Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Алмосии водии Ҳисор рафт

Деҳа дар ВМКБ ба номи президет гузошта мешавад

79
(Таҷдидшуда 15:11 01.03.2016)
Деҳаи нав, ки бо номи раисҷумҳури Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд, тирамоҳи соли гузашта бо даъвати президент дар мавзеи Питовдашт, барои оилаҳое, ки манзилҳояшон ҳангоми фаромадани сели моҳи июли соли 2015 осеб дида буд, бунёд гардид.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Палатаи болоии Тоҷикистон номгузорӣ кардани деҳаи навбунёдро дар ҷамоати "Сучон"-и ноҳияи Шуғнон ба шарафи раисҷумҳур баррасӣ мекунад.

Рустои нав, ки бо номи раисҷумҳури Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд, тирамоҳи соли гузашта бо даъвати президент дар мавзеи Питовдашт, барои оилаҳое, ки манзилҳояшон ҳангоми фаромадани сели моҳи июли соли 2015 осеб дида буд, бунёд гардид.

Бо амри Эмомали Раҳмон, то охири моҳи октябри соли 2015 дар ин мавзеъи навбунёд, 80 манзили зист, мактаб, марказҳои савдо, бунгоҳи тиббӣ, шабакаҳои обӣ ва барқӣ бунёд гардиданд.

Қайд мешавад, ки сокинони деҳа шурӯъ аз моҳи октябр ин мавзеро Раҳмонобод ном гузоштаанд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа инчунин пешниҳоди президенти ҷумҳурӣ дар бораи номгузории баъзе аз минтақаҳои ҷуғрофӣ низ муҳокима гарданд.

Қаблан Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва дониши таърихии ҷавонон тибқи карори Ҳукумати Тоҷикистон номҳои баъзе аз минтақаҳо ва мавзеҳои ҷуғрофӣ иваз хоҳанд шуд.

79
Барчаспҳо:
тасмими аҳолӣ, деҳа ба номи президент, номгузорӣ, тағйири ном, палатаи болоии парлумони ҶТ, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Раҳмонобод, Питовдашт, Барсем, Шуғнон, ВМКБ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Вазорати умури хориҷаи ҶТ: $100 миллион ҳаҷми хисороти офати табиӣ