Смартфон. Акс аз бойгонӣ

ВКД ҶТ баъди 221-21-21 рақами нави тамосро ба роҳ монд: 19-19

30
(Таҷдидшуда 11:59 20.04.2016)
Сокинони кишвар, кулли корафтодаҳо ва умуман шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо ин рақам дар тамос шуда, арзу шикоят ва пешниҳоди худро ба мақомоти умури дохилӣ дар Тоҷикистон расонанд.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як роҳи дигари тамоси сокинон бо мақомоти умури дохилӣ дар саросари ҷумҳуриро кишварро ба роҳ мондааст, омадааст дар хабари нашршуда дар сомонаи ин ниҳод.

Дафтари матбуоти вазорат мегӯяд, ки ин телефони пайвасткунанда 19-19 буда, ҳамаи сокинон метавонанд аз ин хадамот истифода кунанд.

"Минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо рақами 19-19 бо воситаи телефонҳои мобилӣ, GPS ва телефонҳои хонагӣ занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва пешниҳодҳои худро ироа намоянд.

Қаблан, Вазорати умури дохилӣ телефони боварии вазир (221-21-21)-ро таъсис дода буд. 

30
Барчаспҳо:
шӯъбаҳо, раёсат, рақами нав, тамос, телефони боварӣ, эътимод, арзу шикоят, сокинон, дархост, ВКД ҶТ, Тоҷикистон
Мавзуъ
ВКД: боздошти ронанда барои напардохтани пули IRS ва зӯроварӣ