Натоиҷи заминларза дар водии Бартанг

Кӯмаки ду ширкати олмонӣ ба зарардидаҳои Бартанг

84
(Таҷдидшуда 16:40 23.12.2015)
Бо тавсияи ҳамкорони ин ду ширкат дар Бадахшон ва сафорати Олмон дар Душанбе тасмим гирифта шудааст, ки ба сокинони зарардидаи Бартанг фиристода шавад.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ду созмони ғайридавлатии Олмон ба сокинони осебдидаи водии Бартанг кӯмак карданд.

Ба ин минтақаи зарардида аз заминларза либоси зимистона, ғизои кӯдакона ва маводи шустушӯӣ фиристода шудааст, дар ин бора сафорати Олмон дар Душанбе хабар медиҳад.

Созмони "Tajik Aid" соли 2009 аз ҷониби табиби олмонӣ Мартин Камп барои ҷарроҳии кӯдаконе, ки аз бемории лаби болоию ком раҷн мебаранд, таъсис дода шудааст.

Моҳи ноябри соли 2015 ҷаноби Камп тавассути як мошини боркаш аз Олмон ба Тоҷикистон барои марказе дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе таҷҳизоти тиббӣ оварда буд.

Дар ин мошини боркаш бар иловаи таҷҳизоти тиббӣ либосҳое ҳам интиқол ёфта буданд, ки ширкатҳои олмонӣ ҳоло ба осебдидаҳои Тоҷикистон тақсим карданд.

Арзиши умумии ин кӯмаки башардӯстонаи ширкатҳои олмонӣ ба осебдидаҳои Бартанг 130 ҳазор евроро ташкил медиҳанд.

Ширкати дуюми олмонӣ "Pamir-Hilfe" соли 2013 дар шаҳри Берхтесгаден таъсис дода шудааст, ки бевосита ба водии Бартанг вобастагӣ дорад ва ҳада аз он ҳам ҳимояти ин водӣ ба хотири рушду пешрафти сокинони он мебошад.

Бо тавсияи ҳамкорони ин ду ширкат дар Бадахшон ва сафорати Олмон дар Душанбе тасмим гирифта шудааст, ки ба сокинони зарардидаи Бартанг фиристода шавад.

Кӯмаки башардӯстона вориди Душанбе шуда, моҳи ноябри соли равон ба водии Бартанг интиқол дода шуд.

Зилзилаи ахир дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар Бартанги Бадахшон чӣ пайомаде дошт? Барои дарёфти посух ба ин суол ин нишониро ангушт бизанед>>

84
Барчаспҳо:
мошини боркаш, водӣ, заминларза, башардӯстона, кӯмак, интиқол, ширкати "Pamir-Hilfe", Созмони "Tajik Aid", Мартин Камп, Бартанг, Бадахшон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Зилзилаи Бадахшон ва бартарафсозии оқибатҳои он (16)
Пострадавшие от стихии жители Бедак заселились в новые дома

Бунёди деҳаи нав барои зарардидагони сел дар ноҳияи Фархор

129
(Таҷдидшуда 16:44 27.11.2020)
Ахиран дар ноҳияи Фархор барои шаҳрвандоне, ки манзилҳояшон аз сел зарар дида буд, деҳаи нав бунёд гардид

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Фархор деҳаи нав бунёд шуд, хабар медиҳад мақомоти ноҳияи Фархор.

Бино ба гузориши манбаъ, моҳи августи соли 2019 дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор бар асари фаромадани сел якчанд манзилҳои истиқоматӣ зарар дида буд.

  • Деҳаи нав дар Фархор
    Деҳаи нав дар Фархор
    Правительство Фархорского района
  • Деҳаи нав дар Фархор
    Деҳаи нав дар Фархор
    Правительство Фархорского района
  • Деҳаи нав дар Фархор
    Деҳаи нав дар Фархор
    Правительство Фархорского района
1 / 3
Правительство Фархорского района
Деҳаи нав дар Фархор

Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии бунёди хайриявии давлати Қатари Аморати Муттаҳидаи Араб дар яке аз минтақаҳои мутобиқ барои зист, барои хонаводаҳои зарардида, деҳаи нав бунёд гардид.

Об омад: Сокинони як деҳаи навбунёд дар Кӯлоб бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

"Деҳаи навбунёд иборат аз 25 хона буда, ҳар яки он аз 3 ҳуҷра ва ба системаи санузелӣ пайваст мебошад. Ҳамин тавр, якчанд аҳолии ниёзманд тибқи қуракашӣ соҳиби манзилҳои нави истиқомати гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

67 тонна семент: кумаки Покистон ба осебдидагони сел дар Хуросон

Дар маросими ифтитоҳи деҳа аҳли фарҳангу маорифи ноҳия ва меҳмонон ширкат доштанд.

129
Барчаспҳо:
бунёд, нав, ноҳияи Фархор, деҳаи нав
День 27 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

96
(Таҷдидшуда 19:24 26.11.2020)
Рӯзи бисту ҳафтуми ноябр, дар Русия Рӯзи қушунҳои баҳрӣ ва дар Куба Рӯзи бузургдошти донишҷӯёне, ки аз дасти Ҳукумати Испания ҳалок шуданд, таҷлил мешавад

Рӯзи 27 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар натиҷаи тундбоди барфӣ дар Ню-Йорк зиёда аз 450 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Сильный снегопад в Петропавловске-Камчатском. Архивное фото
© Sputnik / Виктор Гуменюк
Сильный снегопад в Петропавловске-Камчатском. Архивное фото

Соли 1895 Алфред Нобел васиятномаи худро имзо кард ва дороии = ба фонди ыоизаи Нобел ворид шуд.

 

Соли 1950 ҳайати ҳукумати коммунистии Чин дар СММ ба ҳайси назоратчӣ иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1966 дар таърихи футболи касбии америкоиҳо калонтарин ҳисоби бозӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки дастаи "Вашингтон" дастаи  "Ню-Йорк"-ро бо ҳисоби 72:41 мағлуб кард.

Соли 1998  силсилаи бозиҳои компютерии "ФИФА" ба фурӯш бароварда шуд.

Рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1940  Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон (Чкаловск) – и вилояти Суғд таъсис ёфт.

 

Кукольный театр, архивное фото
© Sputnik / Владимир Федоренко
Кукольный театр, архивное фото

 

Соли 2013 дар шаҳри Исфара Форуми сармоягузории рушди шаҳри Исфара доир гашт.

День 25 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли  2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии "Хизматрасониҳои давлатӣ: дастрас ва босифат" баргузор гардид.

Соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар карданд.

Соли  2017 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2016-2017 ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 ноябр

Дар Россия – Рӯзи қӯшунҳои баҳрӣ.
Дар Куба- рӯзи  таърихӣ- Рӯзи бузургдошти донишҷӯёне, ки аз дасти Ҳукумати Испания ҳалок шудаанд.

Рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1915-1945) – қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов.

96
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон