Наврӯз дар Душанбе

Видео-мэппинг: таҷлили Наврӯзи "замонавӣ" дар Душанбе

114
(Таҷдидшуда 16:13 26.03.2017)
Барои аввалин бор дар пойтахти Тоҷикистон бо исифода аз таҷҳизоти ҳозиразамон-видео-мэппинт шоу барномаи фарҳангӣ фароғатӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии сарпарасти шаҳрдории Душанбе, санаи 23-24-уми март бахшида ба ҷашни Наврӯз дар майдони 800-солагии пойтахт барномаи фароғатӣ фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳунармандон ва мутахассисони соҳаи ҳунар шоу-барномаро, ки аз тасвирҳои зинда иборат буд, падидаи  ҷадид дар санъати ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд.

Ҳазорҳо нафар сокинон ва меҳмонони пойтахти ҷумҳурӣ ин барномаи нави ҳунариро тамошо карда, ба созмондиҳандагони он баҳои баланд доданд.

Барномаи фароғатӣ фарҳангӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамон, видео-мэппинг барои аввалин бор дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Барномаи вмдко-мэппинг дар Душанбе
Барномаи вмдко-мэппинг дар Душанбе

114
Барчаспҳо:
видео-мэппинг, таҷлили Навруз, шаҳрдори Душанбе, Душанбе
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Мавзуъ
Бурсоқ, ош ва рақсу бозӣ: ҷашни наврӯзӣ дар Калининград
Ҳунармандони Хуҷанд дар назди Эмомалӣ Раҳмон "бе фонограмма" суруд хонданд
Наврӯзи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав: меҳмонони хориҷиро ошиқи атлас ва оши палав кард
Ясмина - кӯдаке ки тасвираш "Tehran Magazine"-ро оро дод
День 25 января

Аз зодрӯзи Фаррух Ҳамралиеву Субҳон Ибодов то Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат: имрӯзи таърих

127
(Таҷдидшуда 22:22 24.01.2021)
Рӯзи биступанҷуми январ дар Тоҷикистон аз Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи "Лайлӣ ва Маҷнун" барпо гардид.

Соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои  олимпии зимистона баргузор гардид.

Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони амрикоии "Эмми" гузаронида шуд.

Соли 2016 дар Амстердам Маркази Урупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.

 

Рӯзи 25 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2010 бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар кори Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шаҳри Истанбули Туркия сафар кард.

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Фармон ба имзо расониданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.

Соли 2017 қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.

Соли 2017 Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро "барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ" бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.

Ҷашнҳои рӯзи 25 январ

  • Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Рӯзи 25 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1944 – доктори илмҳои физика- математика Субҳон Ибодов.

Соли 1966 – иқтисодчӣ Фаррух Ҳамралиев.

127
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Ҳалокати 300 кас дар паи заминларзаи шадид дар Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Аз рӯзи байналмилалии эскимо то фавти 50 ҳазор нафар дар Чилӣ: имрӯзи таърих
Аз Рӯзи оғӯш то ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Наврӯзгоҳ": имрӯзи таърих
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Тасвиби грант барои таъмини тоҷикистониён бо кор

224
(Таҷдидшуда 21:21 24.01.2021)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии Рушдро тасвиб кардааст, ки ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” равона мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ки маблағи умумии лоиҳа 34,65 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

“Аз он 30,0 млн. доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд, 1,5 млн. доллар аз ҳисоби гранти Хазинаи Ҷопон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва 3,15 млн. доллар ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озодкунӣ аз андозҳо пешбинӣ гардидааст”, - изҳор дошт Маҷидӣ.

Ноиби вазири молия афзуд, мақсади лоиҳа беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бакортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруна мебошад.

“Аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии Маркази омӯзиши соҳаи туризм ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази омӯзиши соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва Маркази омӯзиши соҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин, се маркази хизматрасонии муҳоҷирон дар ноҳияи Восеъ, шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд дар назар дошта шудаанд”, - иттилоъ дод Маҷидӣ.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли ноиби вазири молия афзуд, дар доираи лоиҳа инчунин идрорпулӣ барои занҳои танҳо, аз оилаҳои камбизоат, хариди ҳашт адад микроавтобус дар марказҳои омӯзишӣ ва  чор воситаи нақлиёти хизматрасонии маъмурӣ дар назар аст.

Ташкили низоми нави иттилоотии бозори меҳнат тавассути таҷҳизоти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, омӯзиши ҳайати коргарон ва баҳрагирандагони лоиҳа оид ба рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсион, ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва тақвияти рушди касбии муҳоҷирони меҳнатӣ аз бандҳои дигари лоиҳаи мазкур арзёбӣ шудааст.

224
Барчаспҳо:
грант, Тоҷикистон
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид, архивное фото

Норасоиҳоро бартараф кунед: супориши Давлаталӣ Саид ба роҳбарони МОИ

50
(Таҷдидшуда 11:54 25.01.2021)
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.

Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар  як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.

Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.

50
Барчаспҳо:
Давлаталӣ Саид, содирот, истеҳсол, таъсис, Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, Тоҷикистон