Донишгоҳҳои ФР барои Тоҷикистон табибон ва муҳандисонро омода менамояд

© Sputnik / Сергей КузнецовВазири вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Вазири вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи Русия мувофиқи талаботи бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутухассисон омода месозад, дар бастагӣ бо ин аз ҷониби Русия барои довталабони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ФР 341 ҷой ҷудо шудааст, иттилоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири вазорати маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид.

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Асосан квотаҳо дар соли нави хониш барои касбҳои талаботи бозори меҳнат соҳаи тиб ва техника ҷудо гардидаанд.

Глебова: Русия 15 ҳазор хориҷиро барои таҳсили ройгон даъват мекунад

"Қаблан аксари квотаҳо берун аз талаботи бозори меҳнати Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод ва ҳуқуқ ҷудо мешуданд. Вале имсол мо аз ҳамкорони русамон хоҳиш кардем, то квотаҳоро дар он соҳаҳое, ки  мутахассисон дар Тоҷикистон намерасанд ҷудо карда шаванд-ин бошад кормандони тиб ва соҳаҳои техникӣ ва дар охир муҳандисон ва сохтмончиён мебошанд",-қайд кард Нуриддин Саидов.

Ба гуфти ӯ дар соли  нави хониш танҳо барои соҳаи тиб 20 ҷой дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия  ҷудо шуда барои соҳаҳои иқтисод ва ҳуқуқ низ квотаҳо ҷудо шудааст.

Дар баробари ин мувофиқи иттилои вазир Донишгоҳҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Маркази барномаҳои байналмиллалии назди вазорат низ бо донишгоҳҳои минтақавии Русия ҳамкории зич доранд ва ба аксари минтақаҳои Русия низ довталабон барои омӯзиш фиристода мешаванд.

Довталабони тоҷик табобат кардан мехоҳанд на сохтан

Мувофиқи тадқиқоти Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ "Дар бораи талабот ва салоҳият" дар кишвар се бахши асосии иқтисод-соҳаи истеҳсолӣ, саноати коркард, сохтмон ва энергетика ба мутахасисон ниёз доранд.

Дар ин бахшҳо сол аз сол мутахассисони кордон кам шуда, баръакс хоҳишмандони табобат кардан ва ҳимоят кардан дар афзоиш аст.

Қаблан Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки довталабони тоҷик табобат кардан мехоҳанд на сохтан ва побел кардан. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии ҷумҳурӣ имсол чун солҳои қаблӣ интихоби довталабон ба касбҳои табибӣ ва ҳуқуқшиносӣ афтод, дар ҳоле, ки талаботи бозори меҳнати кишвар тамоман дигар аст.

Лентаи хабарҳо
0