Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ

Убайдуллоев омодагии пойтахтро ба ҷашн шахсан назорат мекунад

23
(Таҷдидшуда 14:05 15.04.2016)
Раиси шаҳри Душанбе ба муовинони худ супориш додааст, ки дар ин муддат ҳар ҳафта ҷараёни омодагии пойтахт ба ҷашни асосии ҷумҳуриро назорат кунанд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи гузашта сурат пазируфт, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки шурӯъ аз 20 апрел то 31 август ҳамарӯза ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатиии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Ҳамзамон, оқои Убайдуллоев ба муовинони худ супориш додааст, ки дар ин муддат ҳар ҳафта ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни асосии ҷумҳуриро назорат кунанд. Худи раиси шаҳр бошад, ҳар моҳ ду маротиба шахсан омодагӣ ба ҷашни истиқлолиятро месанҷад.

Гуфта мешавад, санҷишҳои ҷараёни омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолият аз ҷониби комиссияҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи пойтахт низ сурат мегирад. 

23
Барчаспҳо:
ид, таҷлил, омодагӣ, Истиқлолияти Тоҷикистон, ҳукумати шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Таъсиси стипендияи ҳукумати Душанбе барои варзишгарони умедбахш
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Бекорони Хатлон кам мешаванд?: тасмими вазорат барои ташкили ярмаркаи корӣ

120
(Таҷдидшуда 13:33 19.01.2021)
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнати Тоҷикистон бо мақсади бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани аҳолӣ дар 15 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ташкил менамояд.

Гуфта шудааст, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар доираи нақша – чорабиниҳои Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, роҳандозӣ карда мешавад.

“Ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ роҳандозӣ гардида, аз оғоз то охири ҳафтаи равон чорабинии мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома меёбад”, - қайд кардааст манбаъ.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ҳамадонӣ, Балҷувон санаи 19 январи соли 2021 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, дар шаҳру ноҳияҳои Дустӣ, Ҷайҳун, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин санаи 20 январи соли 2021 роҳандозӣ карда мешавад.

Гуфта шудааст, ки санаи 21 январи соли 2021 ярмарка дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Данғара идома ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод ва Бохтар чорабинии мазкур санаи 22 январи соли 2021 ташкил ва баргузор мегардад.

Дар ҳзамин ҳол, Вазорати меҳнат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар виляоти Хатлон аз шаҳрвандон даъват карданд, ки барои дарёфти ҷойи кор ва ё барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтан, метавонанд дар ин ярмаркаҳо иштирок намоянд.

120
Барчаспҳо:
эълони ҷои кор, ҷои кор, ярмарка, вазорати меҳнати Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, Тоҷикистон
День 19 января

Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих

97
(Таҷдидшуда 23:38 18.01.2021)
Рӯзи нунздаҳуми январ дар Белорус – Рӯзи наҷотдиҳандагон ва дар Исландия – Рӯзи ҳамсар таҷлил мешавад

Рӯзи 19 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1903  дар Фаронса дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — "Тур де Франс" эълон ба нашр расид.

Соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.

Соли  2016 дар Ҷопон дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра- Ясутаро Коидэ вафот кард.

Соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар рейтинги нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.

Рӯзи 19 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳайати ҷавонони дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро шикаст дод.

Соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Соли 2018 Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан  аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон  аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 19 январ

  • Дар Белорус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.
  • Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.

Рӯзи 19 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1798 — файласуфи фаронсавӣ, асосгузори сотсиология Огюст Конт.

Соли 1809 — нависандаи амрикоӣ, шоир, намояндаи романтизм Эдгар По.

Соли 1813 — металлурги англис Генри Бессемер.

Соли 1851 — астрономи нидерландӣ Якобус Каптейн, ки теорияи гардиши галактикаҳоро исбот карда буд.

Соли 1865 — рассоми рус Валентин Серов.

Соли 1900 — шоири советӣ ва русиягӣ, муаллифи суруди "Катюша" Михаил Исаковский.

Соли 1974 — овозхони попи Русия Влад Сташевский.

Соли 1988 — ҳунарманди кино Алексей Воробьев.

Соли 1989 — размикори муҳорибаҳои омехта Дастин Поре.

 Дастин Пуарье, архивное фото
© AFP 2020 / Logan Riely
Дастин Пуарье

Рӯзи 19 январ кӣ вафот кард

Соли 1968 — рассоми советӣ Владимир Серов.

Соли 1971 — шоири советӣ Николай Рубтсов.

Соли 2007 — овозхони советӣ Мурат Носиров.

97
Барчаспҳо:
ҷашн, таърих, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ифтитоҳи неругоҳ дар Хоруғ ва кӯч додани оилаҳо аз Бадахшон ба Хатлон: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:57 19.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон