Нурсултон Назарбоев аснои мулоқот бо роҳбари Бунёди  «Ҷамъияти ихтиёрии «Милосердие»

Мансабдорони қазоқ дар пайравӣ бо Назарбоев костюм мепӯшанд

6
(Таҷдидшуда 15:40 29.10.2015)
Мансабдорони Қазоқистон бо пайравӣ аз раисҷумҳур Назарбоев ба хариди костюмҳои исетҳсоли ватанӣ шурӯъ карданд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Мақомдорони давлатӣ дар Қазоқистон аз президенти кишвар Нурсултон Назарбоев ибрат гирифта, ба харидани костюмҳои истеҳсоли ватанӣ оғоз карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Аснои як сафари кориаш дар минтақа Назарбоев гуфт, костюм ва пойафзоли ватаниро нисбат ба молҳои хориҷӣ тарҷеҳ медиҳад.

Ҳокими вилояти Қарағанда Нурмуҳамбет Абдибеков яке аз аввалинҳо шуда аз раисҷумҳур пайравӣ кард. Ӯ костюми истеҳсоли Қазоқистонро харидорӣ намуд.

Агентии маҳаллии рушди миллии мавсум ба "NADLoC" аз ҷонибдорӣ аз ин иқдом аксияи дастгирии саноати сабукро баргузор сохт. Ба ин чорабинӣ кормандони кумитаҳо, донишгоҳу вазороти мухталиф аз қабили вазорати рушди иқтисоду сармоягузорӣ низ ҳамроҳ шуданд.

Дар ин рӯз ҳар яке аз ширкатдорони чорабинӣ барои худашон костюми истеҳсоли ватанӣ (бо маблағи то 20 ҳазор танга) харидорӣ карданд. Ҳамзамон барои хоҳишмандон имконияти дархости инфиродӣ ироа кардан низ муҳайё гардид",- омадааст дар хабар.

Тибқи иттилоъ, ширкати маҳаллии  "Алтин Адам" ягона истеҳсолкунандаи молҳои саноати сабуки ватанӣ аст, ки либосҳои занонаву мардона бо мӯду дизайни муосирро дар Қазоқистон омода менамояд.

Ин корхона моли истеҳсолшударо ба хориҷа содир намекунад ва барои бозори ватанӣ либос таҳия мекунад.

Дар Тоҷикистон низ мансабдорони тоҷик аз раисчумҳур ба таври бесобиқа "нусхабардорӣ"мекунанд. Бо имиҷи либоспӯшии Раҳмон, ки костюми кабуду гарданбанди сурхро тарҷеҳ медиҳад, онҳо ҳам пайравӣ менамоянд.

 

Эмомали Рахмон  на торжественном мероприятии в честь Дня матери
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар "Рӯзи Модар"

 

 

6
Барчаспҳо:
имиҷи раисҷумҳур, харидории молҳои ватанӣ, шиму костюмпӯшӣ, пайравӣ аз президент, Агентии маҳаллии рушди миллии мавсум ба "NADLoC", ширкати маҳаллии “Алтин Адам, президенти Тоҷикистон, президенти Қазоқистон, Нурмуҳамбет Абдибеков, Эмомалӣ Раҳмон, Нурсултон Назарбоев, Қарағанда, Душанбе, Остона, Алмаато, Қазоқистон
Ниҳолшинонии раиси вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон дарахтони аз Белгияву Испания овардашуда шинонда шуданд

115
(Таҷдидшуда 13:10 23.11.2020)
Дар вилояти Хатлон шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар майдони "70-солагии водии Вахш" дар шаҳри Бохтар бо ширкати раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода беш аз 100 адад дарахтони нодири ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Хатлон, рӯзи 21 ноябр дар саросари шаҳри Бохтар, аз ҷумла майдони "Ваҳдати миллӣ", атрофи осорхонаи "Бибихонум", майдони Маркази ҷавонон, боғи фароғатии ба номи Р. Мурчаев, хиёбони Ваҳдат, ҷамъан 620 бех ниҳолони камназири можевелник, дарахти ақоқиё (акатсия), магнолия, каталпа, арча, санавбар, сарв (кипарис), малуси сурх, сӯзанбарг шинонида шуданд.

Ин ниҳолон ва дарахтони чандсола аз ниҳолпарваришгоҳҳои ватанӣ ва кишварҳои урупоии Испания, Белгия, Италия, Сербия, Голландия харидорӣ гардидаанд.

Ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли 2020 оид ба таъсиси Ситод ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст.

Муроҷиати Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе 2,5 ҳазор ниҳол мешинонанд

Ин мавсим шинонидани 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулҳо дар майдони "70-солагии водии Вахш", аз ҷумла то 100 ҳазор адад лолаи хушранг, вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур додааст.

Бо иштироки раиси вилоят дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти "Заргар" - и ноҳияи Кӯшониён низ маъракаи ниҳолшинонӣ барпо гардид. Дар ин мавзеъ сокинони маҳаллӣ беш аз 400 бех ниҳоли можевелник шинониданд.

Манбаъ афзуда, ки дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

115
Барчаспҳо:
раис, ниҳолшинонӣ, Хатлон
День 23 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

102
(Таҷдидшуда 12:45 23.11.2020)
Рӯзи бисту сеюми ноябр дар Қазоқистон – Рӯзи пулиси роҳ, дар Ҷопон – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат таҷлил мешавад

Рӯзи 23 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1877 Амрико ба Канада барои ҳуқуқи моҳигирӣ ва дарёгардии доимӣ дар дарёи Лаврентияи муқаддас 5,5 миллион доллар пардохт кард.

Рыба, архивное фото
© CC0 / Pixabay
Рыба, архивное фото

Соли 1923 Ҳизби коммунистии Германия баста шуд.   

Соли 1939 дар Германия  барои фурӯши хӯроки ҳайвоноти хонагӣ меъёр ҷорӣ гардид.

Выставка кошек, архивное фото
© Sputnik / Наталья Селиверстова
Выставка кошек, архивное фото

Соли 1980 дар натиҷаи заминларза дар Италияи Ҷанубӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1981 дар Чин ба тиҷорати хусусӣ иҷозат дода шуд.

Рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин намоиши байналмилалии саноати хӯроквории "Inter Food Tajikistan — 2006" баргузор гардид.

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"-ро имзо кард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

Соли 2016 Федератсияи Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани намояндагии муштараки хадамоти гумрук тасдиқ намуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гаштанд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр

  • Дар Қазоқистон- Рӯзи полиси роҳ.
  • Дар Япония – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат.

Рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1918-1995 – доктори илмҳои тиб, профессор Яъқуб Тоҷиев.

Соли 1924 – мунаққиди адабиёт, олими адабиётшинос  Соҳиб Табаров.

Соли 1970 – хабарнигор Пайрав Чоршанбиев.

102
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷаҳон, ҷашн
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон