Симои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Зилзилашиносони тоҷик: иқтидори заминларза 6-7 бал буд

25
(Таҷдидшуда 15:42 26.10.2015)
Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон заминларзаи 7,5 баллиро ба қайд гирифтаанд, ки соати тақрибан 14:09 бо вақти Душанбе Тоҷикистонро ҳам такон додааст.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон заминларзаи шиддатнок сурат гирифт.

Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон заминларзаи 7,5 баллиро ба қайд гирифтаанд, ки соати тақрибан 14:09 бо вақти Душанбе Тоҷикистонро ҳам такон додааст.

Аксари сокинон мегӯянд, ки солҳои охир ба ин шиддат заминҷунбиро ёд надоранд.

Тибқи иттилои зилзилашиносҳо маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон, дар 64 километрии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ҷойгир буда, иқтидораш дар марказ 7,5-7,7 балро ташкил медиҳад.

Аммо масъулини Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯянд, маркази заминларза дар 350 километрии ҷанубу шарқии Душанбе дар қаламрави Афғонистон рух дода, иқтидораш дар марказ 6-7 бал ва дар пойтахти кишвар 5-6 балро ташкил медиҳад.

25
Барчаспҳо:
ҷунбидан, такон, баллӣ, заминларза, Тоҷикистон, Душанбе, Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон, Афғонистон, Амрико, Тоҷикистон