Бибии Валя аз гузаргоҳи зеризаминӣ

Чеҳраҳои шаҳри мо: бибии Валя аз гузаргоҳи зеризаминӣ

24
(Таҷдидшуда 17:47 11.02.2016)
Тақрибан дар ҳама шаҳрҳои бузургтарини дунё метавон бо мусиқинавоз ё сарояндаҳои кучагие вохурд, ки бо истеъдоду маҳорати хеш ба таври хеле одию содда ризқу рӯзияшонро пайдо мекунанд. Яке аз сурудҳои Бах месарояду дигарӣ бо овози Шарл Азнавур зам-зама мекунад. Душанбеи мо ҳам бо вуҷуди кучак буданаш аз чунин одамон холӣ нест.

Аммо мусиқинавозони кучагии Душанбе аз ҳамтоёни дигари худ фарқ доранд. Онҳо ҳамзамон тавони овардани гузаштаро ба ёди роҳгузарон доранд. Бибии Валя, ки бештар дар гузаргоҳи назди Фурӯшгоҳии марказии пойтахт ё ба истилоҳ "Сум" мешинад, аз зумраи онҳост.

Ӯ бештар сурудҳоеро зам-зама мекунад, ки дар филмҳои даврони шӯравӣ ё аз сӯи ҳунармандони мардумии ин давра суруда шудааст.

Қаҳрамони мо шояд ягона зане дар кишвар бошад, ки касби мусиқинавозиро пеша карда, бо ин роҳ хароҷоти зиндагии худро пайдо мекунад. Дар гузаргоҳи зеризаминӣ аслан мардонеро метавон вохурд, ки ё дутор менавозанд ё сурудҳои нотакрори Одина Ҳошим ва Зафар Нозимро зам-зама мекунанд.

— Тайи 13 соли ахир ӯ барои роҳгузарон доира мезанаду дутор менавозад.

— Вақте ман ин корро шуруъ кардам, аз онҳо дараке набуд, — гуфт бибии Валя бо оҳанги ҳарифомезу ишора кард ба ҷониби пирамарди пойинтар нишаста.

Бо ин ҳол наметавон гуфт, ки пирамарди нишондодаи ӯ рақибаш асту  "муштариён"-и ӯро ба худ ҷалб мекунад. Зеро ин "ҳариф"-и ӯ на бо асбоби мусиқӣ навохта метавонаду на ҳадди аққал дасташро ҷониби роҳгузарон "Кӯмак кунед!" гуфта дароз мекунад. Вай танҳо кунҷе нишастаасту тоқиеро барои партофтани пулу танга наздаш гузоштааст.

Албатта, ҳар яке аз инҳоро зиндагӣ маҷбур кардааст, то ин касбро пеша кунанд ва бибии Валя ҳам ҳар субҳ бидуни таъхир ба ҷои кораш ҳозир мешавад. Зеро ягона манбаъи даромадаш ин ҷосту аз каси дигаре ҳам чизе таваққӯъ надорад.

— Чанд писар дорам, аммо ҳама дунболи зиндагии худанд. Ман бошам ҳоло аз паси худам бармеоям. Боз нафақапулӣ ҳам мегирам. Ҳарчанд ночиз аст, вале барои зинда мондан мерасад. Дигар ин ки ин ҷо на танҳо барои дарёфти як бурда нон меояму менавозаму месароям, балки барои таскини дили худ ҳам ин корро мекунам, мегӯяд ин пиразани 73-сола.

Ӯ барои таскини дили худ солҳо инҷониб, аз даврони ҳузураш дар яке аз боғчаҳои кӯдаконаи Регар (шаҳри Турсунзодаи ҳозира) месарояд. Онҷо дар долон радиое буда, ки ба Валентинаи хурдакак сурудҳои ҳунармандони маъруфу машҳури вақтро мехондааст.

— Он вақт ман аввалин бор бо кори оҳангсозони машҳуру барҷаста он ҷо ошно шудам. Ту боре "Полонез Огинский"-ро шунидаӣ?— пурсид бибии Валя, ки мехост маро имтиҳон кунад.

Ман медонистам, ки онро соли 1974 Михаил Огинский навиштааст. Аммо ба бибии Валя, ки нороҳат ҳам шуд, гуфтам, не, имкон нашуд.

Ӯ дар ҷояш истода талош кард, порчаеро бо овози гирифтаву хастааш зам-зама кунад ва маъқул ҳам шуд.

— Хуб, тамом! Акнун бирав, тавре мегӯянд, вақт ғанимат асту бояд пул кор кард, — гуфт бибии Валияву бо дасташ ишора кард.

© Sputnik /
Пиразани рус сурудҳои фолклорӣ мехонад, то қути лоямут ёбад
24
Барчаспҳо:
дитор, оҳангсоз, пирамард, пиразан, зиндагӣ, кучагӣ, мусиқинавоз, суруд, вақт, пул, Михаил Огинский, Бибии Валя, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Душанбе, Тоҷикистон