Рустмаи Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ

Вазифаи нави Рустами Эмомалӣ дар арафаи Наврӯз

580
(Таҷдидшуда 15:57 15.02.2017)
Дар Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз Кумитаи тадорукоти Фестивали бозиҳои миллӣ ташкил шуда, Рустами Эмомалӣ роҳбари он таъин гардид

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матуботи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо мақсади эҳё, нигоҳдорӣ ва рушди бозиҳои варзишии миллӣ таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки барои дар сатҳи баланди касбию ташкилӣ баргузор кардани фестивал, консепсия, нақшаи омодагӣ, тартиби баргузории мусобиқаҳо ва фестивали мазкур тасдиқ гардид.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар остонаи таҷлили иди Наврӯзи ҷаҳонӣ (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) гузуаронида хоҳанд шуд.

Марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзиш аз 21 то 25 марти соли 2017, дар заминаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз рӯи 8 намуди варзиш (мусобиқа доир мегардад) ва аз рӯи 10 намуд, бозиҳои намоишӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор  карда мешавад.

"Намудҳои миллии варзише, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳои даставӣ дар ҷашни Наврӯз баргузор мегарданд- гуштӣ ё гуштии миллии суннатӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр) шатранҷ ва бандкашӣ мебошанд".

Дар баробари ин, "дар оғози фестивал намудҳои намоишӣ, монанди хурусҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камонғулак, фалағмолпартоӣ, ҳойталак, бандпарак пешбинӣ гардидаанд".

Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлил аз он
Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлил аз он
580
Барчаспҳо:
бозиҳои миллӣ, ба хотири Наврӯз, Кумитаи тадорукот, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Мавзуъ
Президенти Тоҷикистон ангораи Наврӯз-2017-ро тасдиқ кард
Соли нав ё Наврӯз: Чаро Соли нав шукӯҳашро дар Тоҷикистон аз даст медиҳад
Нон ва Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд