Владимир Зелдин санаи 3-уми ноябр ба хок супорида мешавад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкТеатри академикии ҳарбии Русия.
Театри академикии ҳарбии Русия. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди мардумии ИҶШС Владимир Зелдин дар синни 102-солагӣ дар Масакав вафот кард. Хабар дода мешавад, ки маросими бахоксупории ҳунарманд дар қабристони Новодевиче баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Маросими  видоъ бо ҳунарманди Русия Владимир Зелдин санаи 3-уми ноябр дар Театри академии ҳарбии Русия баргузор мешавад, хабар доданд ба РИА Новости аз театр.

Ҳунарманди мардумии Русия Владимир Зелдин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав ҳунарманди театр- Владимир Зелдин вафот кард

Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи душанбе дар синни 102-солагӣ дар Маскав вафот кард.

"Маросими видоъ дар саҳнаи Театри ҳарбии Русия  санаи 3-уми ноябр, соати 11:00 баргузор мегардад. Маросими бахоксупорӣ бошад, дар қабристони Новодевичи соати 14:00 гузаронида мешавад",- хабар медиҳад муовини директори театр Елена Анисимова.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳунарманд дар ҳоли вазнин дар яке беморхонаҳои пойтахти Русия бистарӣ гардидааст. Ҳамсари вай хабар дода буд, ки аллакай се ҳафта ҳунарманд дар беморхонаи ҳарбӣ табобат мегирифт.

 

Лентаи хабарҳо
0