Хизматрасонии ройгон бахшида ба моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе

Роҳкиро ройгон: Иқдоми ронандаи душанбегӣ дар моҳи мубораки Рамазон

151
Ронандаи микроавтобус № 33 дар давоми ду рӯз ба мусофирон ройгон хизмат мерасонад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik.  Дар шаҳри Душанбе бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ронандаи микроавтобуси рақами 33 роҳкироро барои тамоми сокинон ройгон кардааст.

Ин микроавтобус мусофиронро дар давоми ду рӯз бепул ба манзил мерасонад.

"Иқдоми нек!!! Бахшида ба моҳи шарифи Рамазон роҳкиро ройгон",- навиштааст вай дар пештоқи худрав.

Бесплатное маршрутное такси в честь месяца Рамазан
© Sputnik
Хизматрасонии ройгон бахшида ба моҳи шарифи Рамазон

Ронандаи ин микроавтобус, ки хост номаш ифшо нашавад  ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин иқдоми шахсии вай аст.

Ҳамаи мусофирон дар давоми ду рӯз метавонанд ба воситаи ин худрав метавонанд ба манзилашон расанд.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдом аз ҷониби ронандагон дар шаҳри Душанбе бори аввал набуда, пештар низ ба қайд гирифта шуда буд.

151
Барчаспҳо:
ройгон, роҳкиро, ронанда, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Таассуфи Раҳмон аз даргузашти Гулназар Келдӣ ва изҳори ҳамдардии ӯ ба хонаводаи марҳум

161
(Таҷдидшуда 19:04 13.08.2020)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти шоири маъруфи кишвар Гулназар Келдӣ ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз даргузашти шоири шаҳири тоҷик Гулназар Келдӣ изҳори таассуф намудааст.

Котиботи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ баён мекунад.

"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

Ёдовар мешавем, шоири маҳбуби тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

161
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Низом Қосим гуфт, ки Гулназар Келдӣ дар куҷо ба хок супурда хоҳад шуд

265
(Таҷдидшуда 18:41 13.08.2020)
 Ҷанозаи Гулназар Келдӣ, Шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ба хонааш оварда, сипас ба қабристон интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ба қавли яке аз шоҳидони ин маросим, ҷанозаи Гулназар Келдӣ аз Шифохонаи "Истиқлол" аввал ба манзилаш, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 10 интиқол ёфт.

"Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагон, як нутқи кутоҳе ироа намуда, эълон кард, ки гирдиҳамоии хайрбод бо Шоири халқии Тоҷикистон дар қабристони Лучоб баргузор хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.

Бино ба ин иттилои манбаъ, дар маросими видоъ бо Гулназар Келдӣ аз ҷониби мақомоти расмӣ Асадулло Раҳмон, мушовири кадрӣ ва Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва теъдоде аз адибону шоирони номдори кишвар, назири Камол Насрулло, Меҳмон Бахтӣ, Ато Ҳамдам, Салими Зарафшонӣ, Урун Кӯҳзод ва дигарон ширкат хоҳанд кард.

265
Барчаспҳо:
Гулназар Келдӣ, Низом Қосим
Интихоботи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад

0
(Таҷдидшуда 19:18 13.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро даъват кардааст, то номзади худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад

Душанбе, 13 август - Sputnik. Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин анҷуман қарор аст соати 09:00 – и рӯзи шанбе, 15 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад.

"Мо ҳудуди 130 намояндаи худро аз шуъбаҳои Ҳизби аграрӣ дар саросари кишвар даъват кардаем. Ду масъала дар рӯзномаи маҷлис аст. Яке, ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ ва дигаре, пешниҳоди номзад", - гуфт Рустам Латипов.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 таъсис ёфта, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ ширкат кардааст.

Дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ҳизб раиси он Амир Қароқулов буд, ки бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, 5,2 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Дар интихоботи президентии соли 2013 Ҳизби аграрӣ номзадии Толиббек Бухориев, муовини раиси ҳизбро пешниҳод кард, ки 4,61 дарсад раъй гирифт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо маълум нестанд.

0
Барчаспҳо:
ҳизб, чор ҳизб, Тоҷикистон, интихобот