Ҷашни Наврӯз. Акс аз бойгонӣ

Пойгаи аспҳо ва сабқатҳои варзишӣ дар Наврӯзи Душанбе

80
(Таҷдидшуда 17:00 24.02.2016)
Дар боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатии пойтахт, чорабиниҳои тафреҳӣ бахшида ба иди Наврӯз баргузор мегарданд ва дар он кулли хоҳишмандон ширкат карда метавонанд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба иди Наврӯз  дар Душанбе рӯзҳои 21-24 март баргузор мегарданд, менрависад дафтари матбуотии мири шаҳр.

Ҷашни асосӣ рӯзи 21 март дар майдони "Наврӯзгоҳ" бо намоишҳои театрӣ баргузор мегардад. Рӯзҳои 22 ва 23 юм дар  боғҳои фарҳангии пойтахт консертҳо ва барномаҳои фарҳангӣ доир гардида, тантанаҳои оммавӣ низ дар назар аст.

Инчунин дар Душанбе мусобиқаҳои анъанавӣ аз қабили гуштигирӣ доир мешаванд. Ғолиби мусобиқаро туҳфаи асосӣ-мошини сабукрав интизор аст.

Ба ғайр аз ин, дар пойтахт пойгаи аспҳо сурат мегирад ва дар рӯзи 24 март сокинони Душанбе маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунии шаҳр ширкат хоҳанд кард.

© Sputnik
"Наврӯзгоҳ" ният дорад, асбҳояшро ба пойтахт баргардонад

 

 

80
Барчаспҳо:
пойгаи аспҳо, аспдавонӣ, сабқатҳои варзишӣ, гуштигирӣ, таҷлили Наврӯз, таҷлили ид, майдони "Наврӯзгоҳ", ҳукумати шаҳри Душанбе, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Наврӯз: таърих ва анъанаҳо