Вазорати молияи ҶТ: нархи нон паст мешавад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкБозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи тағйиру иловаҳои ҷадид ба қонун “Дар бораи буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016”, барои истеҳсолкунандагони орд андоз аз арзиши иловашуда 10 %-ро ташкил медиҳад дар ҳоле, ки барои ҳамаи андозсупорандагон 18% муқаррар гардидааст.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Намояндагони  Вазорати молияи ҶТ дар чунин назаранд, ки нархи нон эҳтимолан паст фарояд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ҷадид ба қонун "Дар бораи буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016", барои истеҳсолкунандагони орд  андоз аз арзиши иловашуда 10 %-ро ташкил медиҳад дар ҳоле, ки барои ҳамаи андозсупорандагон 18% муқаррар гардидааст.

"Имрӯзҳо нони оддӣ дар бозорҳо ва мағозаҳо 2-2,2 сомонӣ нарх дорад, нони воридотӣ-4,8 сомонӣ арзиш дорад; нонҳо вобаста аз андоза а 1 то 2 сомонӣ, нонҳои майда-1,20 сомонӣ нарх дорад",-изҳор дошт яке аз сокинони пойтахт ба Sputnik Тоҷикистон.

Коршиносон бовар доранд, ки нархи нон ва маҳсулоти аз орд омодашуда  дар ҷумҳурӣ ду маротиба паст мефарояд.

Ёдовар мешавем, ки тағйиру иловаҳо ба  қонун "Дар бораи буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016" аз ҷониби сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон  пешниҳод карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0