Абдуҳалим Ғаффоров, вакили МН ва раиси ҲСТ

Ғаффоров: кодекси меҳнат ба шароити муосир мувофиқ карда шудааст

173
(Таҷдидшуда 20:49 11.02.2016)
Моҳи июли соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагон Кодекси нави меҳнати Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта буд, ки ахирҳои моҳи декабр ба Маҷлиси миллӣ супорида мешавад.

Кодекси меҳнати Тоҷикистон бори охир 15-уми майи соли 1997 қабул шуда буд, ҳоло бошад пас аз баррасӣ ва муҳокимаву пешниҳодҳо пешнависи тозаи он омодаи ироа ба парлумон аст.

Хабарнигори Sputnik дар робита ба ин бо вакили Маҷлиси намояндагон, ҳамзамон раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳаллим Ғаффоров суҳбате анҷом дод.

-Кодекси меҳнати қаблӣ аз ин тарҳи нав чӣ тафовуте дорад?

Вақте ки соли 1997 Кодекси меҳнат қабул шуда буд, он ҳамагӣ аз 18 боб ва 228 модда иборат буд. Кодекси нави меҳнат имрӯз мавриди омӯзиш қарор дорад ва барои муҳокима ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ин санад аз 41 боб ва 366 модда иборат аст.

Баробари қабул кардани Кодекси нави меҳнат ду қонуни Тоҷикистон —қонун "Дар бораи ҳифзи меҳнат", ки соли 2009 ва қонун "Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва колективҳои меҳнатӣ", ки соли 2006 қабул шуда буданд, аз байн мераванд.

Яъне, шартномаҳои коллективӣ ин хусусияти худро аз байн мебарад, зеро чунин иловаҳо дар Кодекси нави меҳнат ворид шудаанд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз дар назди Кодекси нави меҳнат истодааст атестатсиякунонии мутахассисони оянда мебошад.

- Аммо ин чиз дар кодекси қаблӣ ҳам вуҷуд дорад…

— Албатта, ин чиз дар кодекси пешина буд, аммо имрӯз ба шакли мукамалтар мешавад. Баъд аз қабули кодекси нав мутахассисон дар шакли озмун ба кор ҷалб мешаванд. Ҷавононе, ки забонҳои хориҷиро медонад, дар навбати аввал ба кор қабул мешаванд.

- Кодекси нави меҳнат чи имтиёзҳоро барои коргар пешбинӣ мекунад?

— Кодекси пештараи меҳнат пешбинӣ мекард, ки кормандони муассисаҳои зарарнок бояд аз ҷониби корфармо бо шарту шароити имрӯзаи бозори ҷаҳонӣ таъмин шаванд. Шахсоне, ки дар ин ё он муассиса кор мекунанд, пурра аз шароити меҳнат ва ҳуқуқҳои худ бархӯрдор бошанд. Барои ҳамин дар Кодекси нави меҳнат корфармо вазифадор аст, ки мувофиқи қонунҳои меҳнат ба саломатии коргарон таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳад. Яъне, ба коргароне, ки дар шароити мушкилтару зараровар кор мекунанд, маҳсулоти ширӣ ва хурокҳои дигари лозима ройгон дода шавад.

Тибқи Кодекси нави меҳнати Тоҷикистон, ки феълан мавриди омӯзиш қарор дорад, бояд аз ҳисоби кормандон, корфармо ва иттифоқи касаба комисияи махсус ташкил шавад.

-Ин Комиссияи махсус бо мақсади чӣ ташкил мешавад?

— Барои ҳамаи чорабиниҳое, ки дар корхонаҳо баргузор мешаванд. Барои омӯзиши курсҳои такмили ихтисос ва инчунин фиристодани кормандон барои такмили ихтисос ба кишварҳои хориҷӣ. Дар ҳолати сар задани садамаҳои гуногун дар корхона аз тарафи корфармо тамоми маблағҳое, ки барои корманди ҷабрдида пешбини шудааст, таъмин карда шавад.

Ин чизҳо дар кодекси пешинаи меҳнат буд, аммо дар кодекси нав васеътар карда шуд. Яъне, корфарморо вазифадор кард, ки дар ҳолати вайрон кардани принсипҳои боло корманд ҳуқуқ дорад аз болои шахси корфармо даъво ва ё шикоят кунад. Дар баробари шикоят кардан талаботи худро қабул кунад. Кодекси пешинаи меҳнат ин нуқтаҳоро дар шароити Иттиҳоди Шуравӣ пешбинӣ мекард, аммо дар Кодекси нав бо шароитҳои имрӯзаи ҷумҳурӣ мувофиқ мешаванд.

Муҳимтарин масъала ин вазифаи асосии Иттифоқи касаба аст, ки дар Кодекси нави меҳнат пешбинӣ шудааст. Ин ниҳод бояд муҳимтарин ёрдамчии кормандон бошад. Дар ҳама ҳолатҳо кӯмак карда тавонад.

Имрӯз шахсоне, ки собиқаи кории профсоюзӣ доранд ва дар беморхона 8 рӯз муолиҷа мекунанд, варақаи коршоямии онҳо 70% таъмин карда мешавад. Агар аз 8 рӯз зиёдтар бошад ин рақам ба 80 фоиз мерасад. Барои он ки ҳар як корманд аз ҳисоби маоши худаш ба Иттифоқи касаба 1 фоиз маблағ месупорад. Он маблағи ӯ аст. Барои ҳамин вазоратҳое, ки инро 20 фоиз кам кардаанд, ҳуқуқи маънавӣ надоранд. Аз ҳамин нуқтаи назар шахсоне, ки дар чунин ҳолат қарор доранд, аз ин маблағ бояд истифода кунанд. Шахсоне, ки зиёда аз 10 сол собиқаи корӣ доранд, ҳангоми бемор шудан бояд маошашон аз тарафи корфармо 100 фоиз пардохт шавад. Мо пешниҳод кардем, ки ҳамин чиз дар Кодекси нав пешбинӣ шавад.

- Хуб, метавонед иловаеро номбар кунед, ки дар кодекси пешин ба назар намерасид?

— Албатта, масъала дигари Кодекси нави меҳнат таъмини ғизо барои кормандон аст. Яъне, кормандон бояд дар ошхонаи корхонаҳо бо нархи арзон аз ғизо таъмин шаванд.

Инчунин, дар кодекси нав пешниҳод кардем, ки донишҷӯёни шартномавӣ низ мисли донишҷӯёни буҷавӣ пас аз хатми донишгоҳ бо кор таъмин шаванд. Барои риояи адолтаи иҷтимоӣ онҳо низ бояд ба таври имкон бо кор таъмин шаванд. Илова бар ин таҳсилдидаҳои мактабҳои олии хориҷӣ низ соҳиби ҷои кор шаванд. Бисёр ҳолатҳое ҳаст, ки ба духтарон квота дода мешавад. Таври мисол, духтар аз Панҷакент аст, аммо дар Душанбе шавҳар мекунад. Инро ба назар гирифтан даркор аст. Духтар ба куҷое нарафта бошад бо кор таъмин шавад.

Кодекси меҳнат ин ҳаёти ҳаррӯзаи мову шумо аст. Тақдири ҳар як шахсе, ки бевосита ба ин ё он муассиса ба кор медарояд аз он вобаста аст. Корфармо бояд ҳуқуқҳои ҳар як коргарро пурра ва ҳаматарафа дифоъ кунад. Аз имкониятҳо ва беҳдоште, ки барои ҳаёти иҷтимоии ҳам коргар ва ҳам корфармо равона шудааст истифода бурда тавонад. Баробари ин кормандон, низ аз ҳуқуқҳои худ бархурдор бошанд. Ин Кодекси меҳнат бояд китоби рӯи мизии ҳар як коргар ва корфармо бошад.

173
Барчаспҳо:
курсҳо, корфармо, Кодекси нави меҳнат, комиссия, имтиёз, қабул, омӯзиш, парлумон, парлумони Тоҷикистон, Абдуҳаллим Ғаффоров, Душанбе, Тоҷикистон