Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт: ба мақомот кумак кунед

925
(Таҷдидшуда 12:43 02.05.2017)
Шаҳрдори Душанбе шаҳрнишинонро фаро хондааст бо фиристондани пешниҳодҳои худ дар ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳандозии Барномаи рушди иҷтимоъиву иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 саҳмашонро бигзоранд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми шаҳрдории Душанбе, пойтахтнишинон метавонанд пешниҳодҳои худро ҷиҳати ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шаҳрдорӣ ирсол кунанд.

"Хоҳишмандем фикру мулоҳизот ва пешниҳодҳои созандаву офаринандаи худро ба Гурӯҳи корӣ бо роёнишонии barnoma2025@mail.ru бифристед ва ё бо телефони 987-96-00-00 тамос бигиред", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 дар ҳоли таҳия шудан аст.

925
Барчаспҳо:
Барномаи рушди Душнабе то соли 2025, таклиф, кумак, пешниҳод, шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Рустами Эмомалӣ ба таъмири мактабҳо ва боғчаҳои Душанбе пардохт
Пешниҳоди номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ
Рустами Эмомалӣ телевизиони “Футбол”-ро ба кор даровард
Рустами Эмомалӣ барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон кард