Ифтитоҳи бинои ҷамоат дар шаҳри Хоруғ

Барои шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемур дар Хоруғ “ҷамоат” бунёд карданд

227
(Таҷдидшуда 14:48 27.06.2017)
Субҳи имрӯз дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бинои ҷамоати шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба баҳрабардорӣ расид

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. То ин дам масъулини ҳокимияти маҳаллӣ бинои алоҳидае надоштанд.

Дар ин бора сухангӯи раиси вилоят Нилуфар Асламшоева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, ки маросими ифтитоҳи ин бино бо ширкати раиси вилоят Шодихон Ҷамшед сурат пазируфт.

"Шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури Хоруғ соҳиби бинои ҷамоатӣ шуд ва сохтусози бинои ҷамоати Исмоили Сомонӣ идома дорад", — гуфт сухангӯи раиси вилоят.

Председатель ГБАО Шодихон Чамшед
© Фото : пресс секретарь председателья ГБАО Нилуфар Асламшоева
Председатель ГБАО Шодихон Чамшед

 

Гуфта мешавад, ки ин бино ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ ифтитоҳ шуда, минбаъд сокинони маҳаллӣ метавонанд масоили ҳалталаби худро дар ҳокимияти маҳаллӣ ҳал кунанд.

Бино ба иттилоъи Нилуфар Асламшоева ба муносибати Рӯзи Ваҳдат имрӯз дар боғи марказии шаҳри Хоруғ намоиши дастовардҳои иқтисодӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.

"Бегоҳи имрӯз, дастовардҳои иқтисодии манотиқи гуногуни вилоят ба намоиш гузошта шуда, дар боғи марказии пойтахти ВМКБ барномаи ҳунарие бо ширкати беҳтарин овозхонони Бадахшон баргузор хоҳад шуд",- илова кард мусоҳиб.

227
Барчаспҳо:
бинои маъмурӣ, ифтитоҳ, Нилуфар Асламшоева, Хоруғ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Ҷашни 20 -солагии Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон (18)
Мавзуъ
Дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Хоруғ парчами 30-метрӣ барафрохта шуд