Харобиҳо дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Дар Афғонистон як духтари 19-соларо то дами марг сангсор карданд

157
Фармондеҳи пулиси Ғур таъкид кардааст, ки ҳоло тафтишоти ин қазия шуруъ шуда, дастандаркорон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар Афғонистон як духтари 19-сола барои фирор бо дӯстписараш то дами марг сангсор шудааст, хабар медиҳад телевизиони Tolonews.
Навори видеоӣ ва аксҳои ин ҳодиса ҳоло сархати саҳифаҳои гуногуни интернетӣ қарор гирифтааст.

"Рухшона 19 сол дошта, дар аввал маҷбурӣ ба никоҳи пирамарде медарояд. Аммо бо як писари дигар аз хона мегурезад, ки дар ними роҳ аз сӯи ҷангиёни Толибон боздошт мешавад ва онҷо сангсорро карда мешавад", — гуфтааст фармондеҳи пулиси вилояти Ғур генерал Мустафо Муҳсинӣ.

Фармондеҳи пулиси Ғур таъкид кардааст, ки ҳоло тафтишоти ин қазия шуруъ шуда, дастандаркорон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.

Тавре дар аксҳо дида мешавад, ҷангиёни Толибон сокинони русторо ҷамъ карда, аввалин сангро дар пешонии Рухшона яке аз фармондеҳони ин ҷунбиши террористӣ мезанад ва аз дигарон ҳам даъват мекунад, ки кори ӯро идома диҳанд.

Ин шабакаи телевизионии Афғонистон илова намудааст, ки додгоҳи саҳроии Толибон дӯстписари Рухшонаро дар доштани робитаи номашруъ ва фирор додани духтари бегона муттаҳам карда, дастур додааст, ӯро ҳам дра зада шавад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар дар Афғонистон ин ҳодисаро шадидан маҳкум карда, онро "ғайри қобили қабул ва нобахшиданӣ" унвон карданд.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки дар Афғонистон як зан ё духтар миёни тӯдаи мардум кушта мешавад.

Дар остонаи таҷлил аз Наврӯз дар Кобул дар рӯзи равшан издиҳоми мардони хашин зани 27 сола, ки номаш Фархунда аст, то маргаш латукӯб карда ва сипас ҷасади ӯро оташ заданд. Дертар дар шабакаҳои интернетӣ наворӣ латукӯби зан пахш шуд, ки ӯро дар сӯзонидани Қуръон муттаҳам карда буданд.

Аммо дертар расонаҳои Афғонистон ба истинод ба ниҳодҳои интизомӣ хабар доданд, ки тибқи таҳқиқот зани ҷавон бегуноҳ буд ва куллияи иттиҳомот алайҳаш бепоя буданд.

 

 

157
Барчаспҳо:
Фархунда, Ғур, сангсор, Рухшона, вилоят, боздошт, Толибон, додгоҳ, Афғонистон, Толибон, Мустафо Муҳсинӣ, Рухшона, Фархунда, Ғур, Афғонистон