Ташхиси хун, акс аз бойгонӣ

Ҷавони тоҷик: муҳоҷират маро ба СПИД гирифтор кард

381
(Таҷдидшуда 12:15 05.12.2016)
Бояд “Вид на жительство” мегирифтам. Ҳангоми ташхиси хун маълум гардид, ки ба ин боморӣ гирифтор шудаам. Баъд аз он дасту диламро аз Русия шуста, ба ватан баргаштам ва дубора фикри муҳоҷиратро накардам, мегӯяд ҷавони тоҷик

Ҳамааш аз муҳоҷират сар шуд

Сафар ҳангоми хело ҷавон будан ба Русия барои муҳоҷирати корӣ меравд.

Ӯ мақсад доштааст, ки дар Русия монда, шаҳрвандӣ ба даст орад. Ҳангоми ба хадамоти шиносномадиҳии Русия супоридани ҳуҷҷатҳо ва маълумотномаҳои тиббӣ ба вай рад карданд. Сабабаш бемории ВИЧ…

"Баъд аз фаҳмидани он, ки ба ин беморӣ гирифтор гаштаам аз Русия ба ватан бар гашта, дигарбора фикри муҳоҷиратро накардам", — гуфт ҷавон ҳангоми сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Иродаи қавӣ

Аммо ин беморӣ натавонистааст  ӯро дар зиндагӣ рӯҳафтода кунад. Зеро, вай пас аз ба Тоҷикистон бар гаштан дарҳол ба духтурон муроҷиат намудаасту табобати лозимаро мегирад. Беш аз ин, чунин ба назар менамояд, ки Сафари 26-сола тамоми нақшаҳои худро дар зиндагӣ кашидааст ва медонад, ки дар ҳолати ба ин касалӣ гирифтор будан, чӣ гуна бояд амал кард.

"Аллакай ман дар бораи ВИЧ тамоми маълумотҳоро хонда баромадам.  Медонам, ки дар кадом ҳолат чӣ гуна рафтор кунам. Ман аз оянаи худ ҳарос надорам",- мегӯяд ӯ.

Гуноҳи "беақлӣ"

Ба гуфтаи Сафар ҳангоми ба бемории Норасоии масъунияти бадан гирифтор шуданаш, хело ҷавон ва "беақл" буд.  Ҳоло бошад ҳар як амалашро фикр карда ва санҷида мекунад.

"Ман ба наздикӣ оиладор шудам. Ба ҳамсарам пеш аз тӯй фаҳмонидам, ки чунин инфексияро дорам ва аз вай розигиашро гирифтам",- мегӯяд вай.

Сафар мегӯяд, ки пас аз ба ин беморӣ гирифтор шудан ба назараш ҳаёташ умуман тағийр наёфтааст. Фақат медонад, ки аз дигарон як фарқ дорад- ҷисми вай  вирусеро бо номи ВИЧ  дорад.

"Ман мисли пештара хӯрок мехӯрам ва ҳаракат мекунам. Духтурон ба ман ягон парҳез нанавиштаанд. Аммо аз машруботи спиртӣ ва сигор дурӣ меҷӯям",- гуфт вай.

Ҷамъият

Сафар мегӯяд, ки ба касе дар бораи бемориаш нагуфтааст. Ҳатто волидонаш дар ин бора намедонанд. Вай аз он наметарсад, ки ҷомеа аз вай ҳазар мекунад, балки ҳамчун сирри шахсӣ медонад.

 "Ин сирри ман аст, барои чӣ ба дигарон нақл кунам.  Дар ин бора гуфтан бароям хуш нест. Ман фикр намекунам, ки ҳангоми дар ин бора фаҳмидан ҷӯраҳоям аз ман ҳазар мекунанд, балки худам намехоҳам",- мегӯяд вай.

Сафар ҳар моҳ ба духтур меравад ва дорувориҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ройгон барояш медиҳад, оварда қабул мекунад. Ҳамаи умедаш дар тиб аст, ки дар оянда оилаи солим барқарор мекунаду фарзанди солим ба дунё меорад.

Муҳиб: аз ғайбат метарсам

Як ҷавони дигар, ки ӯ ҳам ба гуфтаи худаш тахминан дар Русия аз ин вирус сироят ёфтааст, мегӯяд, ки дар бораи бемор буданаш ба ҳеҷ кас гуфтан намехоҳад. Вайро ҷомеаи Тоҷикистон нигарон кардааст, ки дар аксар ҳолат ин гуна беморон худро канор мегиранд.

"Агар дар ин бора гап барояд, сару садоҳо зиёд мешаванд ва ҳама ба ғайбат медароянд, чӣ лозим аст",- мегӯяд вай.

Ба гуфтаи ҷавон табибон, ҳатто ба вай ваъда додаанд, ки ҳангоми хонадор шудан барои ёфтани ҳамсар ба вай кӯмак мерасонанд.

"Ман метавонам ба духтаре хонадор шавам, ки вай ҳам сироят ёфтааст. Ин хел беҳтар мешавад",- гуфт ӯ.

Ба фикри вай ба ғайр аз розигии духтарро гирифтан, падару модари арусшаванда ҳам ҳастанд, ки дар тақдири духтарашон бетараф нестанд.

Муҳиб 20 сол дорад, ҳатто ба варзиш машғул мешавад ва аз тарзи ҳаёти солим даст накашидааст. Аз ҷавонони тоҷик, махсусан аз муҳоҷирон хоҳиш мекунад, ки дар ҳар амал аз оянда ва назикони худ фикр кунанд.

Шарҳи мутахассис

Дар ҳамин ҳол Абдуваҳҳобов сардухтури Маркази ноҳиявии мубориза  ва пешгирии бемориҳои ВНМБ дар яке аз ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон гуфт, ки аслан дар бораи пайдоиши ин беморӣ маълумотҳо гуногунанд. Дар ҷаҳон аввалин бемори ВИЧ соли 1887 ба қайд гирифта шудааст, ба  Тоҷикистон бошад ин беморӣ  соли 1991 расидааст.

Ба гуфтаи сардухтур,  беморӣ ба гурӯҳи касалиҳои табобатнашаванда дохил шавад ҳам, бо ёрии қурсҳои зиддивирусӣ шумораи вирусҳоро метавон дар бадан кам кард.

Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон марказҳои мубориза ва пешгирии бемории СПИД ташкил карда шуда, доруворӣ ройгон тақсим карда мешавад. Ба ғайр аз ин онҳо дар байни аҳолӣ мунтазам машварат ва вохӯриҳо гузаронида мешавад, мегӯяд ӯ.

  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД дар вилояти Суғд
    Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД дар вилояти Суғд
    © Фото : Центр профилактики СПИДа Согдийской области
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД дар вилояти Суғд
    Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД дар вилояти Суғд
    © Фото : Центр профилактики СПИДа Согдийской области
1 / 2
© Фото : Центр профилактики СПИДа Согдийской области
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД дар вилояти Суғд

Ба фикри Абдуваҳҳобов яке аз сабабҳои зиёд шудани шумораи гирифторони ВНМБ муҳоҷират ва паст будани сатҳи маърифатнокии мардум мебошад.

СПИД — (аломати норасоии масъунияти бадан) бемориест, ки онро вируси норасоии масъунияти Бадан — ВИЧ ба вуҷуд меорад.

ВИЧ — барангезандаи бемории СПИД  аст. Ҳангоми ба вуҷуди одам дохил гаштани вирус, на хама вақт нишонаҳои беморӣ дида мешавад, аммо ин беморӣ сироятӣ ба ҳисоб меравад. ВИЧ бевосита ба ҳуҷайраҳои системаи худмуҳофизати (иммунии) инсон зарар мерасонад. Вирус ҳуҷайраҳои системаи иммунии оринизмро хароб карда, вайро аз қобилияти таббии худмуҳофизаткунӣ маҳрум месозад.

381
Барчаспҳо:
СПИД, мубориза, беморӣ, муҳоҷират, Тоҷикистон