Дарвозиҳои селзада дар деҳаи Яхчисор замин мегиранд

© Пресс служба председателя ГБАОПремьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока
Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонаводаҳои осебдида аз селу гилшор дар мавзеъи Яхчисор барои сохтусози хона замин мегиранд

ДУШАНБЕ, 14 июл— Sputnik. Бино ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, имрӯз дар ноҳияи Дарвоз тақсими қитъаи замин ба хонаводаҳои осебдида аз сел дар деҳаи Хостав оғоз шуд.

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед гуфтааст, ки қитъаи замин барои бунёди хонаҳои нав дар чорчӯби қонунгузории ҷории кишвар сурат мегирад. Ӯ таъкид кардааст, ки ҳеч хонаводае бесарпаноҳ нахоҳад монд.

Ҳамчунин раиси вилоят гуфта, ки роҳи селзада бояд ҳарчӣ зудтар бозсозӣ шавад, то ҳамлу нақли коло, бавижа маводи хӯрокӣ, ба вилоят ва дигар манотиқи кишвар қатъ нашавад.

Бунёди хонахои нав дар деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванд ба нақша гирифта шуда, имрӯз масъулини Кумитаи идораи замини вилоят ва ҳукумати ноҳияи Дарвоз ҷудо кардани қитъахои заминро оғоз кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рустоҳои осебдидаи Дарвоз боздид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0