Нахуствазири Туркия Аҳмад Довуд-оғлу

Даъвати нахуствазири Туркия барои азсаргирии ҳамкории низомӣ бо Русия

23
(Таҷдидшуда 14:55 01.12.2015)
Ҳафтаи гузашта баъди суқути ҳавопаймои низомии Русия дар Сурия Вазороти дифоъи Русия ва Неруҳои мусаллаҳи Туркия ҳамкории муштаракашонро тариқи “хатти доимоамалкунанда” қатъ карданд.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Нахуствазири Туркия Аҳмад Довуд-оғлу даъват кардааст, ки иртиботу ҳамкории низомии Анқара ва Маскав барои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси монанд ба ҷангандаи Су-24-и ФР аз сар гирифта шавад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

Нирӯҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймои Русияро рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар ҳарими ҳавоии Сурия суқут доданд. Ду узви экипажи ҳавопаймои СУ-24 тавассути парашют худро аз ҳавопаймои суқуткарда берун андохтанд, вале ҳангоми фуромадан ба оташи чирикиҳои Сурия дучор шуданд.

Бар асари ин қумандони ҳавопаймо Олег Пешков кушта шуд, вале штурмани ҳавопайморо бо анҷоми як амалиёти нирӯҳои вижаи артиши Русия, ки дар ҷараёни он як сарбози қарордодии рус кушта шуд, берун оварданд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан суқути ҳавопайморо "ханҷар аз пушт" номид ва ахиран алайҳи Туркия як силсила таҳримоти иқтисодиву сиёсӣ ҷорӣ кард. Таҳримоти Русия алайҳи Туркия, аз ҷумла манъи воридоти маҳсулоти кишоварзии Туркия ба Русияро дар бар мегирад.

Кулли матолиби марбут ба суқути Су-24-и Русия ва танишҳо дар муносиботи Маскаву Анқараро аз ин ҷо дарёфт карда метавонед>>

23
Барчаспҳо:
чолишҳои Анқара ва Маскав, садамаи ҷангандаи ФР, танишҳо дар муносиботи Туркия ва Русия, суқути Су-24 дар Сурия, ҷанг дар Сурия, нахуствазири Туркия, президенти Русия, Аҳмад Довуд-оғлу, Владимир Путин, Анқара, Туркия, Сурия, Маскав
Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)