Ташаккур ба ту Бузург: посухи Буйнов ба “хидмати” ҷавони тоҷик

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкАлександр Буйнов, Акс аз бойгонӣ
Александр Буйнов, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои наздик сурудхони машҳури рус Александр Буйнов ҳангоми сайру гашт бо саги худ, ҳамраҳашро гум кард. Аммо шаҳрванди Тоҷикистон , ки номаш Акбар аст сагро дарёфт намуд ва ба соҳибаш баргардонид.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон ба сурудхони машҳури рус- Александр Буйнов сагашро баргардонид.

Чуноне ки овозхон нақл мекунад, ба наздикӣ ҳангоми сайру гашт бо саги худ, сагчааш бо лақаби Маша аз чизе ҳаросон гашт ва ноаён шуд.

"Вақте ки ман ба кӯча ба кофтукови Маша баромадам борони сел сар шуд. Он ҳангом либосҳоямро се маротиба дигар кардам.  Бо фонус тамоми кӯчаҳо ва паскӯчаҳои атрофро гаштам. Ноумед шуда ба яке аз қаҳвахонаҳои сари роҳ даромадам. Гуфтам, бачаҳо, шояд дида бошед… Як нафари онҳо — биёед рақамҳои телефонатонро гузошта равед, агар ёфтам, занг мезанам, гуфт.  Соат бошад қариб 2-и шаб  буд",- менависад Буйнов  дар саҳифаи худ  дар Instagram.

Ба ҳар ҳол ба сароянда занг заданд ва хабар доданд: "Ба фикрам, сагчаатонро ёфтам!"

"Аз ҷоям ҷаҳида ба мошинам савор гаштам! Аҳсан ҷовони тоҷик! Ҳангоми расидан дидам, ки вай бо камзӯли худ Машаро печонидааст, хунук мехурад, мегуфт вай. Дидам, ки сагчаи бечораам захмӣ шудааст. Ба хона баргашта духтурро чеғ задам ва тамоми шаб хоб накардам",- менависад Александр.

Чуноне ки маълум гардид, шаҳрванди Тоҷикистон, ки Акбар ном дорад, сагро дуртар аз 5 км дарёфт намуд.

"Маънои калимаи Акбар- Бузург аст. Раҳмат ба ту- ҷавон. Тоҷикон ҳамин хел мешаванд!"-  гуфт сурудхон ҳангоми ҷавонро сипосгузорӣ кардан.

 

Лентаи хабарҳо
0