Асомиддин Атоев (аз чап) ва Нуриддин Қаршибоев дар ҷаласаи САҲА дар Варшава 21 сентябри 2015

Атоев: танзими нодурусти технологияҳои иттилоотӣ мушкилӣ дар пай дорад

20
(Таҷдидшуда 11:02 18.11.2015)
Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба “Телекоммуникатсия, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС” ҷараён дорад.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Танзими технологияҳои рақамии иттилоотӣ- телекоммуникатсионӣ бо истифода аз методҳои аналогӣ мушкилиҳои зиёдро ба бор хоҳад овард, гуфт намояндаи Ассотсиатсияи дастраскунандагони интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ Асомиддин Атоев дар суҳбат бо Sputnik.

Ба назари ҳамсуҳбати мо, ҳоло дар самти телекоммуникатсия мушкилиҳои гуногун вуҷуд дорад, ки муттаҳид кардани ҳамаи он ҳам имрӯз имконпазир аст.

"Ҷамъияти мо имрӯз ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид гардидааст ва пӯшида нест, ки технологияҳои рақамии иттилоотӣ- телекоммуникатсионӣ дар ҳама ҷо мавҷуданд, арзи ҳастӣ доранд. Дар ҳамин ҳолат танзим намудани онҳо, бо истифода аз методҳои аналогӣ, мушкилиҳои зиёдро ба бор меорад ва имкон намедиҳад то ба дараҷаи кофӣ ин бартариҳо ба манфиати Тоҷикистон истифода шаванд", — афзуд ҷаноби Атоев.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба "Телекоммуникатсия, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС" ҷараён дорад. Ин конфронс аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.

Асомиддин Атоев мегӯяд, ҳадаф аз ин ҳамоиш тавассути мубоҳисаҳои коршиносон интихоб ва танзим намудани ин соҳа мебошад.

"Пажӯҳиш тавсияҳоро ба ҳукумати ҶТ барои андешидани чораҳои зарурӣ додааст, то мо дар ҳамин соҳа мутобиқ гардем. Бояд зикр намуд, ки худи ҳамин пажӯҳиш яке аз қадамҳои барномаҳои мутобиқ кардани иқтисоди Тоҷикистон ба шароити СҶС мебошад, ки бо қарори ҳукумат аз 30 октябри соли 2014 қабул гаштааст",- илова кард ӯ.

20
Барчаспҳо:
савдо, Асомиддин, Атоев, ассотсиатсия, телекоммуникатсионӣ, рақамӣ, рушд, иттилоотӣ, технология, вазорат, иқтисод, Тоҷикистон, Душанбе, Ассотсиатсияи дастраскунандагони интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, САҲА, Асомиддин Атоев, Душанбе, Тоҷикистон