Хабарнигор-суратгири ОИБ  Россия сегодня Андрей Стенин. Акс аз бойгонӣ

Поёни қабули дархостҳо ба озмуни ба номи Стенин

33
(Таҷдидшуда 13:46 24.03.2016)
Озмуни байналмиллалии ба номи Стенин 6000 кори аксбардорони ҷавонро аз 71 кишвари дунё: Русия, кишварҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ховари Миёна, Ҳиндустон, Австралия ва Ҷанубу Шарқи Осиё ҷамъ овард.

ДУШАНБЕ,  23 мар —  Sputnik. Озмуни байналмиллалии ба номи Стенин, ки аз ҷониби "Россия сегодня" таҳти ҳимояти Комисссияи ФР оид ба равобит бо ЮНЕСКО гузаронида шуд, 6000 кори аккосони ҷавонро аз 71 кишвари дунё ҷалб кард. Ҷуғрофияи байналмиллалии озмун панҷ қитъаро дар бар гирифта, иштирокчиён аз Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ховари Миёна, Ҳиндустон ва Ҷанубу Шарқи Осиё, инчунин Африқо ширкат варзиданд.

Ҷуғрофияи минтақаҳои Русия бошад, шурӯъ аз Калининграду Маскав, Санкт Петербургу Владивосток то Ялта расид.  Аз ҳама мавзӯъи машҳуртарини шумораи дархостҳо ин "Кишвари ман",  "Акс. Қаҳрамони замони мо" ва "Рангҳои дунё. Ҳамоҳангии ҳаёт" буданд. Маросими ҷоизасупорӣ моҳи августи соли 2016 дар Маскав баргузор хоҳад шуд. Ғолибонро мукофотҳои пулӣ ва ба намоиш гузоштани аксҳояшон дар Русия ва хориҷи кишвар интизор аст.

"Имсол аз ҷиҳати иштироки ҷуғрофӣ мо ба нишондоди рекордӣ расидем-суратгирон аз панҷ қитъаи дунё дар озмун ширкат карданд. Чунин фарогирии байналмиллалӣ нишон медиҳад, ки озмуни барои ташкилотҳои русию байналмиллалии аксбардорӣ талаботи вижа дорад. Майдони асосиаш Русия буда, номҳои нави аккосонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Мо ба ҳамаи ширкаткунандагон изҳори сипос мекунем ва ба онҳо муваффақият таманно дорем", — қайд кард Александр Штол, директори идораи муштараки маълумоти аккосии МИА "Россия сегодня".

Наздики 60% дархост аз суратгирони Русия ба қайд гирифта шудааст.Иштирокчиёни фаъолтарин аз қитъаҳои Марказии Шимолу Ғарбии Урал, минтақаҳои Назди Волга ва Приморскийи округҳои федеролӣ буданд. Минтақаи марказӣ аз ҷониби аккосон аз Маскав, Белгород ва Ярославл; минтақаҳои Шимолу Ғарбӣ аз Калининград, Санкт Петербург, Новгород, Псков ва ғайраҳо; минтақаи Урал аз ҷониби Челябинск, Екатеринбург ва Тагили поён; вилояти Назди Волга аз Нижний Новгород, Қазон, Уфа,Оренбург ва ғайра; округи федеролии Сибир аз ҷониби Красноярск,Новосибирск, Омск ва ғайра муаррифӣ шуданд.

Мукофоти пулӣ барои ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм 50, 35 ва 25 ҳазор рубли русӣ дар панҷ мавзӯъ: "Кишвари ман", "Рангҳои дунё. Ҳамоҳангии ҳаёт", "Акс. Қаҳрамони замони мо", "Хабарҳои муҳимтарин"  ва "Варзиш"-ро ташкил медиҳад. Мукофоти махсуси озмун "Гран-при", аз ҷониби доварон интихоб гардида, ғолиб соҳиби мукофоти пулӣ ба қадри 500 ҳазор рубли русӣ мегардад.

Мақсади асосии Озмуни байналмиллалии фотожурналистикаи ба номи Андрей Стенин дастгирии аксбардорони ҷавон ва ҷалби диққати омма ба фотожурналистикаи муосир мебошад. Озмун- майдони ягонаест, ки  ҷомеаи аксбардории байналмиллалӣ номҳои нав ба нави журналистони суратгирро муаррифӣ намуда, онҳоро дастгирӣ  мекунад ва имкон медиҳад, то меъёрҳои аксбардорӣ рушд кунад ва тавлиди аксҳои ҳуҷҷатӣ дар Русия ва ҷаҳон рушд намоянд.

Соли 2015 озмун калонтарин майдони аксбардорони ҷавон гардид, ки зиёда аз 5000 ангораҳоро аз 54 кишвари дунёро ҷамъ кард. Дар озмун аз чор қитъаи дунё, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ховари Миёна,Ҳиндустон ва Ҷанубу Шарқи Осиё аксбардорон ширкат карданд. Иштирокчиён аз Русия низ аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург, Владивосток ва Находка фаъолияти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Маскав баргузор шуд ва корҳои аккосон дар ҷашнвораҳои гуногуни ватанию берун аз он ба намоиш гузошта шуда буданд. 

33
Барчаспҳо:
анҷоми қабул, суратгирон, озмуни аккосӣ, аксҳо, озмуни ба номи Стенин, идораи муштараки маълумоти аккосии МИА "Россия сегодня", Комиссияи русиягии ЮНЕСКО, ЮНЕСКО, Александр Штол, Андрей Стенин, Ҳиндустон, ИМА, Русия, Маскав
Мавзуъ
Озмуни аккосони ба номи Стенин ба марҳалаи ниҳоӣ наздик мешавад
День 11 августа

Ҷашнҳои рӯзи 11 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

33
(Таҷдидшуда 10:04 11.08.2020)
Рӯзи 11 август дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мешавад

Рӯзи 11 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1792  дар Франсия Кумитаи инқилобӣ таъсис дода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1831 дар натиҷаи тӯфон дар Барбадос 15 ҳазор нафар қурбон гардиданд.

Соли 1877  ситорашиноси америкоӣ Асаф Ҳолл (Asaph Hall) ду моҳвораи навро бо номҳои Марса — Фобос ва Деймос кашф намуд.

Соли 1980 Ангола Конститутсияи худро дар таҳрири нав қабул кард.

Соли 1984 дар давраи ниҳоии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои олимпии Лос Анҷелос дастаи Франсия дастаи Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Рӯзи 11 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1937 Палатаи давлатии китоби Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.

Соли 2004 дар шаҳри Душанбе бинои нави Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон 230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида буданд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президент  ва Сарфармондеҳи вақти Ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА Ҷон Абузайд масъалаҳои минтақа ва Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе намоиши байналмилалии таҳсилотии Ҷумҳурии Беларус  баргузор гардид.

Соли 2015 Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Соли 2017 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 август

  • Дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон.
  • Дар Чад –Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Латвия – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон барои озодӣ.
33
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
певец Бахром Гафури

Парвиз Назаров дар бораи Баҳром Ғафурӣ: "инсони воқеъӣ ва мусиқачии асил буд"

1272
(Таҷдидшуда 15:16 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури Тоҷикистон ва Қазоқистон Парвиз Назаров ба аҳли хонаводаи овозхони номдор ва ҷавонмарг Баҳром Ғафурӣ изҳори ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Парвиз Назаров Баҳром Ғафуриро дӯст ва инсони вовеъӣ хонда, аз реҳлати ӯ изҳори таассуф намуд.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

"Хайр дӯстам! Ту инсони заминию воқеъӣ ва мусиқачии асил будӣ. Се рӯз пеш дар инстаграмат аз нашри суруди нав хабар додӣ ва ман гуфтам, ки ин суруд албатта Хит мешавад. Ҳоло ту нестӣ, ин бароямон фоҷиаи бузург аст",  навиштааст Парвиз ва бо аҳли хонавода ва дӯстони Баҳром Ғафурӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Парвиз Назаров ҳамчунин аз овозхонии муштарак бо Баҳром Ғафурӣ ёдоварӣ карда, изҳори хушнудӣ кардааст, ки тавонистанд ҳамроҳ суруде бисароянд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Прощай мой друг!Ты был настоящим,искренним человеком и прекрасным музыкантом.Три дня назад ты выставил пост в инстаграмме,о том что выходит твоя новая песня, я прокомментировал,Новый хит! Ты ответил…Спасибо Парвизджон!А сейчас тебя уже нет, это большая трагедия для нас,тех кто любил,ценил и уважал тебя!Вспоминается как мы репетировали а днем позже состоялось наше совместное выступление, где нас приветствовало 20000 человек, мы пели песню «Лове лов» тебе она очень понравилась, ты еще сказал: Она мне очень подходит…Как будто она сделана для меня..Как хорошо что мы с тобой успели это сделать!Спасибо тебе за чуткость и внимание.Скорблю вместе с твоей семьёй и твоими родными🙏!Прощай дорогой Бахром! #RIP #бахромгафури

Публикация от Parviz Nazarov|Парвиз Назаров (@parviznazarovpnf)

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

1272
Барчаспҳо:
даргузашт, сӯгворӣ, ҳамдардӣ, Парвиз Назаров
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

“Худатонро эҳтиёт кунед!” Насиҳати Гулназар Келдӣ аз шифохонаи “Истиқлол”

0
 Гулназар Келдӣ, Шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфтааст

 ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Худи шоир дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш маслиҳат донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт Шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода.

Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

0