Юлия Вербитская барои ҷароҳии кӯдаки тоҷик кӯмак кард

© SputnikЮлия Вербитская. Акс аз бойгонӣ
Юлия Вербитская. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юлия Вербитская барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба Муҳаммади 12-сола кӯмаки молиявӣ расонд.

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия маросими супоридани кӯмакпулӣ ба оилаи навраси 12-солаи тоҷик, Муҳаммад Ҷураев  ки ба ҷарроҳии чашм ниёз дорад,баргузор гардид.

Маблағи пулӣ аз ҷониби коллексионери рус Юлия Вербитская ба бунёди хайрияи "Простые вещи" супорида шуда, баъд ба модари кӯдаки бемор расонида шуд.

Юлия Вербитская дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ин ҳодисаи ғайриоддӣ нақл кард.

Ба гуфти Юлия, Муҳаммад аз бемории чашм азият мекашад ва касалӣ метавонад боиси нобино гардидани ӯ шавад.

"Кӯдак дар оилаашон писари худӣ нест. Мастона Назарова ӯро аз хонаи кӯдакон ба фарзандӣ қабул кардааст. Баъди оне, ки бемории кӯдак маълум гардид, касалӣ шиддат ёфт. Зане, ки ӯро ба фарзандӣ қабул карда буд, худ аз бемории саратон азият мекашад. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳамаи кӯшишҳои худро барои шифо ёфтани писараш сарф менамояд. Маънои зиндагиашро ӯ на дар зиндамонии худ, балки дар наҷот додани писараш мебинад",-гуфт коллексионер.

Дар бораи кӯдаки бемор Юлия Вербитская аз шабакаҳои иҷтимоии интернет хабар ёфт. Дар яке аз маълумотҳо гуфта мешуд, ки писар ба маблағ барои ҷарроҳӣ ниёз дорад.

"Ҳодиса маро дар ҳайрат гузошт ва ман натавонистам беканор бошам. Ман ба сафоратхона муроҷиат кардам. Ва онҷо ба ман гуфтанд, ки дар ҳақиқат ҳам чунин ҳодиса аст ва зане ба онҳо муроҷиат карда будааст. Дар ин ҳодиса нақши сафири Тоҷикистон дар Русия Имодуддин Сатторов хеле бузург аст. Ба ман маълум гардид, ки барои ҷарроҳӣ 50 ҳазор рубли русӣ лозим аст ва ҳамин маблағро ман ба онҳо додам",-нақл кард Юлия.

Сафоратхона ҳуқуқи қабули маблағро надоштааст. Аз ин сабаб маблағ ба бунёди хайриявии "Простые вещи" дода шуд. Ва аллакай дар рӯзи баъдӣ директори бунёди хайриявӣ Мария Терехова маблағро ба Мастона Назарова супурд.

© Официальный сайт посольства РТ в РФМария Терехова дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ба модари Муҳаммад маблағ месупорад.
Мария Терехова передает деньги матери Мухаммада Джураева в посольстве Таджикистана в Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон
Мария Терехова дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ба модари Муҳаммад маблағ месупорад.

"Ман дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба дунё омадаам ва барои ман халқи тоҷик- миллати бародар ҳаст. Ман ба омӯхтани фарҳангу санъати Тоҷикистон машғул ҳастам. Ва ҳангоми гузаронидани намоишҳои гуногун бахшида ба фарҳангу санъати Тоҷикистон дар Русия ба хулосае омадам, ки мирӯзҳо мо ин санъатро аз даст додаем. Мо ба маълумтҳои ғалате, ки дар бораи Тоҷикистон мегӯянд бовар мекунем. Миёни кӯдакони рус низ ниёзмандон зиёданд, вале ба онҳо кӯмак мекунанд. Аммо ба кӯдакони тоҷик на ҳама ёрӣ мерасонанд",-гуфт Юлия Вербитская.

Қаблан овозхони рус ва роҳбари гурӯҳи "Любэ" Николай Расторгуев низ барои табобати ду муҳоҷири тоҷик кӯмаки молиявӣ расонида буд.

Лентаи хабарҳо
0