Дарсҳои омӯзишӣ пеш аз фронт. Август 1941

Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

1087
(Таҷдидшуда 16:22 22.06.2016)
Рӯзи якшанбе, 22 июни соли 1941 неруҳои Олмон бидуни эъломи ҷанг ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла карданд. Нерӯҳо аз 190 дивизия, чору ним ҳазор ҳавопаймо, зиёда аз чор ҳазор танк, чилу ҳафт ҳазор миномет иборат буд. Тоҷикистон дар ҷанг 100 ҳазор шаҳрвандони худро аз даст дод.

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Аз соли 1941 то 1945 аз Тоҷикистон ба ҷанг 289 ҳазор нафар даъват шуданд. Наздики 45 ҳазор шаҳрвандон ба заводҳо ва дигар минтақаҳои ИҶШС, оварда шуда ба ҷанг равона карда шуданд.

Дар давоми солҳои ҷанг Тоҷикистон ба фронт 90 тонна пашм, 650 тонна  ғалла, 19 ҳазор асп ва 36 ҳазор тонна гӯшт фиристод.

Тоҷикистон барои артиши мунтазам беш аз 3 ҳазор мошинҳои боркаш ва 100 трактор омода намуд.

Аллакай соли 1942 дар қаламрави Тоҷикистон бемористонҳои интиқолии низомӣ, ки дар онҳо 80 ҳазор низомиёни Артиши сурх ёрии таъҷилӣ гирифтанд, сохта шуда буданд.

30 адад корхона аз қисми ғарбии ИҶШС ба Тоҷикистон кӯчонида шуда, 20 завод, фабрика ва сехҳо дар давоми солҳои ҷанг дар Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуданд.

64 шаҳрванди Тоҷикистон-иштирокчиёни ҶБВ қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.

1087
Барчаспҳо:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Рейд по вылавливанию попрошаек и бомжей в Худжанд

Худро муҳтоҷ вонамуд мекунанд: тасмими пулиси Хуҷанд барои поксозии шаҳр аз талбандагон

454
(Таҷдидшуда 18:27 01.07.2020)
Роҳбарияти шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст маркази маъмурии вилоятро аз афроди талбандаву садақаҷӯ, ки сохтакорона худро фақиру бечора вонамуд намуда рӯзгори муфтхурона пеш мебаранд тоза намояд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД ҳамчунин шахсони майзада ва беҷои зисти доимӣ, ки зиндагии хиёбониро пеша намуда, бо рафтор ва гаштугузори беадабона маданияти шаҳрдориро халалдор месозанд мавриди корбари қарор мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, омиле ки милитсияи Хуҷандро имрӯз ба гузаронидани чорабинии ҳуқуқӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти садақаҷӯии афроди алоҳида водор намудааст, ин пайдо шудани шахсони майли талбандагӣ дошта дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди марказҳои савдою хизматрасонӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ мебошад, ки роҳрав ва саҳни даромадгоҳи назди мағоза ва марказҳои савдоро барои гадоӣ мувофиқ ҳисобида худро муҳтоҷу бечора вонамуд менамоянд.

Манбаъ мегӯяд, раҳму дилсӯзии мардуми хайрхоҳ барои зиёд шудани шахсони садақаталаб мусоидат кардааст.

“Дар ҳолеки аксарияти онҳо тану ҷисми солим дошта метавонанд ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шаванд. Дар ҷараёни рейд мушоҳида мешуд, ки аксаран занҳо талабандагиро пеша кардаанд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни рейд, ки ҳам шабона ва ҳам рӯзона доир гашт 20 нафар афроди талбанда зимни машғулшудан ба садақаҷӯӣ боздошт ва ҳамчунин 18 нафар шахсони оворагарду беҷои зисти доимӣ, ки дар ҳудуди гулгашти “Муҷассамаи ғалаба”-и мавзеи бозори Панҷшанбе тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекарданд ба шуъбаи милитсия дастрас гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.  .

454
Колледж в Хатлонской области

БОР барои дастгирии муҳоҷирон ва занони Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад

150
Бонки Осиёгии Рушд ба Тоҷикистон барои такмили ихтисос барои ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ 30 миллион доллар грант медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik.  Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои такмили ихтисоси ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон 30 миллион доллар ихтисос медиҳад, хабар медиҳад намояндагии бонк дар кишвар.

"Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шуғл ва музди меҳнат, инчунин тавсеаи имконоти оҷонсиҳо оид ба шуғл ва муҳоҷират, 30 миллион доллар грант ҷудо карда мешавад", - омадааст дар хабар.

Гранти иловагӣ ба маблағи 1,5 миллион доллар инчунин аз Фонди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон ҷудо карда мешавад, ки онро БОР идора мекунад.

"Ин лоиҳа хусусан ҳоло муҳим аст, зеро Тоҷикистон интизори афзоиши бекорӣ ва муҳоҷирони баргашта бинобар пандемияи COVID-19 мебошад" гуфт Эко К. Изава, Сардори Идоракунии Лоиҳаҳои Иҷтимоӣ дар Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии БОР.

Бо ин маблағ, дар Хуҷанд, Бохтар ва Восеъ се маркази нави хадамоти муҳоҷират бунёд ва муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ин марказҳо барномаҳои тамоюли муҳоҷират, курсҳои забонӣ ва малакаҳои асосии кориро барои кӯмак ба муҳоҷирон дар пайдо кардани ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити бехатар дар кишварҳои таъиншуда пешниҳод мекунанд.

Иҷрочии лоиҳа Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хоҳад буд.

150
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Идомаи сафари кории Президент ба Суғд: Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд расид

0
(Таҷдидшуда 10:45 02.07.2020)
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд раисҷумҳури кишвар ба шаҳри Хуҷанд омад ва аз фаъолияти корхонаи “Сирдарё” ошно шуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон ба корхонаи “Сирдарё” соли 2009 бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мансур Каримов дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта буд, ташриф овард.

Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.

Дар ин корхона истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли кишварҳои Аврупо, Русия ва Чин васлу насб гардидаанд.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар корхонаи “Сирдарё” бо маҳорату кордонии мутахассисон маҳсулоти дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд.

“Ин афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот мебошад” , - зикр намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардидааст ва дар бозори дохилӣ бо нишони молии “Мерси Баку” мавқеи худро пайдо намудааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки соҳибкорону мутахассисон дар баробари сифат ба банду басту истеҳсоли маҳсулот дар зарфҳои тетрапак ва зарфҳои шишагии ғунҷоишашон хурд ба дизайни ҷолибу хоса таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба талаботи харидор шаклу тарзи нави пешниҳоди маҳсулотро ба роҳ мемонанд.

Афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тоза ба хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Афғонистону Қирғизистон содирот карда мешаванд.

Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ бо назардошти коркарди мавсимии меваю сабзавот дар як шабонарӯз наздики 10 тонна меваю сабзавот будааст.

0
Барчаспҳо:
Сирдарё, сафари корӣ, корхона, Суғд, Хуҷанд, Тоҷикистон, Раисҷумҳур