Дар яке аз бозорҳои шаҳри Панҷакент, акс аз бойгонӣ

Соҳибкоре дар Хуҷанд дар моҳи Рамазон мардумро ройгон нон медиҳад

375
Соҳибкор дар ду мағозаи шаҳри Хуҷанд ройгон ба мардум нон тақсим мекунад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тавре дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар додаанд, роҳбарияти фурӯшгоҳи занҷираии "Амид"  дар ду мағозаи фурӯшгоҳ рафҳои ройгони нон ташкил кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки барои шикояти касене, ки  мегӯянд надидаанд, акс ҳам гузошта шудааст.

Нони ройгон дар Хуҷанд
Нони ройгон дар Хуҷанд

Тибқи гузориш нони ройгон дар рафҳои ин мағозаҳо аз саршавии моҳи Рамазон чида шудаанд.  Ҳамаи ниёзмандон метавонанд аз ин иқдоми фурушгоҳи занҷираии "Амид" истифода баранд.

375
Барчаспҳо:
тақсими ройгони нон, соҳибкор, Хуҷанд, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Низом Қосим гуфт, ки Гулназар Келдӣ дар куҷо ба хок супурда хоҳад шуд

108
(Таҷдидшуда 18:41 13.08.2020)
 Ҷанозаи Гулназар Келдӣ, Шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ба хонааш оварда, сипас ба қабристон интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ба қавли яке аз шоҳидони ин маросим, ҷанозаи Гулназар Келдӣ аз Шифохонаи "Истиқлол" аввал ба манзилаш, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 10 интиқол ёфт.

"Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагон, як нутқи кутоҳе ироа намуда, эълон кард, ки гирдиҳамоии хайрбод бо Шоири халқии Тоҷикистон дар қабристони Лучоб баргузор хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.

Бино ба ин иттилои манбаъ, дар маросими видоъ бо Гулназар Келдӣ аз ҷониби мақомоти расмӣ Асадулло Раҳмон, мушовири кадрӣ ва Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва теъдоде аз адибону шоирони номдори кишвар, назири Камол Насрулло, Меҳмон Бахтӣ, Ато Ҳамдам, Салими Зарафшонӣ, Урун Кӯҳзод ва дигарон ширкат хоҳанд кард.

108
Барчаспҳо:
Гулназар Келдӣ, Низом Қосим
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

82
(Таҷдидшуда 18:39 13.08.2020)
Гулназар Келдӣ шоири маруфи Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон имрӯз дар синни 75 - солагӣ ҷаҳони фониро абадан падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Охирон шеъри, ки шоири шаҳири Тоҷикистон Гулназар Келдӣ навишта буданд ин "Сад дод аз ту, коронавирус" мебошад.

Шеъри мазкур замоне, ки ин маризӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифта буд, эҷод гардида, дар рӯзномаи "Тоҷикистон" мунташир шуд.

Шоири акнун марҳуми тоҷик, аз бурузи маризии сироятии коронавирус сад доду дареғ гуфтааст.

Ба навишта ӯ, замони авҷи ин маризӣ бунёди ҳар кор зеру забар шудааст. Касе дасти нафари дигарро намефишорад, хонаводаҳо мотамзада шудаву хомӯшӣ дар ин оилаҳо ҳукмфармост.

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

Зимнан, бар хабари расонаҳо худи Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида буд ва бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз, ахиран 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.
82
Барчаспҳо:
шеър, Гулназар Келдӣ