Тӯйи тоҷикӣ дар Маскав

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим: "қарзгирӣ барои тӯй кам шудааст"

205
(Таҷдидшуда 19:23 14.06.2017)
Муслиҳиддин Хоҷаамиров корманди Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо гуфт, ки ҳолатҳои қарзгирӣ барои баргузории ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон кам шудааст

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои дохили ҶТ рӯзи 12 май дар маҷлисгоҳи ин ниҳод бо ширкати муовини вазир Саидзода Маҳмадсаид Борон, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва кормандони вазорат дарси хизматӣ баргузор шуд.

Ин маҷлис ба муносибати "10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузарнида шшуд.

"Муслиҳиддин Хоҷаамиров мутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гуфт, ки амалисозии қонун дар тӯли даҳ сол имконият дод, то сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар ва сатҳи хароҷоти зиёдатӣ, ҳолатҳои қарзгирӣ барои баргузории ҷашну маросимҳо паст шаванд".

1 / 3
Дарси хизматӣ дар ВКД

Манбаъ меафзояд, ки дар рафти дарси хизматӣ миёни маърӯзачиён ва кормандони вазорат дар бораи риояи қонун табодули афкор сурат гирифт.

Ширкаткунандагон барои пешрафти кор як қатор таклифу пешниҳодҳои муфид баён карданд.

Аз ҷумла, дида баромадани тӯйи домодию арӯсӣ (аз ҷониби духтардор), гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ дар миёни мардум, ҳамкорӣ дар тартиб додани протоколҳои маъмурӣ ва ғайра ибрози назар карда шуд.

205
Барчаспҳо:
камшавии қарзгирӣ, дарси хизматӣ, маросим, тӯй, ҷашн, Кумитаи дин, танзими анъана ва расму оини ҶТ, Муслиҳиддин Хоҷаамиров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Домоди гурезпой: боздошти шоҳ барои напардохтани пули банкети тӯй дар Маскав
Комроншоҳи Устопириён: пас аз тӯй ба мусобиқа меравад
Возвращение в Таджикистан несовершенолетних сирот

505 сомонӣ: Ҳилоли Аҳмар ба 643 ятими пойтахт кумакпулӣ медиҳад

81
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иқдоми хайрхоҳонаи навбатӣ пеша намудааст, ки ба 643 ятиме, ки дар тарбияи пайвандони худ қарор доранд, кумакпулӣ ихтисос дода шавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Душанбе ба 643 ятиме, ки дар тарбияи хешовандони худ қарор доранд, кумакпулӣ дода мешавад. Иқдоми ихтисос додани кумаки молиявӣ ба ятимони кули шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст.

100 долларӣ сари ҳар ятим: кумаки ҳармоҳаи Ҳилоли Аҳмар ба 500 ятим дар Тоҷикистон

Ин ҷамъият дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр намудааст, ки 643 кудаки ятим аз кумакпулӣ ба миқдори 505.2 сомонӣ бархӯрдор мешаванд.

"Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб нисбати як нафар ятим дар як моҳ 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рўзи пардохт кумакпулӣ муқаррар карда шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, маблағи кумакпулӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба суратҳисоби ятимон интиқол дода мешавад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо оилаҳое, ки офат онҳоро бехона гузошт, пул медиҳад

Ёдовар мешавем,  моҳи июни соли равон аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти чунин лоиҳаи сарпарастии ятимон ба роҳ монда шудааст, ки дар он 500 нафар ятимон аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаро гирифта шуда, мувофиқи он барои як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари амрикоӣ пешбинӣ карда шудааст.

81
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, кӯдакони ятим, кумакпулӣ, Ҳилоли Аҳмар

Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

70
(Таҷдидшуда 19:42 05.08.2020)
Рӯзи шашуми август Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ» ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ. буда, дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан дар Аргентина Рӯзи кӯдакон ва дар Боливия ва Ямайка Рӯзи истиқлолият мебошад

Рӯзи 6 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

Соли 1914  Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.

Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Соли 1945  америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ партофтанд.

Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

Соли 1991 пайдоши аввалин интернет-сервис WWW (World Wide Web).

Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

День 4 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2001 бо қарори Суди олӣ фаъолияти ҳизби сиёсии “Адолатхоҳ” қатъ гардид.

Соли 2003 баъд аз танаффуси дусола Тоҷикистон ба Қазоқистон дубора барқ дод.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.

Соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.

Ҷашнҳои рӯзи 6 август

  • Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ».
  • Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ.
  • Рӯзи кӯдакон дар Аргентина.
  • Рӯзи истиқлолияти Боливия ва Ямайка.

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аюб Раҳим (1951) – шоир.

екзода Хушбахт (1945)- нависанда.

Дамир Дўстмуҳаммадов (1941 – 2003) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Имомназари Холназар (1952 – 2007) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Виталий Колберг (1913-1989)- доктори илми тиб, профессор.

Нуриддини Амриддин (1956) – шоир.

Толиб Муинов (1932 – 2000) – доктори илмҳои физикаю математика.

Манзура Улҷабоева (1953) – рассом – ороишгар.

Абдураҳмон Ҳакимов (1940) – доктори илми иқтисод, профессор.

Юлдош Ҳоҷибоев (1945) – доктори илми химия.

70
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

0
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

0