Аз баҳси "ов"-у "ев", насаби тоҷикӣ ва ҳуввияти миллӣ то шаҳрвандии ФР

312
(Таҷдидшуда 20:50 11.02.2016)
Тайи ду соли охир дар Тоҷикистон маъракаи нави табдили номи хонаводагии шаҳрвандон афзоиш ёфтааст, ҳатто дар бархе ҳолот барои анҷоми ин амал ашхоси алоҳида чандин соат назди идораҳои САҲШ навбат мепоянд.

Масъулини Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, маъракаи ивазкунии ному насаб аз шакли русӣ ба тоҷикӣ миёни сокинони кишвар торафт "гармтар" мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон се намуди ному насабгузорӣ роиҷ буда, бо хоҳиши шаҳрвандон гузошта мешавад. Таври мисол, исмҳои хонаводагии дутаркиба, сетаркиба, ки бо пасвандҳои тоҷиконаи "зод", "зода", "ён", "иён", "пур", "духт" "и" ва пасвандҳои "ов", "ев" ва "вич"-и русӣ гузошта мешаванд.

Ёвари сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҷӯрахон Ғозиев дар суҳбат бо Sputnik гуфт, тайи 11 моҳи соли равон 6255 нафар пасвандҳои "ов", "ев" ва "вич"-и насабҳои худро бо пасвандҳои тоҷикии "зод", "зода", "ён", "иён", "пур", "духт" ва "и" табдил кардаанд.

"Ҳарчанд ҳолатҳои тағйири ному насаб ба ин шакл дар солҳои пеш ба назар мерасид, вале асосан аз солҳои 2013 ба ин сӯ шиддат гирифта, танҳо тайи соли 2014 ҳудуди 2256 шаҳрвандони Тоҷикистон номҳои худро тоҷикона кардаанд",- афзуд ӯ.

Насабҳои тоҷикӣ ва иштибоҳ дар санадҳои расмӣ

Даст кашидан аз пасвандҳои "ов", "ев" ва "вич"-и русӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ибтидои солҳои 90-ум замоне оғоз гардид, ки дар кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ" тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Яъне, баъд аз ин тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон барои мувофиқи анъанаҳои миллии худ ном гузоштану навиштани насаби хеш ҳуқуқ пайдо карданд.

"Вақте номивазкунӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромад, бештари шаҳрвандон ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба фарзандонашон ному насаби тоҷикона интихоб мекарданд. Дар бештари сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар сархати аввали бланкҳо ном ва дар дуюмаш насаби онҳоро навишта буданд, ки ин дар дигар давлатҳо хато ҳисоб мешавад",- қайд кард оқои Ғозиев.

Зимнан, дар солҳои 2010-2014 як мушкилот дар санадгузории муҳоҷирони корӣ пайдо шуд. Он ба номи тоҷиконае, ки ҳанӯз дар солҳои 1990 гирифта буданду ҳамон шаҳодатномаҳое, ки ному насабашон пасопеш навишта шуда буд боиси эҷоди проблема гардид. Шаҳрвандони кишвар аз хориҷ баргашта, боз аз сари нав ба насабашон пасванди русии "ов"-у "ев" часпониданд.

"Хеле зиёд ҳамватанонамон насабашонро ислоҳ карданд, бархеи дигар фақат дар сархати аввал насаб ва дар сархати дуюм номро гузоштанд. Садҳо ҳазор насабҳо ба ҳамин тариқ иваз шуд"- гуфт Ғозиев Ҷурахон.

Аз Шарифов то Шарифзода: се қадами Қироншоҳ

Устоди ДМТ Қироншоҳ Шарифзода аз зумраи онҳое мебошад, ки се дафъа насабашро иваз кардааст. Ӯ мегӯяд, мутаваллиди соли 1958 аст ва то соли 1991 дар исми хонаводагиаш пасванди русии "ов"  дошта, дар санадҳои расмӣ Шарифов Қироншоҳ навишта шуда буд. Дар соли 1992 насабашро ба Қироншоҳи Шарифзода иваз кардааст, аммо аснои баромадан аз қаламрави Тоҷикистон ба мушкил мувоҷеҳ гардид, яъне дар хати (графа)-и шиносномааш ба ҷои насаб ном ва ба ҷои ном насабашро навишта буданд.

"Маҷбур шудам соли 2005 насабамро ба Шарифзода Қироншоҳ табдил намоям. Зеро бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ насаб бояд дар хати аввал бошад, баъд дар қатори дуввум исми шаҳрванд. Ҳоло ба куҷое сафар накунам, ягон мушкиле пеш намеояд",- ҷамъбаст кард Шарифзода.

Оқои Ғозиев мегӯяд, солҳои охир ҳолатҳоеро низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки шаҳрвандон аз пасвандҳои "ов" ва "ев" ба таври ихтиёрӣ даст кашида, насабашонро тоҷикӣ карданд. Аммо бо гузашти муддати кутоҳ ва мувоҷеҳ шудан бо мушкилот дар хориҷ аз кишвар ба ватан баргашта, дубора пасвандҳои "ов"-у "ев"-ро дар насабашон барқарор намуданд.

"Аммо чунин нафарон ангуштшумор буда, шумораи дақиқи онҳоро дар даст надорем. Ҳарчанд ин ҳолатҳо истисно нестанд",- қайд мекунад Ғозиев.

Пасванди "ов" барои гирифтани шаҳрвандии Русия

Зуҳро Раҳимова, ки дар аввал насабаш пасванди "ов"-и русӣ дошт, дар соли 2006 бо хоҳиши худ ба насаби дутаркибаи тоҷикӣ гузашта, ба худ исми Раҳимзода Зуҳроро гирифтааст. Вақте хостори гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русия гардид, маҷбур шуд дубора шакли русии насабашро барқарор кунад.

"Соли 2014 тибқи барномаи "Кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанон ба Русия" барои гирифтани шаҳрвандии ин кишвар маҷбур шудам дубора ба пасванди "ов"-и русӣ баргардам. Чун ному насаби тамоми хонаводаамон бо пасванди русӣ буд, ба ман пешниҳод карданд, ки ман низ иваз намоям, дар сурати иваз накардан, ман аъзои оилаамон ҳисоб намешудам, зеро насаби ҳамаи онҳо дигар асту аз ман дигар",-нақл мекунад Раҳимова.

Ёвари сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия мегӯяд, сабаби аслии баргаштан ба пасвандҳои "ов", "ев" ва "вич"-и русӣ миёнии шаҳрвандон, ин баромадани онҳо берун аз кишвар, аниқтараш ба ФР мебошад, ки солҳои охир шарҳрвандони тоҷик бо кормандони пулис ба мушкил дучор шуданд.

"Бештари шаҳвандон аз сабабе, ки дар Русия бо мақомоти пулиси рус мушкил пайдо накунанд боз ба насаби русӣ баргаштанд",- меафзояд ӯ.

Ҳуввияту ифтихори миллӣ аз дидгоҳи Ғозиев

Ҷаноби Ғозиев иброз дошт, ки тайи ду соли охир дар мақомоти давлатии Тоҷикистон бештари кормандон ному насабашонро тоҷикӣ карда истодаанд, ки сабабаш ин бедоршавии ҳуввияти миллӣ, эътироф кардани расму анъанаҳои миллӣ мебошад.

"Мо қонуни мушахасе дар бораи ҳатман ба тоҷикӣ номгузорӣ кардани шаҳвандон надорем. Аммо аз рӯи ифтихори миллату давлатдорӣ ба мақсади арҷ гузоштан ба миллати худ кӯшиш дорем, ки шаҳрвандон ному насаби тоҷикӣ гиранд. Модоме, ки тамоми коргузории мо ба забони тоҷикӣ аст, бояд номгузорӣ ҳам ба забони тоҷикӣ сурат гирад",- гуфт вай.

Табдили ному насаби мансабдорони тоҷик замоне ба ҳукми анъана ва ё ба истилоҳ "мӯд" гардид, ки соли 2007 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон (то он вақт Раҳмонов Эмомалӣ- шарҳ аз идора) аз пасванди русии "ов" дар насабаш даст кашид.

Ҳамин тавр, ҳоло дар ҳукумати Тоҷикистон бахши аъзами вазирону раисони кумитаҳо, инчунин кормандони дигар идорот исми худро тоҷикӣ кардаанд. Аз ҷумла, собиқ муовини сарвазир, ҳоло раис ҶСШК "Агроинвестбонк" Муродалӣ Алимардон ҳанӯз 7 сол пеш, ба дунболи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пасванди "ов"-ро аз исми хонаводагиаш ҳазф кард. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот низ вақте ба ин мақом расид, аллакай Гавҳар Шарофзода буд.

Дар соли 2014 чанд вазири тоҷик хабар доданд, ки исми хонаводагии худро иваз кардаанд, Вазири тандурустии Тоҷикистон Салимов Нусратулло Файзуллоевич ҳоло Нусратулло Файзулло, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон на Қосим Раҳбарович Қосимов, балки Қосими Раҳбар, раиси феълии Хадамоти гумрук (қаблан сардори Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди молӣ) аз Фаттоҳ Ғоибович Саидов ба Абдулфаттоҳи Ғоиб гузашт.

Инчунин, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Худоёров Бахтиёр Таварович низ дар соли гузашта номашро ба Худоёрзода Бахтиёр Тавар иваз кардааст.

Салимзода дубора ба мавзӯъ баргашт. Соли 2014

Масъалаи бозгашт ба номгузории тоҷикӣ бори дигар дар моҳи январи соли 2014, баъди нашри як мақолаи додситони кулли Шерхон Салимзода (ҳоло раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон) дар расонаҳои расмӣ ба миён омад. Оқои Салимзода дар ин матлаб аз он изҳори ташвиш карда буд, ки бисёре аз шаҳрвандони тоҷик дубора ба исмҳои хонаводагӣ бо пасвандҳои русии "ов"-у "ев" ва "вич" бармегарданд. Дар маҳофил мегӯянд, бештар онҳое ба баргардондани пасвандҳои русӣ бартарӣ медиҳанд, ки барои муҳоҷират ба Русия мераванд ва бо номҳои тоҷикӣ дар онҷо дучори мушкил ва ҳатто тамасхур қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрахон Ғозиев иброз медорад, ки аз рӯи таърихи гузаштагони тоҷик, ки ҳазорсолаҳо бо номи тоҷикона омаданду дар асри 20 тибқи тартибу қоидаҳои шӯравӣ ба пасвандҳои русӣ гузаштанд, як амри табиӣ буд. Ба гуфти вай ҳоло вазъу шароит аз замони СССР (ИҶШС) ба куллӣ тафовут дорад.

"Имрӯз, ки давлати мо як давлати озод ва соҳибистиқлол аст, бояд, ки ҳуқуқҳои миллӣ ҳатто дар самти номгузорӣ ҳам ҳимоя карда шавад. Пеш аз замони Шӯравӣ тамоми шоирону нависандагони мо номҳои тоҷикона доштанд. Таври мисол, Абӯабдулоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ, Абӯали ибни Сино, Саъдӣ Шерозӣ, Садриддин Сайидмуродхоҷа Айни, Мирзо Турсунзода ва ғайра",- илова кард ӯ.

Ба назари ҳуқуқшиносон ва коршиносони соҳа ҳарчанд анъанаи насабгузории тоҷикӣ дар Тоҷикистон роиҷ аст, аммо он ҳанӯз ихтиёрӣ мебошад ва шаҳрвандон дар қабули ному насаб озод мебошанд.

312
Барчаспҳо:
насаби русӣ, иваз, насаб, мушкил, миллӣ, ном, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон, Ғозиев Ҷурахон, Нусратулло Файзулло, Шарифзода Қироншоҳ, Раҳимова Зуҳро, Шерхон Салимзода, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Русия
День 15 июля

Ҷашнҳои рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

13
(Таҷдидшуда 20:05 14.07.2020)
Рӯзи понздаҳуми июл Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон буда, дар Ботсвана – Рӯзи президент ва дар Бруней  – Рӯзи султон мебошад

Рӯзи 15 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи 1000-солаи Ҷопон вулқони Бандай фаввора зад.

День 14 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1922 Ҳизби коммунистии Ҷопон таъсис дода шуд.

Соли 1923 Парлумони Италия Конститутсияи нав қабул кард.

Соли 1933 аввалин маротиба яккапарвозӣ бо ҳавопаймо дар гирди кураи Замин оғоз гардид.

Соли 1965 Конгресси ИМА қонунеро қабул намуд, ки талаб мекард дар қуттиҳои сигор ба саломатӣ зиён доштани он навишта шавад.

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Миср дар маросими муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо тарҷума ба забони арабӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар Миср зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Филиппин хонум Глория Макапагал Арройо масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ва  муовини ёвари Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Майкл Макфол масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мавзеи бунёди ин иншоот ба шаҳри Роғун сафар карда, дар он ҷо аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он қариб 40 масъала баррасӣ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 июл

  • Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.
  • Дар Ботсвана – Рӯзи президент.
  • Дар Бруней  – Рӯзи султон.

Рӯзи 15 июл кӣ ба дунё омадааст

1606 — Рембрандт Харменс ван Рейн (соли даргузашт 1669), яке аз рассомони машҳури ҳолландӣ.

1870 — Леонид Красин (соли даргузашт1926), револютсионери русиягӣ, корманди ҳизбӣ.

1905 — Александр Хвиля (фавт 1976), ҳунарманди русиягӣ ва украинӣ, ҳунарманди халқии ИҶШС.

1939 - Алӣ Ҳоманаӣ, сиёсатшиноси эронӣ, президенти Эрон (1981—1989), раҳбари давлат  (аз соли 1989).

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1922 – ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина.

1941 – журналист Нур Табаров.

1948 – журналист Саидқул Шопалангзода.

1953 – журналист ва нависанда Раҳмон Остон.

1954 – нависанда  Баҳманёр.

Рӯзи 15 июл кӣ даргузашт

1904 — Антон Чехов (соли таваллуд 1860), драматург ва нависандаи рус.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ даргузашт

1954 — Садриддин Айни (соли таваллуд 1878), шоир ва нависандаи тоҷик, асосгузори адабиёти муосири тоҷик.

13
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷашн, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сабзавоти вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ

Олимон сабзавотеро ном бурданд, ки коронавирусро нест мекунад

1685
(Таҷдидшуда 17:29 14.07.2020)
Олимони фаронсавӣ сабзавотеро ном бурданд, ки қодир аст коронавируси навъи COVID - 19 - ро нест кунад

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Монпеле дар Фаронса карамро аз маҳсулоте гуфтанд, ки метавонад коронавируси навъи COVID - 19 - ро нест кунад, хабар медиҳад нашриёти бритонии The Sun.

Бино ба гуфти коршиносон дар кишварҳое, ки карам дар ғизои рӯзмарра бештар истифода мешавад, сатҳи фавт аз коронавирус дар қиёс бо дигар мамолик камтар аст.

Аз ҷумла дар Олмон ва Куреи Ҷанубӣ сатҳи фавт аз коронавирус камтар ба қайд гирифта шудааст.

Намакоб аз сирояти коронавирус нигоҳ медорад?

Пажӯҳишгарон таъкид мекунанд, ки карам дар худ моддае дорад, ки монеъи хуруҷи коронавирус мешавад. Ҳамин тавр, дар дохили карам антиоксидантҳое мавҷуданд, ки баданро аз вирус муҳофизат мекунанд.

Пештар олимони юнонӣ доруи қадимиеро ном бурданд, ки метавонад инсонро аз коронавирус наҷот диҳад. Ин дору колхитсин мебошад, ки ҳанӯз чанд аср пеш чун доруи зидди илтиҳоб истифода мешуд.

1685
Барчаспҳо:
вируси нав, нест мешавад, олимон, Ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон