Ғулом Назаров, маъюби Душанбе, ки бо аробача роҳ меравад. Акс аз бойгонӣ

Суғд: дар Хуҷанд барои маъюбон аробача месозанд

21
(Таҷдидшуда 09:26 04.12.2015)
Иқдоми мазкур як тасмими хубест барои маъюбону шахсони имконияташон маҳдуд дар рӯзи байналхалқии маъюбон, ки ҳамасола дар аввали моҳи декабр таҷлил мегардад.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар соли бунёди коргоҳи истеҳсоли аробачаҳои маъюбӣ дар назар аст, мегӯянд масъули раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати минтақа.

Бо назардошти талаботи зиёди шахсони ба ҳаракати мустақил ниёздошта ва маълулон, инчунин ашхоси ба дасту пойи сунъӣ ниёздошта ин тасмим аз сар гирифта шудааст.

Дар моҳи апрели соли оянда бо ибтикори ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон ва бахши вилоятии он ва бо ҳамдастии мақомоти вилояти Суғду маблағгузории ширкати чинӣ дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи протезӣ-артопедӣ ва аробачаҳои маъюбӣ бунёд  хоҳад шуд.

Ин корхона ба ғайр аз сохтани аробачаҳои маъюбӣ, ба таъмиру фурӯши кисмҳои эҳтиётии он ва сохтану васл кардани дасту пойи сунъӣ низ машғул хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 80 нафар барои шинонидани дасту пойи сунъӣ эҳтиёҷ дошта, теъдоди маъюбон дар маҷмӯъ ба 56 ҳазор нафар мерасанд. Аз ин шумора, 15 500 нафараш маъюби гурӯҳи 1 ва 3 ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба чунин шахсони имконияташон маҳдуд беш аз 100 аробача такдим мешавад.

21
Барчаспҳо:
дасту пойи сунъӣ, маълулон, бо маблағгузории Чин, коргоҳи протезӣ-артопедӣ, корхона барои аробачасозӣ, ҳукумати вилояти Суғд, Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон, Суғд, Хуҷанд
Мавзуъ
Зиндагии маъюбони пойтахт: аз монеаҳо то боварӣ ба ояндаи хуб