Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар бунёди шаҳраки Тем саҳмгузорӣ хоҳад кард

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкХоруғ, маҳаллаи Гӯлакен, акс аз бойгонӣ
Хоруғ, маҳаллаи Гӯлакен, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва намояндаи доимии Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон Алиакбар Писнонӣ дурнамои ҳамкориҳо дар заминаи кишоварзӣ ва бунёди шаҳраки Темро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар ин мулоқот, ки дар Хоруғ баргузор шуд, ҳамчунин чораҳое барои бартараф кардани пайомадҳои балоҳои табиъие ҷуста шуд, ки аз зимистон то кунун дар ВМКБ рух додаанд.

Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар сафҳаи фейсбукии худ хабар додааст.

Раиси ВМКБ дар ин дидор аз раванди сохту сози шаҳраки Тем гузорише дод ва аз Шабакаи тавсеъаи Оқохон даъват кард бо бунёди меҳмонхонаи модерн ё дигар зерсохтор ва дастгирии соҳилбандӣ дар иҷрои тарҳи шаҳрсозӣ саҳмгузорӣ кунад. Алиакбар Писнонӣ ин пешниҳодро пазируфт ва гуфт, ки дар кӯтоҳтарин фурсат барои амалӣ карданаш чораҷӯӣ хоҳад шуд.

Дар Хоруғ шаҳраки ҷадид бунёд мешавад

Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба барномаи ҳукумати ВМКБ барои кам кардани кишти ғалла ва афзудани кишти картошка ва хӯроки чорво қарор шуд ки Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар таҳияи маводи сӯхт ва тухмӣ барои кишти баҳории имсол устондориро ёрӣ хоҳад расонд.

Шодихон Ҷамшед ва Алиакбар Писнонӣ ҳамчунин дар бораи пуштибонии молии корофаринони бадахшонӣ бо вомҳои камбаҳраи Нахустин бонки хурдасармоягузории Шабакаи тавсеъаи Оқохон табодули назар карданд.

Aga Khan Khorog Medical Centre - Sputnik Тоҷикистон
Бемористони Оқохон дар шаҳри Хоруғ сохта мешавад

Қарор шуд барои амалӣ кардани пешниҳодҳои баррасишуда дар кӯтоҳтарин замон чораҳои амалӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0