Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ

Интиқоди Убайдуллоев аз масъулини бахши нақлиёти Душанбе

24
(Таҷдидшуда 12:10 05.04.2016)
Дар асоси гузориши Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт масъулини соҳаи хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро танбеҳ додааст.

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи васеъи шаҳрдорӣ ба директори Муассисаи давлатии "Душанбенақлиётхадамотрасон" Абдулҳақ Алиев ва сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе Файзиддин Камолов охирин танбеҳ эълон намуда, барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат муқаррар сохтааст.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии ҳукумати шаҳр, Убайдуллоев супориш додааст, ки дар давоми як моҳ барои ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ либоси ягона ба таври ҳатмӣ ҷорӣ карда шавад, инчунин аз пахши мусиқии гӯшхарош дар тамоми тамоми воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии хизматрасон новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ пешгирӣ карда шавад.

"Минбаъд дар марзи шаҳр тағйирдиҳии хатсайр ва ё ташкили хатсайри нави нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни мавҷуд будани қарори раиси шаҳри Душанбе манъ карда шавад", илова кардааст мири пойтахт.

24
Барчаспҳо:
муҳлат, мошинҳо, нақлиёт, роҳҳои шаҳр, масъулин, интиқод, ҳукумати шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии "Душанбенақлиётхадамотрасон", Файзиддин Камолов, Абдулҳақ Алиев, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе
Мавзуъ
Насби дурбин ва таҷҳизоти кашфи метал дар масоҷиди Душанбе