Интиқоли кӯмаки Русия ба Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳарбиёни пойгоҳи 201-ум ба Сағирдашт 2 тонна маводи ғизоӣ бурданд

86
(Таҷдидшуда 13:54 05.03.2017)
Баъди бориши зиёди барф ва фаромадани тарма, дар минтақаҳои кӯҳӣ, роҳҳои мошингард баста шуда, алоқаи байни қишлоқҳо ва марказҳои ноҳия қатъ гардид

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Округи марказӣ ҳарбии Русия, халабонони пойгоҳи 201-уми дар Тоҷикистон ба сокинони Сағирдашт зиёда аз 2 тонна кӯмаки башардӯстона интиқол доданд.

Ба сокинони Помири шарқӣ маводи ғизоӣ аз ҷумла-орд, маҳсулоти донагӣ, маккорон, руған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дастрас шуд.

"Халабонон ба Сағирдашт зиёда аз 2 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ интиқол доданд",-омадааст адр хабарнома.

Дар баробари ин ҳарбиёни пойгоҳи низомии 201-ум яке аз сарҳадбонони тоҷикро аз ноҳияи Ванҷ, ки ба ёрии духтурон ниёз дошт, ба Душанбе интиқол доданд.

Аз санаи 28-уми январ то 25-уми феврал дар манотиқи гуногуни кишвар зиёда аз 100 тармаи калон рехта, 20 нафар зарар диданд ва 4 нафари дигар бе ному нишон гаштанд.

Сокинони маҳаллӣ қайд мекунанд, ки ин гуна ҳавои номусоид тайи 30 соли ахир бори аввал аст. Як қисми минтақаҳои Помир то ҳол ба нақлиёт дастрасӣ надоранд. 

Пештар Русия барои осебдидагони ин офати табиӣ кӯмаки башардӯстона равон карда буд.

86
Барчаспҳо:
2 тонна, кӯмаки башардӯстона, пойгоҳи 201, Тоҷикистон, Русия
Подписания Меморандума между Министерством труда, миграции и занятости Республики Таджикистан и Международным центром развития миграционной политики

Барои муҳоҷирони рафта ва баргашта: дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис меёбад

123
(Таҷдидшуда 15:45 29.09.2020)
Ин масъаларо Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнати Тоҷикистон бо Михаел Шпиделеггер, Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба имзо расид.

Бино ба гузоиши Вазортаи меҳнат ва муҳоҷират, ин ёддошт рӯзи 25 сентябр имзо шуд.

Зимни ба имзо расонидани санади мазкур, Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнати Тоҷикистон ва Михаел Шпиделеггер, Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) зикр намуданд, ки Ёддошти мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Вазорат ва Маркази мазкур дар самти муҳоҷират заминаи мусоид мегузорад.

Гуфта мешавад, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми зикршуда, баргузории як қатор чорабиниҳо барои самаранокии идоракунии муҳоҷират, такмили минбаъдаи сиёсати миллии муҳоҷират, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии инфиродӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафари онҳо ба хориҷи кишвар ва баъди бозгашт ба Ватан дар назар аст.

Ҳамчуни дар доираи ин санад, баргузор намудани семинарҳои омўзишию тренингҳо барои  кормандони  сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳал оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо ва тақвияти фаъолияти мақомоти муҳоҷират, омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, ташкили машварату ҷамъомадҳои сайёр дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, омўзиши қонунгузории давлатҳои қабулкунанда  ҷиҳати  ба роҳ мондани муҳоҷирати қонунӣ, пешбинӣ мегардад.

"Дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур, аз ҷониби Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират, Маркази захираҳои муҳоҷират дар шаҳри Душанбе (Migrant Recourse Centre) таъсис дода мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Мавриди зикр аст, ки МБРСМ ҳамчун ташкилоти махсуси байналмилалӣ 1 майи соли 1993 дар шаҳри Вена таъсис ёфта, айни ҳол зиёда аз 50 давлати Аврупо ва кишварҳои Роҳи абрешим, инчунин 10 ташкилоти байналмилалӣ иштирокчиёни он мебошанд.

Сябитова шарҳ дод, ки чаро занони рус бо муҳоҷирон издивоҷ мекунанд

Фаъолияти МБРСМ  ба таҳияи системаҳои ҳамаҷониба  барои  таъмини муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ дар кишварҳои аъзо  равона шуда, он бунёди дарозмуддати  ҳамкории шарикиро дар ин самт бо кишварҳои Аврупо ва давлатҳои Роҳи абрешим амалӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2003 инҷониб ба Маркази байналмилалии мазкур шомил гардидааст.

123
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Русия, муҳоҷират
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

42 - сола ва падари 4 фарзанд: даргузашти мақомдори Конибодом аз коронавирус

2112
Дар Конибодом роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ҷалилӣ Абдувоҳид Карим аз маризии коронавирус фавтидааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Абдулвоҳид Карим, ки муддати 5 - сола ба ҳайси раҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом ифои вазифа мекард, дар синни 42 - солагӣ олами фониро падруд гуфт, хабар медиҳад котиботи раиси шаҳри мазкур.

Сомонаи Pressa. tj менависад, марҳум мубталои коронавирус буд ва иллати марги ӯ маҳз ҳамин беморӣ мебошад.

Ҷалилӣ Абдулвоҳид мутаваллиди соли 1978 буда, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд буд.

Аввалин раиси Суди Олӣ даргузашт, касе ки истиқлолияти Тоҷикистонро расмият бахшид

Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 2002 оғоз намуда, нахуст дар вазифаи котиби маҷлиси судӣ кор мекард. Сипас ба вазифаҳои иҷрочии калони суди шаҳри Конибодом, раиси ҷамоат, сармутахассиси гузаргоҳи "Патар" кору фаъолият мекард.

Як замон мудири шъъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои раиси шаҳр низ таъин шуда буд. Аз соли 2015 ба ин сӯ, вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодомро иҷро мекард.

2112
Барчаспҳо:
раис, даргузашт, Конибодом
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

0
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин ҳокими араб, амири Кувайт Сабоҳи IV дар синни 92-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шудааст.

Аз он вақт инҷониб, мақомоти Кувайт борҳо гузориш додаанд, ки саломатии Сабоҳи IV мӯътадил буда дар ҳоли беҳбуд аст.

Ҳамзамон, бародари хурди Сабоҳи IV ва шоҳзодаи валиаҳд Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи амир таъин гардида буд.

Тибқи иттилои ҳукумат, амири нав валиаҳд Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷойгузини Сабоҳи IV шудааст.

Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сар аз моҳи январи соли 2006 дар Қувайт ҳукмронӣ мекард.

Қабл аз он, ӯ ба ҳайси сарвазир кор мекард ва пештар аз он тӯли даҳсолаҳо раёсати сиёсати хориҷии кишварро ба зима дошт.

0
Барчаспҳо:
шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ, даргузашт, Қувайт