Даргузашти рассоми номдори рус - Иля Глазунов

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкИлья Глазунов
Илья Глазунов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рассоми номдор, бунёдгузор ва ректори Академияи рассомӣ, наққошӣ ва меъмории Русия - Иля Глазунов аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Рассоми даврони Шӯравӣ — Иля Глазунов дар шаҳри Маскав вафот кард.

Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, Иля Глазунов дар 88-умин соли умраш аз олам чашм пӯшид.

Иля Глазунов — рассоми даврони Шӯравӣ ва педагог буд. Ӯ бунёдгузор ва ректори Академияи рассомӣ, наққошӣ ва меъмории Русия буд. Рассоми халқии ИҶШС, дорандаи мукофоти Олии Федератсияи Русия.

Иля Глазунов 10 июни 1930 дар шаҳри Ленинград ба дунё омада, муҳосираи Ленинградро аз сар гузаронидааст.

Лентаи хабарҳо
0