Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ

Қарори Р. Эмомалӣ оиди интихоби беҳтарин зани ронанда дар Душанбе

655
(Таҷдидшуда 11:41 06.03.2017)
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оиди баргузории озмуни “Авто-Бону-2017” қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, раиси шаҳри Душанбе муроҷиати вазорати корҳои дохилии ҶТ-ро оиди баргузории озмуни беҳтарин ронандазан дастгирӣ кардааст.

Озмун 4 марти соли 2017 аз соати 900 то 1800 дар пойгоҳи мошинронии ба номи А. Турсунзода, воқеъ дар кӯчаи С.Айнии километри 7-уми шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тибқи қарор макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар назди Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳи пойтахт" муқаррар гардидааст.

Баъдан қатораи автомобилҳои иштирокчиёни озмун бо мушоиати автомобилҳои роҳбонӣ (патрулӣ)-и БДА ва мототсиклронҳои Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ — И.Сомонӣ — Рӯдакӣ — С.Айнӣ то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов анҷом диҳанд.

Ғолибони озмунро мукофоти пулӣ интизор аст. Барои ҷои аввал-3000 сомонӣ, ҷои дуюм-2500 сомонӣ ва мақоми сеюм-2000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, ки мақсади асосии озмун баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, такмили шаклу усулҳои кор оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт мебошад.

655
Барчаспҳо:
4-уми март, озмуни "Авто-Бону-2017", Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Рустами Эмомалӣ барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон кард
2017-Соли ҷавонон: озмун барои ҷавонони фаъоли Тоҷикистон
Имсол 600 квота: озмун барои таҳсили буҷавӣ дар Русия оғоз шуд