Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ

Убайдуллоев ба собиқадорони ҶБВ кумакпулӣ медиҳад

39
(Таҷдидшуда 12:47 26.04.2016)
Раиси шаҳр ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи иҷрои саривақтӣ ва хушсифати маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуд.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Рӯзи гузашта дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ҷаласаи шаҳрдорӣ сурат пазируфт, ки дар он он масоили омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа қарор шудааст, ки аз 26 апрел то 31 август ҳамаи вакилони маҷлисҳои шаҳру ноҳияҳо аз соати 6 то 7-и субҳ бо мушкилоти тамоми маҳаллаву кӯча ва хиёбонҳои шаҳр аз наздик ошно гардида, аз соати 18 то 19-и ҳамон рӯз аз ин санҷишҳояшон натиҷагирӣ мекунанд.

"Раиси шаҳр аз вакилон дархост намуд, ки ба корҳои кабудизоркунии атрофи манзилҳои зист, ҳодисаҳои худсарони ишғол намудани қитъахои замин ва бинову панҷараҳои ғайриқонунӣ қоматафрохта таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд",- омадааст дар иттилоъия.

Раиси пойтахт ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи иҷрои саривақтӣ ва хушсифати маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуд.

Қайд гардид, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси пойтахт дастур дод, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр ба собиқадорони ҷанги шаҳри Душанбе ба ҳар кадоме 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо карда шавад.

39
Барчаспҳо:
ёрдам, кумакпулӣ, омори собиқадорони ҶБВ, собиқадорон, ҶБВ, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ҳукумати шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Э.Раҳмон: ҶБВ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳост