Донишҷӯи тоҷикистонӣ- барандаи озмуни “Miss International”

Обуна шудан
Донишҷӯи 19-солаи тоҷик дар озмуни зебоии Донишгоҳи давлатии Беларус сазовори ҷои аввал ва унвони зеботарин донишҷӯи ин мактаби олӣ гардид.

ДУШАНБЕ,  18 мар — Sputnik. Донишҷӯи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Беларус Ёсамин Мӯсоеваи тоҷикистонӣ дар озмуни "Miss International BSU — 2016" ширкат карда, барандаи мақоми аввал шуд, омадааст дар хабари сомонаи ин мактаби олӣ.

"Даври ниҳоии озмуни зеботарин донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Беларус шоми рӯзи гузашта дар шаҳри Минск, дар толори Донишкадаи журналистика доир шуд",- меафзояд сарчашмаи хабар.

Ҳаводори рақс аз Колумбия - барандаи озмуни “Зебосанами дунё-2014”

Дар маҷмӯъ дар озмуни "Miss International BSU — 2016" 20 нафар вориди рақобат шуданд ва аз миёни 8 нафаре, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ҳайати ҳакамон якдилона Ёсамин Мӯсоеваро бонуи зеботарини донишгоҳ интихоб карданд.

Мубтакирони озмун ба донишҷӯи ғолиби озмун барои пирӯзиаш дар озмун роҳхат ба осоишгоҳи машҳури Беловежская пушаро тақдим кардаанд.

Озмуни зебоии "Miss International BSU — 2016" бо ибтикори раёсатҳои равобити байналмилалӣ, фарҳанг ва корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Беларус доир шудааст. Ҷои дувумро дар "Miss International BSU — 2016" донишҷӯи соли чоруми риштаи иртибототи иҷтимоиву фарҳангӣ Бибиҷамол Раҷабова аз Туркманистон ва ҷоизаи тамошобинонро донишҷӯи соли аввали риштаи журналистика Ҷессика Обанор аз   Нигерия ба даст овардаанд.

Ёсаминбону Мӯсоева 14 июли соли 1996 дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар наздикии пойтахти Тоҷикистон ба дунё омада, ҳоло донишҷӯи соли дуввуми Донишгоҳи давлатии Беларус аст.  

Лентаи хабарҳо
0