Донишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Супориши вазири тандурустӣ: аз пӯшидани либоси бегона даст кашед

274
(Таҷдидшуда 16:15 17.07.2017)
Насим Олимзода супориш додааст, ки пушидани либосҳои бегона дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ба хусус дар муассисаҳои таълимии тиббӣ аз байн бурда шавад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати тандурустӣ, ин нуктаро вазир дар ҷаласаи натиҷагаирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои беҳдоштиву дармонӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон гуфтааст.

Ба гузориши манбаъ, дар ин ҷаласа нахуст мушовири вазир Дилором Содиқова дар хусуси натиҷагирӣ аз татбиқи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" давоми даҳ сол сухан гуфтааст.

Дар ин росто вазир Насим Олимзода супориш додааст, ки дар ҳама бунгоҳҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои пизишкӣ гурӯҳҳои корӣ барои таблиғи ин қонун ташкил карда шаванд.

"Пӯшидани либосҳои бегона дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ба хусус дар муассисаҳои таълимии тиббӣ аз байн бурда шавад", — гуфтааст вазир.

Баъдан муовини якуми вазир Саида Ғайрат аз фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  дар шаш моҳи соли 2017 гузориши муфассал додааст.

Дар ин ҷаласа мавзуъоте чун пешгирӣ аз марги модару кӯдак, муъоинаи ҳатмии номзадҳо, пешгирӣ аз воридоти доруҳои сохта, ҳамдастии пизишкон бо ширкатҳои дорусозӣ ва доруфурӯшӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои дармонӣ, фаъолияти хадамоти назоратӣ, пешгирӣ аз фасод дар бунгоҳҳои дармониву пизишкӣ баррасӣ шудаанд.

274
Барчаспҳо:
ҷамъбасти шаш моҳи фаъолият, ҷаласа, Вазорати тандурустӣ, Насим Олимзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Вазири тандурустӣ барои марги донишҷӯ мудири коллеҷи тиббиро барканор кард
Вазири тандурустӣ: дар Тоҷикистон фавти кӯдакон то 2 маротиба кам шудааст
Вазорати тандурустӣ гармии шадиди ҳаворо хатарзо хонд

Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

15
(Таҷдидшуда 09:56 20.10.2020)
Рӯзи 20 октябр, рӯзи умумиҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ, рӯзи байналмилалии ошпаз ва рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз мебошад

Рӯзи 20 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1714 Пётри I қарореро оид ба манъи истифодаи сангҳо дар сохтмонҳои Русия, ба истиснои Санкт-Петербург қабул намуд.

© Sputnik / Павел Балабанов
Петр Первый

Соли 1822 дар Англия шумораи нахустини рӯзномаи "The Sunday Times" ба нашр расид.

Соли 1868 дар Киев нахустин бонки хусусии тиҷоратӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 1945 аввалин маротиба занҳо дар Франсия ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро ба даст оварданд.

Соли 1982 дар Лужники фоҷиа рух дод: дар натиҷаи танбашавӣ 66 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 оғози бунёди нақби Шар-Шар.

Соли 2009 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт бахшида ба 110- солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

Соли 2010 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиман масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои Тоҷикистону Туркия муҳокима шуданд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар рӯҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ.
  • Рӯзи байналмилалии ошпаз.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз.

Рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 858-941 – асосгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Памятник Рудаки в Душанбе, архивное фото
Памятник Рудаки в Душанбе, архивное фото

Соли 1924 – доктори илмҳои тиббӣ Саъдинисо Ҳакимова.

Соли 1933 – муаллими хизмтнишондодаи ИҶШС Идӣ Халифаев.

Соли 1950 – рӯзноманигор Қурбон Мадалиев.

Соли 1953 – файласуф Рустам Назаров.

Соли 1959 – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко.

Открытие памятника А.Г. Мироненко в Душанбе
© Sputnik
Открытие памятника А.Г. Мироненко в Душанбе
15
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

65
(Таҷдидшуда 19:13 18.10.2020)
Рӯзи 19 октябр рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ буда дар Русия - рӯзи хонандагони литсейҳо, дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон ва дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшиносон мебошад

Рӯзи 19 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.

Соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.

Соли 2019 сармуҳаррири Ожонсии "Россия сегодня" RT Маргарита Симонян барои бори савум модар шуд. Симонян духтарча таваллуд кард.

Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян
Пресс-служба президента Республики Беларусь
Главный редактор телеканала RT и МИА "Россия сегодня" Маргарита Симоньян

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалини Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуд.

Соли 2015 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи "Қайроққум-Ашт" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард.

Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона
© Фото : Пресс-служба президента РТ
Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон  Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Узбакистонро ба тасвиб расонид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ.
  • Дар Русия -рӯзи хонандагони литсейҳо.
  • Дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон.
  • Дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшинос.

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1927 шоири халқии Тоҷикистон Наҷмиддин Раҳимов.

Соли 1936 коргардон, корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Равшан Турабеков.

Соли 1938-1994  композитор Миратулло Атоев.

Соли 1942  доктори илмҳои физика ва математика Саидмуҳаммад Одинаев.

65
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Автомобили на проезжей части, архивное фото

Шарҳи ВКД дар бораи садамае, ки ҷони Диловари Зуҳуриёнро гирифт

0
(Таҷдидшуда 11:45 20.10.2020)
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар мошин ҳамроҳ бо оҳангсоз овозхон Диловари Зуҳуриён боз як нафари дигар ҳузур дошт, ки низ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 19-уми октябри соли равон, тахминан соати 01:00 шаб рӯх додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи худрави "Мерседес-бенс", Зуҳуров Диловар Тағоймуродович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи "Душанбе-Ваҳдат-Кулоб", дар ҳудуди деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба боркаши "Шакман", бархӯрдааст.

Мошини боркаш таҳти идораи Орифов Бахтиёр Ибрагимович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

"Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-бенс", Зуҳуров Д.Т ва мусофираш Зокиров Искандар Ҷобирович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

 

0
Барчаспҳо:
ҳалокат, нақлиётӣ, садама, Тоҷикистон