Дилшод назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-2016. Акс аз бойгонӣ

Дилшод Назаров шаҳрванди ифтихории Душанбе эълон шуд

39
(Таҷдидшуда 10:20 25.01.2017)
Қаҳрамони бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 Дилшод Назаров соҳиби манзили зисти нав шуда, “Шаҳрванди ифтихории Душанбе” эълон гардид

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе ба варзишгари номии тоҷик, қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров калиди манзили зист тақдим кард, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Дилшод Назаровро бо 300 ҳазор сомонӣ ва ордени "Шараф" дараҷаи-1 қадрдонӣ кард. Як сол қабл Назаров ордени Шараф дараҷаи 2-ро гирифта буд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78.68 метр ҳаво дод, ки нишондиҳандаи беҳтарини ин сабқат буд. Ӯ аз миёни ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба Рио роҳхат гирифтанд, танҳо нафаре буд, ки нишони тиллоии олимпиро ба даст овард. Намояндаҳои дигари Тоҷикистон дар марҳилаҳои интихобӣ ноком шуданд.

Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Ӯ хатмкунандаи донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон (2006) мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

39
Барчаспҳо:
"Шаҳрванди ифтихории Душанбе", калиди хонаи нав, Дилшод Назаров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дилшод Назаров ба рейтинги таъсиргузортарин мулусмонони ҷаҳон дохил шуд
Дилшод Назаров бо медали тилло ба Тоҷикистон бармегардад
Гурзандозӣ ва эҳсоси пурталотуми ғолиб: Чӣ гуна Дилшод Назаров дар Рио ғолиб гашт