Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Аз энергияи атомӣ то шуғли аҳолӣ: имзои 6 санад миёни Тоҷикистону Русия

610
(Таҷдидшуда 18:47 27.02.2017)
Баъди мулоқоти сатҳи олии ду кишвар дар ҳузури сарони мамлакатҳо шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Имрӯз президенти Федератсияи Русия бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карда, бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти ҶТ сарони кишварҳо мулоқоти хоса анҷом дода, аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамин тавр дар ҳузури сарони ҳар ду кишвар шаш санади нави ҳамкорӣ имзо гардид:

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;

— Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017 ба имзо расид.

610
Барчаспҳо:
имзои шаш санади нав, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сафари президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон (17)
Навоз в кузове автомобиля

“Таппакбизнес”: бозори экзотикии маводи сӯхти “аз лиҳози экологӣ тоза” дар Тоҷикистон

248
(Таҷдидшуда 18:24 20.01.2021)
Таппак, ғӯзапоя, ҳезум, ангишт, газ... Бозори аҷибу ғариби сӯзишворӣ дар Тоҷикистон муҳтавояшро ғанӣ мекунад, вақте таъмини аҳолӣ бо барқ ба мушкил мувоҷеҳ мешавад ва зарур меояд, ки ба ҳар қимате набошад, ба оташу гармӣ даст ёфт

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. 5 январ, вақте ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ барои аҳолиро эълон кард, дар бозорҳои кишвар якбора қимати маводи сӯхт боло рафт. Дар баробари ангишту газ, ки аз сӯи корхонаҳои саноатӣ тавлид ва ё аз сӯи ширкатҳо аз хориҷ ворид мешаванд, бозори таппаки чорводорону ҳезуми ҳезумкашон ва ғӯзапояи деҳқонони пахтакор низ гарм шуд.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз гӯшаву канори Тоҷикистон тасвири ҷолибе аз ин бозори аҷибу ғариб ба даст медиҳанд, ки зоҳиран сол то сол ҷолибу ҷаззоб мешавад, аммо дар ягон омору ҳисоботи расмӣ таърифе аз он вуҷуд надорад ва як тиҷорати ҳамоно ношинохта барои иқтисод боқӣ мемонад.

Аз оғил ба бозор

Таппак, ки аз поруву саргини гову гӯсфанд ва бузи хонагӣ ҳосил мешавад, як сӯзишвории анъанавӣ дар Тоҷикистон аст, ки маъмулан хоси деҳот аст, аммо барои шаҳрҳо низ бегона нест. Ҳеҷ кас қадомати ин маводи сӯхтро намедонад.

Маъмулан таппакро дар шакли саргин фасли тобистон аз дашту саҳро ҷамъ оварда, захира ва дар фасли зимистон барои гармӣ ва пухтупази хонавода истифода мекунанд. Аммо афроде, ки дар хона чорво доранд, онро фасли сармо дар шакли тар ҷамъ оварда, дар фасли гармо хушк ва дар таппакдонҳо захира мекунанд.

Дар қиёс бо ҳезум, ки аз он дар осори таърихиву адабии асрҳои пешин ёд мешавад ва манбаъи даромади фақиронаи тоифаи ҳезумкаш дар бозорҳо буд, зоҳиран, таппак тайи сӣ соли ахир ба моли тиҷорат табдил ёфтааст.

Акбархӯҷа, як тоҷир дар чорроҳаи Ороми канори Хуҷанд, ки аз навоҳии атрофи шаҳр таппаку ҳезум ва ғӯзапоя меорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ маъмулан моли тиҷорати худро тобистон ва аввали тирамоҳ захира мекунад.

“Кам касе ба ин бозор таваҷҷӯҳ дошт. Баъзеҳо ор мекунанд. Аммо шахсан чанд сол аст, ки бо ин кор машғулам. Аввалҳо барои ошхонаҳои шаҳр ҳезум таҳия мекардам. Баъд дарёфтам, ки дар давраҳои бебарқӣ мардуми дигар ҳам дар ҷустуҷӯи ҳезуму таппак мешаванд. Бале, ин тиҷорати ҳамешагӣ нест, мавсимаш асосан ду-се моҳ тӯл мекашад, аммо бедаромад нест”, - гуфт ӯ.

Акбархӯҷа ва дигар ҳамсӯҳбатони мо аз Рашту Хатлон ва Душанбе дар бораи таппак ҷузъиёти ҷолибе ба даст медиҳанд. Ба қавли онҳо, агар дар оғоз як навъи оддии таппак дар як кунҷи бозорҳо савдо мешуд, ҳоло чандин намуди он ва дар як гӯшаи махсус дар қатори ангишту ҳезум харидуфурӯш мешавад.

Аз навъҳои таппак чалма ё сангтаппак (ки дар оғил саргини ҳайвонро сум зада, баъд дар шакли чоркунҷа бо каланд ё бел мекананд), кулӯлатаппак, тағора ё сатилтаппак (ки дар қолаби тағора ё сатил сохта мешавад), кумуртаппак (омехтаи ангишту саргин), таппаки заминӣ, ҳатто деворӣ ва ғайра низ бо шаклу намуди хос дар бозорҳо ироаи муштариён мешаванд, ки гоҳо донабайъ ва гоҳо бо мошин яклӯхт ба фурӯш мерасанд.

Акбархӯҷа мегӯяд, таппакро на фақат мардуми камдаромади деҳотӣ, балки сарватмандони шаҳрӣ низ харидорӣ мекунанд.

“Ба қавли маъмул, ин сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза ва ба саломатӣ, бахусус пойҳои инсон, фоидаовар аст. Агар қӯри онро ба сандалӣ гирифта, пойҳоятонро дарун кунед, бубинед, ки чӣ роҳате дорад. Тарбоду дардро мерабояд. Таппаки гӯсфанд мисли ангишт метавонад сари касро гирад ва дилбеҳузур кунад, аммо монанди ангишт кушанда нест. Таппаки буз хеле камёфт аст. Таппаки гов бисёр ва бозоргир аст”, - гуфт ӯ.

Соли равон нархи як дона таппак вобаста ба навъаш аз 25 ё 50 дирам ба 1 то 1,5 сомонӣ ва як мошинаш аз 400 ба 800 сомонӣ боло рафт, ки ба қавли огаҳони ин бозор, дар гузашта собиқа надошт ва ҳам далолат бар қавӣ гаштани мавқеи ин маводи сӯхт дар бозор мекунад.

Кундаи муфиди бобоӣ

Ҳезум аз қадим ва то он замон, ки нафту газ ва ангишт дар зиндагии мардуми ҷаҳон пайдо нашуданд, беҳтарин ва маъмултарин маводи сӯхт буд. Он чӣ ҳезумро аз таппак фарқ мекунонанд, оташбардории он ва он чӣ умумияташон медиҳад, ба истилоҳ, аз лиҳози экологӣ тоза ва барои сиҳатӣ муфид будани онҳо аст.

Абдураҳим, як фурӯшандаи дигар аст, ки бозори шаҳри Ваҳдат ва ҳам бозорчаи дуроҳаи Қарағочи канори шаҳри Душанберо бо таппаку ҳезум таъмин мекунад. Тиҷорати вай таъмин намудани як қатор ошхонаҳои Ваҳдату Душанбе бо ҳезум аст, аммо вақти фаромадани сардӣ захираҳои молашро ба бозорҳо низ ироа мекунад. Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъмулан ҳезуми дарахтони пири зардолу, себ, олуча ва тут муштариёни зиёд доранд.

“Ҳезуме, ки аз дарахти мева ҳосил мешавад, агарчи сахтшикан аст, кам дуд мекунад, дер месӯзад ва ҳам фоида дорад. Асосан афроди сарватманд ё миёнаҳол онро супориш медиҳанд. Ин анвои ҳезум аз боғҳои куҳна ба даст меоянд. Вақте дарахтон ё шохаашон хушк мешаванд, онҳоро мебуранду ҳезум мекунанд”, - гуфт Абдураҳим.

Ба қавли ӯ, ҳезум дар шакли кунда ва ё бастаи шохчаҳо фурӯхта мешавад, масалан, имсол як метр кунда аз 50 сомонии тирамоҳ ба 90 сомонӣ дар вақти сармо боло рафт ва ҳамин тавр, нархи як дарзаи шохчаҳо ё ҳезуми резашуда аз 3,5 ба 6 сомонӣ афзуд.

Дар умум, дар саросари Тоҷикистон имрӯзҳо як мошини ҳезум вобаста ба гунҷоишаш аз 800 то як ҳазор сомонӣ, ҳатто бештар аз ин арзиш дорад, ки ба қавли тоҷирон, барои як зимистон, бо иттифоқи истифода аз барқу ангишт, кифоят мекунад.

Пешдаргирон

Ғӯзапоя, боқимондаи заминҳои пахтаи манотиқи пахтакори Тоҷикистон аст, ки аз оғози пайдоиши ин рустанӣ дар кишоварзии Тоҷикистону минтақа, ба масобаи маводи сӯхт истифода шудааст.

Сангалӣ, як фурӯшандаи ғӯзапоя дар шаҳри Бохтар мегӯяд, афроде, ки замини пахта доранд ва ғӯзапоя ба даст меоранд, зиёдатии онро мефурӯшанд. Ба қавли ӯ, ғӯзапояро асосан барои пешдаргирон истифода мекунанд, зеро ҳамон тавре ки зуд месӯзаду зуд хонаро гарм мекунад, ҳамон гуна зуд тамом мешавад.

Сухие  стебли хлопчатника
© Sputnik
Сухие стебли хлопчатника

“Агар ниҳолаш ғафс бошад, каме медорад, дар акси ҳол, зуд сӯхта тамом ва хона ҳам зуд сард мешавад. Аз ин хотир, мардум дар баробари он ангишту ҳезумро низ захира мекунанд, то гармии хонаро муътадил нигоҳ доранд”, - гуфт Сангалӣ.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, як дарзаи ғӯзапоя дар гӯшаву канори Тоҷикистон аз 3 то 5 сомонӣ савдо мешавад ва як мошинаш аз 400 то 700 сомонӣ.

Фақат ангишт

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар бозорҳои Хоруғ, маркази вилоят, ғӯзапоя аслан вуҷуд надорад ва таппаку ҳезум низ хеле ба нудрат пайдо мешавад.

Аслишоҳ, як сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, дар Бадахшон чорвои хонагӣ, бавижа гову гӯсфанд, кам аст ва агар сокинон таппак ҳам кунанд, аз эҳтиёҷоти худашон зиёдатӣ намекунад.

“Азбаски замини кишоварзӣ кам аст, боғот низ кам ҳастанд ва ҳезумеро, ки ба даст меояд, худи хонаводаҳо масраф мекунанд. Аммо барои сардиҳое, ки дар Бадахшон ҳукм меронанд, чораи асосӣ ангишт аст, ки аз берун ворид мешавад”, - гуфт Аслишоҳ.

Дар Бадахшон ангишти серхаридор аз водии Олойи Қирғизистон ва кони Назар Айлоқи Рашт ворид мешавад, ки килои он аз 1,8 то 2, 20 дирам арзиш дорад. Дар қисматҳои дигари Тоҷикистон низ бар иловаи ангишти қирғизӣ, ангишти конҳои ноҳияи Айнӣ низ ба бозорҳо ироа мешавад ва қиматашон аз 1,8 то 2,5 сомонӣ сари кило аст.

Сӯзишвории дигаре, ки дар сардиҳо деги мардумро меҷӯшонад, гази моеъ аст. Онро дар баллонҳои хурди сохти Эрону Чин харидорӣ намуда, барои хонавода хӯрок омода мекунанд.

Мешки угля
© Sputnik
Мешки угля

Таҷрибаи бо газ гарм кардани хонаҳо, ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, натиҷаи мусбат надодааст, зеро ин маводи сӯхт ҳавои хонаро вайрон мекунад ва ба сиҳатии мардум зиёновар аст.

Дар гузашта ин маворид, ки афрод аз дуди ангишт ва таркиши баллонҳои газ ба ҳалокат расидаанд, гузориш шуда буд.

248
Барчаспҳо:
гармӣ, сӯзишворӣ, ҳезумчинӣ, ангиштсанг, лимити барқ, Тоҷикистон
Премьер-министр РТ Кохир Расулзода

Ҷамъбасти соли 2020 ва супоришҳо барои 2021: маҷлиси Расулзода дар вилояти Хатлон

165
(Таҷдидшуда 13:35 20.01.2021)
Расулзода масъулини вилояти Хатлонро барои таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, сарфаю сариштакории неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ вазифадор кард

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 - ро ҷамъбаст кард.

Расулзода зимни суханронӣ ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, сарфаю сариштакории неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба хотири риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ масъулинро вазифадор намуд.

Зикр гардид, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар чор ҳадафи стратегии мамлакатанд, ки дар доираи ин ҳадафҳо ва дигар барномаву стратегияҳо дар вилояти Хатлон пайваста тадбир андешида мешавад.

Сарвазир таъкид карда, ки "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020" аз нақшаҳое мебошанд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои умумӣ дар доираи афзалияти сатҳи миллӣ, маҳаллӣ ва соҳавӣ бо дарназардошти истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ ва молиявӣ дар давраи муайян қабул карда шуда, татбиқи онҳо ҳатмӣ мебошад.

Барномаи рушди маориф дар Хатлон ҳамагӣ 22% иҷро шуд: нигарониҳои раисиҷумҳур

Бо мақсади рушди соҳаи саноат дар ҳудуди вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар доираи қонунҳои амалкунанда ба соҳибкорону сармоягузорон афзалият дода мешавад.

Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди иншооти таъйиноти гуногун ҷараён дошта, рӯз то рӯз инфрасохтори вилоят беҳтар карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ хоҷагидорону кишоварзони вилоят бо эҳсоси баланди масъулият талош доранд.

Натиҷаи баланди истеҳсолӣ дар мавсими ҳосилғундории солҳои 2020 исботи заҳматҳои ҳамешагии аҳли заҳмати вилоят мебошад. 

Дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ чораҳои таъхирнопазир амалӣ карда мешаванд.

Расулзода ҳамчунин таъкид намуд, ки истифодаи самараноки захираву имконияти мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар сокини вилоят вобаста мебошад.

165
Барчаспҳо:
натиҷагирӣ, ҷаласа, Қоҳир Расулзода, Хатлон
День 21 января

Аз Рӯзи оғӯш то ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Наврӯзгоҳ": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Рӯзи бисту якуми январ дар Лаҳистон – Рӯзи бибиҳо, дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ. Рӯзи байналмилалии оғӯш мебошад

Рӯзи 21 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Олмон корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати "Опел" истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард ва  ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад.

Соли 1932 дар Остона аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати Қазоқистон" («Казахстанская правда») нашр шуд.

Соли 1954 дар ҷаҳон нахустин маротиба бомбаи атомии зери обӣ сар дода шуд.

Соли 2011 дар Остона, дар  Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — "Реал" ва "Барселона", инчунин "Манчестер Юнайтед"-и Англия дар соли 2015 беш аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.

Рӯзи 21 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 нахустин шумораи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аз чоп баромад.

Соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо аз 18 ба 12 моҳ поин оварда шуд.

Соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2014 сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.

Соли 2017  Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 январ

  • Дар Лаҳистон – Рӯзи бибӣ (модаркалон).
  • Дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ.
  • Рӯзи байналмилалии оғӯш.

Рӯзи 21 январ кӣ ба дунё омадааст

Анвар Абдурасулов (1947)- физикдон, профессор.

Аҷамӣ Муҳаммадалӣ (1954) – шоир.

Бандишоева Савсан (1922 – 2003) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Гулов Тағоймурод (1945) – доктори илми кишоварзӣ.

Ғаниев Комилҷон (1950) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Кандинов Лев (1932) – нависанда.

Каримова Аза (1925 – 2000) – доктори илми филологӣ.

Қаландарбеков Имомёрбек (1955)- доктори илми техникӣ, профессор.

Мастонгулов Мирзо (1939-2008)- доктори илми иқтисод, аввалин лётчики касбии тоҷик.

Маҳкамов Файз (1941) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Мирзоев Кароматулло (1941) – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Мусулмонкулов Раҳим (1938) – доктори илми филологӣ, профессор.

Собиров Султон ( 1933 – 1998) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих