Принцесса Захра Ага Хан, архивное фото

Шоҳдухт Заҳро Оқохон аз Бартанг ва Ишкошим боздид мекунад

4167
(Таҷдидшуда 16:31 25.04.2017)
Шоҳдухт Заҳро Оқохон бо дидори серӯза ба Тоҷикистон ташриф оварда ва қарор аст аз Бартанг ва Ишкошим боздид кунад

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар ин бора Фируза Ғуломасейнова, сухангӯи Созмони тавсеъаи Оқохон (AKDN) ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ афзуд, ки шоҳдухт дар сафари кории серӯза аз Бартанг ва Ишкошим боздид карда, аз тарҳҳои Созмони тавсеъаи Оқохон дар масоили фақрзудоӣ, тавсеъаи иқтисодӣ, рушди омӯзишу парвариш ва беҳдошту дармон дидан хоҳад кард.

Пешвоз
© Фото : Аз сухангӯи вилояти ВМКБ

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки шоҳдухт Заҳро Оқохон дар ин сафараш бо бархе аз мақомоти расмии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои Созмони тавсеъаи Оқохон дидору мулоқот хоҳад кард.

Равобити умуми Созмони тавсеъаи Оқохон хабар медиҳад, ки шоҳдухт Заҳро Оқохон дирӯз, 24 апрел дар Бомиёни Афғонистон дар маросими ифтитоҳи бемористон ширкат кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта пешвои исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Оқохони IV бо вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дидор ва мулоқот кард.

4167
Мавзуҳо:
Боздиди шоҳдухт Заҳро Оқохон аз Тоҷикистон (5)