 соат ва ба сокинони ноҳияи Қубодиён 4,5 соат барқ дода шудааст. Дар ҳоле ки сокинони шаҳри Кӯлоб 24 соат нерӯи барқ гирифтаанд.

Дар давоми якшабонарӯзи ахир дар шаҳру навоҳии вилояти Бадахшони куҳӣ ба ҷузъ ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб тақрибан маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ эҳсос нашудааст. Сокинони Мурғоб рӯзи 18 октябр пурра бе барқ буда, ба сокинони ноҳияи Ванҷ танҳо 18 соат нерӯи барқ интиқол ёфтааст.

Тоҷикистон ҳамсола дар фасли сармо бо камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад. Барои таъмини пурраи аҳолии кишвар бо барқ дар фасли сармо тақрибан 2,5 миллиард киловат соат барқ лозим аст. Ин нишондод бештар аз ҳаҷми нерӯи барқи истеҳсол ва содиротшаванда аз Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯз, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май дар интиқоли нерӯи барқ ба саросари кишвар маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Танҳо дар баъзе аз шаҳрҳои бузурги кишвар, аз ҷумла Душанбе ва баъзе аз навоҳии Тоҷикистон, ки дорои неругоҳҳои хурди барқиянд, 24 соат нерӯи барқ дида мешавад.

27
Барчаспҳо:
сокинони деҳот, Ёдгорӣ, Барқи тоҷик, маҳдудият, барқ, Тоҷикистон, "лимит" ҷорӣ шуд, ширкати "Барқи тоҷик", Нозирҷон Ёдгорӣ, вилояти Бадахшон, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, Тоҷикистон

Ду дақиқа то куштани вирус аз дафтар ва қаламу қоғаз: ихтирои нави донишгоҳи Хуҷанд

619
(Таҷдидшуда 18:21 19.09.2020)
Дар Озмоишгоҳи иноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселяриро ихтироъ намудаанд, ки қодир аст, дар ду дақиқа ҳама гуна лавозимоти муҳими хониш ва коргузориро безарар гардонад

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Сино Ғафурӣ, масъули матбуотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд афзуд, ин таҷҳизот барои таъмини амнияти саломатии донишҷӯёну омӯзгорон ва масъулини донишгоҳ кашф шудааст.

  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безаркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар Хуҷанд
    аксҳо аз сафҳаи ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд
1 / 4
акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
"Дар шароити хуруҷи пандемияи COVID-19, мавзӯъи маҳв намудани вирусу микробҳои гузаранда ҳамеша матраҳ дошта мешавад. Вирусҳое, ки ҳар лаҳза ва тавассути ҳамагуна ашё хавфи сироят карданро доранд. Бо дарки ин масъала кормандони Озмоишгоҳи иноватсионии донишгоҳ дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселяриро ихтироъ намудан. Ин таҷҳизот дорои 254 нанометр пахши мавҷи ултрабунафш буда, бо ин тавон вирусу бактерияҳоеи ба қаламу дафтар ва мактбуҳо расидаро несту нобуд мекунад", - гуфт Ғафурӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилоъи Ғафурӣ, навъоварони Озмоишгоҳи назди ДДҲБСТ дар зарфи 15 рӯз ва бо харҷи 2000 сомонӣ, ё муодили беш аз 200 доллари амрикоӣ ба сохтмони ин ҷузъдони безараркунанда аз вирус муваффақ шудаанд.Ҳоло таҷҳизоти сохташуда дар донишгоҳи мазкур дар Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шудааст.

Вазорати тандурустӣ ба мулоқот бо намояндагони СУТ омодагӣ мебинад

Дастгоҳи безараркунандаи лавозимоти таълимӣ ва коргузорӣ аз ҷевон, лампаи безараркунанда (ултрофеолетӣ) шамолдеҳ (вентилятор) ва дастгоҳи ҳавокаш (гафрӣ) иборат буда, дар он қағазҳои андозаи А4 ва мактубу дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ безарар гардонида мешавад.

"Табиист, ки ҳамарӯза шаҳрвандон аз ҷумла донишҷӯёну масъулони донишгоҳҳо аз ҳуҷҷатҳои гуногуни расмӣ, аз мактубҳои содиротиву воридотӣ истифода мебаранд. Аз ин хотир, ихтирои чунин дастгоҳ барои безараргардонӣ ҳама намуд маводи конселярӣ муҳим ва саривақтӣ саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба маълумоти мутахассисон ҳангоми гузоштани мактуб ё дигар ҳуҷҷатҳои лозима нурҳои ултрабунафш вирусу бактерияҳоро нобуд сохта, ба сифати лавозимоти гузошташуда таъсир намерасонад", -таъкид кард Ғафурӣ.

Ихтироъкорон иброз намудаанд, ки 254 нанометр мавҷи дохили ин таҷҳизот ба организми одамон зарар расонида наметавонад.

Изобретение Худжандского государственного университета имени Бободжона Гафурова для дефинфекции рук
пресс-служба ХГУ имени Бободжона Гафурова

Зимнан ин дуюмин ихтирои таҷҳизоти безараркунандаи вирус дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.

Дастгоҳи пешина Санитайзер ном дошта ба таври худкор безарагардонии дастонро дар зарфи 5 - 6 сония ба иҷро мерасонад.

Дар шароити авҷи паҳншавии бемории каронавирус, ки ба ин ҳол риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳамеша таъкид мешавад, коршиносон мутобиқ ба тавони иқтисодӣ ихтироъ ва истифодаи чунин дастгоҳу таҷҳизотҳои безараркунанда аз вирусро муҳим меҳисобанд.

619
Барчаспҳо:
безарар кардан, дастгоҳ, Хуҷанд, Тоҷикистон
Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

242
(Таҷдидшуда 16:23 17.09.2020)
Котиби генералии СММ Антониу Гутерреш мегӯяд, то ҳол ягон ваксина барои рафъи пурраи маризии коронавирус мавҷуд нест.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори Антониу Гутерреш, хуруҷи коронавирус аз зери назорат берун мешавад. Хадамоти ахбори СММ аз қавли Котиби генералии ин созмон хабар медиҳад, ки айни замон барои амнияти ҷаҳонӣ пандемия "таҳдиди рақами аввал" аст.

Гутерреш мегӯяд, шумораи умумии қурбониёни ин маризӣ ба зудӣ марзи 1 миллион нафарро убур мекунад.

Котиби генералӣ таъкид кард, ки ҳарчанд бисёриҳо ба ваксина умед бастанд, аммо то ҳол барои пандемия нӯшдору вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки ваксина худ ба худ буҳронро рафъ намекунад.

Маълум шуд, ки чанд нафар гирифторони коронаврус аз Данғара шифо ёфтаанд

Гутерриш инчунин зикр кард, ки воситаҳои табобати ин беморӣ бояд нархи  дастрас дошта бошанд. 

Қаблан роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус гуфта буд, ки доруе, ки битавонад COVID-19 -ро маҳв намояд, вуҷуд надорад. Ба гуфти ӯ раҳоии абадӣ аз  коронавирус, сарфи назар аз умедвориҳои калон ба ваксинаи муассир ғайриимкон аст.

242
Барчаспҳо:
назорат, маризӣ, Антониу Гутерреш
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0