Хурмо. Акс аз бойгонӣ

Барои рӯзадорон: Арабистон ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо тӯҳфа кард

490
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба хотири моҳи шарифи Рамазон ба тоҷикистониён ҳадяи болаззат тақдим кард

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ба хотири моҳи шарифи Рамазон маркази кумаки башардӯстонаи шоҳи Салмон ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо ҳадя намуд.

Бино ба иттилоъи оҷонсии хабарии Saudi Press Agency маросими супоридани 50 тонна хурмо дар сафорати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Хурмо — барои шахси рӯзадор меваи мувофиқ аст. Аксари рӯзадорон ҳангоми ифтор бо хурмо рӯза мекушоянд.

Танҳо чанд донаи хурмои қоқ бо об пас аз рӯза ба кас қувва ва нерӯи тоза мебахшад.

Ин мева барои кори меъда низ фоида дорад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои рӯзадорон тавсияҳои гуногунро оиди интихоби хӯрок дар вақти рӯзадорӣ нашр кард. Ба қавли табиби тоҷик Сайфулло Авезов субҳона бояд хурокҳои аз шир тайёр шуда, гушти обпаз, салати сабзавоти тару тоза, мева (як себ, ё 3-4 дона зардолу) ва нушокиҳо (то 1,5 литр) истеъмол кард.

Шомгоҳон аз нушинади нушокиҳо сар кунед, ва пас аз 10-15 дақиқа ба масрафи хурокаҳои камравғани гуштин ва ё сабзавотӣ сар кунед. Кушиш кунед, ки хурокро оҳиста, батадриҷ, хоида фуру баред. дар ҳолати саросемагӣ шахс бештар хурок мехурад ва гирифтори фарбеҳӣ мешавад. Ҳиссиёти гуруснагӣ ва серӣ аз фаъолияти ҳормонҳои бадан вобаста аст. Ҳангоми бадатриҷ хурдан, ҳормонҳои серӣ дар хун афзуда ҳиссиёти сершавиро медиҳанд ва шахс камтар хурок истеъмол менамояд.

Ҳар шом хуроки худро дигар намояд. Масалан як руз аз биринҷ, рузи дуюм аз картошка, рузи сеюм аз лубиё, дигар руз аз мош ё марҷумак хурок тайёр намоед. Дар шомгоҳон низ хурдани меваро низ фаромуш накунед.

Кушиш намоед, ки пас аз 2-3 соати хуроки шом хоб равед.

Иди Рамазон
© Sputnik
Иди Рамазон
Иди Рамазон
© Sputnik
Иди Рамазон

490
Барчаспҳо:
ба хотири рузадорон, 50 тонна хурмо, моҳи шарифи Рамазон, Шоҳи Салмон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Мавзуъ
Рустам Эмомалӣ дар моҳи шарифи Рамазон бозорҳои Душанберо ғанӣ мегардонад
"Ид муборак": ҷашнгирии иди Рамазон дар Душанбе
Ба Тоҷикистон иди Рамазон омад
Тоҷикони Маскав Рӯзи Ваҳдатро дар Хаймаи Рамазон ҷашн гирифтанд
Сарфи назар аз моҳи шарифи Рамазон, шумораи қурбониёни Сурия меафзояд
Фазилатҳои моҳи Рамазон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Таассуфи Раҳмон аз даргузашти Гулназар Келдӣ ва изҳори ҳамдардии ӯ ба хонаводаи марҳум

34
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти шоири маъруфи кишвар Гулназар Келдӣ ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз даргузашти шоири шаҳири тоҷик Гулназар Келдӣ изҳори таассуф намудааст.

Котиботи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ баён мекунад.

"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

Ёдовар мешавем, шоири маҳбуби тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

34
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Низом Қосим гуфт, ки Гулназар Келдӣ дар куҷо ба хок супурда хоҳад шуд

160
(Таҷдидшуда 18:41 13.08.2020)
 Ҷанозаи Гулназар Келдӣ, Шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ба хонааш оварда, сипас ба қабристон интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ба қавли яке аз шоҳидони ин маросим, ҷанозаи Гулназар Келдӣ аз Шифохонаи "Истиқлол" аввал ба манзилаш, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 10 интиқол ёфт.

"Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагон, як нутқи кутоҳе ироа намуда, эълон кард, ки гирдиҳамоии хайрбод бо Шоири халқии Тоҷикистон дар қабристони Лучоб баргузор хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.

Бино ба ин иттилои манбаъ, дар маросими видоъ бо Гулназар Келдӣ аз ҷониби мақомоти расмӣ Асадулло Раҳмон, мушовири кадрӣ ва Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва теъдоде аз адибону шоирони номдори кишвар, назири Камол Насрулло, Меҳмон Бахтӣ, Ато Ҳамдам, Салими Зарафшонӣ, Урун Кӯҳзод ва дигарон ширкат хоҳанд кард.

160
Барчаспҳо:
Гулназар Келдӣ, Низом Қосим