Хуршеда Ҳамроқулова, акс аз бойгонӣ

Хуршеда Ҳамроқулова аз номи тоҷикон ба сокинони Петербург ҳамдардӣ баён кард

76
(Таҷдидшуда 21:01 04.04.2017)
Хуршеда Ҳамроқулова, роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон, ба сокинони шаҳри Санкт-Петербург ва тамоми Русия дар бастагӣ бо инфиҷор дар метрои он шаҳр ҳамдардӣ баён кард. Вай дар изҳороти худ мардумони Тоҷикистон ва Русияро муттаҳидоне номид, ки тавонистаанд бар фашизм пирӯз шаванд ва умедвор шуда ки бар терроризм низ чира хоҳанд шуд

Хуршеда Ҳамроқулова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз номи тамоми тоҷикон ба сокинони Санкт-Петербург ва Русия ҳамдардии хеш ва аҳли "Маркази фарҳангии тоҷикон"-ро байн намуд.

"Рӯзи гузашта дар таркиши метрои Петербург даҳҳо нафар ҷароҳат бардошта, беш аз 10 нафар қурбон шуданд. Тамоми Русия аз шунидани ин хабар ба таҳлука афтод",- изҳор дошт вай.

Ӯ амали нафаронеро, ки боиси марг ва ҷароҳати сокинони осоишта гардидаанд, маҳкум намуда, кори ваҳшиёна номид.

Вай дар изҳороти худ мардумони Тоҷикистон ва Русияро муттаҳидоне номид, ки тавонистаанд бар фашизм пирӯз шаванд ва умедвор шуда ки бар терроризм низ чира хоҳанд шуд.

"Бидуни шакк пушти ин нафарон сармоягузорони бузурге меистанд, ки мақсади онон барҳам додани иттиҳоди миллатҳои гуногуни Русия мебошад", — таъкид кард роҳбари маркази фарҳангӣ.

Хонум Ҳамроқулова ба сокинони шаҳри Санкт-Петербург ва хонаводаҳои осебдидагон ҳамдардии амиқи худро баён кард.

"Аҳли созмони иҷтимоъиву минтақаии "Маркази фарҳангии тоҷикон" ва аъзои Академияи байналмилалии ваҳдати руҳонӣ ва равобити мардумони ҷаҳон ба сокинони шаҳри Петербург ва тамоми Русия ҳамдардии худро баён мекунад", — изҳор дошт вай.

Вай ҳамчунин ба кулли ҷаҳониён сулҳу суботро орзу кард.

"Мо омода ҳастем барои мубориза бо ин гуна падидаҳои зиёнбор ҷаҳд кунем ва ҷаҳонро пок созем. Худованд кушташудагон дар ин инфиҷорро раҳмат кунад ва захмиёнро дармон диҳад", — дуъо кард дар охир раҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав Хуршеда Ҳамроқулова.

76
Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, Хуршеда Ҳамроқулова, Тоҷикистон- Русия
Мавзуҳо:
Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург (15)
Мавзуъ
Владмир Пучков: се шаҳрванди хориҷӣ дар инфиҷор дар метрои Петербург кушта шудаанд
Сарконсулгарии ҶТ дар Петербург: ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон кушта нашудааст
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии новых культурных объектов в Хатлонской области

"Бародарамонро аз даст додем": ҳамдардии Раҳмон бо Навоф ал-Аҳмад

687
(Таҷдидшуда 16:57 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт, ки дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт, изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Бино ба гузорши котиботи раисиҷумҳур, Раҳмон дар номаи таслият аз хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ андӯҳгин шудааст.

"Бо реҳлати он ходими шоистаи сиёсиву давлатӣ мо бародари гиромии худро, ки бо хидматҳои бузурги инсондӯстонааш дар минтақа ва ҷаҳон нуфузу эътибори хоссаро соҳиб гашта буд, аз даст додем", - омадааст дар нома.

Раҳмон афзуда, ки марҳум бо саҳми босазояш дар густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Кувайт ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад.

"Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум, ба тамоми мардуми бародари Қувайт таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам".

Президенти Тоҷикистон дуо карда, ки "Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун".

Ёдрас мешавем, ки Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт -куҳансолтарин ҳокими араб дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар синни 92-солагӣ даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шуда буд.

687
Барчаспҳо:
таслият, ҳамдардӣ, даргузашт, Амири Кувайт, Қувайт, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон открыл среднюю школу № 96 в Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав сафар кард

519
(Таҷдидшуда 11:28 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон сафарашро аз ифтитоҳи Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад" оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав рафт. Кишвардорро фаъолону сокинон истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Гуфта мешавад, ки ин ҷо нахуст президент дар деҳоти Чустии ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад"-ро ба баҳрабардорӣ расонидааст.

Тибқи ититлои манбаъ, комплекси мазкур аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия — "Марва-мебел", коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.

Корхонаи муштараки "Марва-мебел" дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷойгир мебошад.

Барои мебелсозӣ аз кишварҳои Урупо 16 адад дастгоҳи замонавӣ ворид гардидаанд.

Вобаста ба фармоиш дар корхонаи навбунёд беш аз 300 номгӯй мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату нишасткурсиҳои гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар корхонаи мазкур имкон аст дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард карда шавад.

Манбаъ таъкид карда, ки дар корхона маҳсулот аслан вобаста ба фармоиш истеҳсол карда шуда, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Чӯбу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Русия ва Ӯзбекистон ворид карда мешаванд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кандакорӣ дар чӯб, ки барои миллати тоҷик меросист, дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст.

Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷрибаи зиёди корӣ ҷалб шудаанд.

Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Президент ба масъулин барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзонидани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб ба насли наврасу ҷавон ҳидоят кардааст.

519
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон