Қатори кӯмаки Туркманистон ба сокинони Бартанг вориди Душанбе шуд

© Sputnik / Андрей СтенинХалтаи орд
Халтаи орд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тобистони соли равон ҳам ҳукумати Қазоқистон барои сокинони зарардидаи водии Рашт ва Бадахшон аз офати табиӣ кӯмаки башардӯстона фиристода буд.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Қатори кӯмакҳои башардӯстонаи Туркманистон ба сокинони осебдидаи водии Бартанги Бадахшон имрӯз вориди қаламрави Тоҷикистон шуд.

Ин кӯмак иборат аз 1 тона маводи сӯхт, 134 тонна орд, 12 тонна равғани пахта ва 120 тонна арматур барои сохтмони манозили тахрибшудаи сокинони Бартанг мебошад.

Ин иқдом бо ташаббуси раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сурат гирифтааст.

Тобистони соли равон ҳам ҳукумати Қазоқистон барои сокинони зарардидаи водии Рашт ва Бадахшон аз офати табиӣ кӯмаки башардӯстона фиристода буд.

Ин кӯмаки Туркманистон ба сокинони Бартанг дар ҳолест, ки 7 декабр заминҷунбии шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯъи ин зилзила дар наздикии Мурғоб буда, шиддати он ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон тахриб шуда, 2 нафар ҳалок ва сенздаҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Водии Бартанг, ки дар натиҷаи заминларзаи ахир осеби зиёд дида буд, то чанд рӯзи қабл аз ҷаҳони берунӣ дар инзивоъ қарор дошт. Дар пайи зилзилаи шадиду рехтани сангпораҳои азим ягона роҳе, ки ин водиро ба маркази ноҳияи Рӯшон мепайвандад, хароб гардида, бар иловаи ин, роҳи ҳавоӣ ба водии мазкур бо далели номусоидии ҳаво масдуд шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0