Дар ҷаласа бо раисҷумҳур

Фаъолони Душанбе суханҳои раисҷумҳурро ба мардум мефаҳмонанд

195
Тӯли як моҳ гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони масъули мақомоти шаҳри Душанбе дар шаҳраку маҳаллаҳо ба мардум нуктаҳои асосии суханронии Эмомалӣ Раҳмонро, "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мефаҳмонанд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдори Душанбе, тӯли як моҳ гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони масъули ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҳаллаҳо нуқтаҳои асосии суханронии раисҷумҳурро, ки дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гуфта буд, мефаҳмонанд.

Чунин тасмим рӯзи 19 июл дар мулоқоти корӣ бо роҳбарон ва намояндагони сохтору муассисаҳои мақомоти шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Ба гузориши манбаъ, ин мулоқот таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Душанбе, Муинӣ сурат гирифта, дар кори он кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва дигар ниҳодҳо ширкат кардаанд.

Дар ин дидор аз қабули қонун ба ҳайси яке аз иқдомоти муҳимтарин ва таърихӣ дар роҳи эҳё, ҳифз ва рушди анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард, изҳори қаноатмандӣ шудааст.

Ва дар ин маҷлис қарор шудааст, ки тӯли як моҳ гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони масъули ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҳаллаҳо нуқтаҳои асосии суханронии раисҷумҳурро, ки   дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гуфта буд, мефаҳмонанд.

Тибқи гузориши масъулин аз соли аввали қабули қонун, яъне аз моҳи июни соли 2007 то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ  14191 маъракаи хатнасур, 48005 тӯйҳои домодию арӯсӣ  , 16008 маъракаи чил ва 13585 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Барои баргузории ин маъракаҳо 21988 чорвои калон ва 7281 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 91803 ададро ташкил медиҳад. Хароҷоти умумӣ  ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда, зиёда аз 277 миллиону 3 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.

Ҳамчунин дар давоми даҳ соли сипаригардида, 381 адад тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ  ва 5840 адад хатнасурҳои хайриявӣ  баргузор карда шудааст. Ҳангоми назорат аз рафти баргузории маъракаву маросимҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулини соҳа 595 ҳолати вайрон намудани қонун ошкор гардидааст. Мақомоти ваколатдори шаҳри Душанбе, ки татбиқи қонуни зикршударо дар қаламрави пойтахт таъмин менамоянд, фаъолияти сохторҳои марбутаро баррасӣ  ва таҳлил  карда, ба масъулин дар иҷрои он дастуру машваратҳои  самарабахш пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар дидор бо фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон ва муҳокимаи масъалаи риояи қонуни танзим ва ҷашну маросимҳо, ба масъулин супориш додааст, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкарда озод намудани раисони саҳлангор, ки талаботи қонунрро риоя намекунанд, пешниҳод намоянд.

195
Барчаспҳо:
ҷаласа, шаҳрдори Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Прокурорҳо барои риоя накардани қонуни танзим аз кор ронда мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони кишвар танзими анъанаро муҳокима кард
Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Душанбе мулоқот кард

Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

12
(Таҷдидшуда 09:56 20.10.2020)
Рӯзи 20 октябр, рӯзи умумиҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ, рӯзи байналмилалии ошпаз ва рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз мебошад

Рӯзи 20 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1714 Пётри I қарореро оид ба манъи истифодаи сангҳо дар сохтмонҳои Русия, ба истиснои Санкт-Петербург қабул намуд.

© Sputnik / Павел Балабанов
Петр Первый

Соли 1822 дар Англия шумораи нахустини рӯзномаи "The Sunday Times" ба нашр расид.

Соли 1868 дар Киев нахустин бонки хусусии тиҷоратӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 1945 аввалин маротиба занҳо дар Франсия ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро ба даст оварданд.

Соли 1982 дар Лужники фоҷиа рух дод: дар натиҷаи танбашавӣ 66 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 оғози бунёди нақби Шар-Шар.

Соли 2009 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт бахшида ба 110- солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

Соли 2010 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиман масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои Тоҷикистону Туркия муҳокима шуданд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар рӯҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ.
  • Рӯзи байналмилалии ошпаз.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз.

Рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 858-941 – асосгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Памятник Рудаки в Душанбе, архивное фото
Памятник Рудаки в Душанбе, архивное фото

Соли 1924 – доктори илмҳои тиббӣ Саъдинисо Ҳакимова.

Соли 1933 – муаллими хизмтнишондодаи ИҶШС Идӣ Халифаев.

Соли 1950 – рӯзноманигор Қурбон Мадалиев.

Соли 1953 – файласуф Рустам Назаров.

Соли 1959 – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко.

Открытие памятника А.Г. Мироненко в Душанбе
© Sputnik
Открытие памятника А.Г. Мироненко в Душанбе
12
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

65
(Таҷдидшуда 19:13 18.10.2020)
Рӯзи 19 октябр рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ буда дар Русия - рӯзи хонандагони литсейҳо, дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон ва дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшиносон мебошад

Рӯзи 19 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.

Соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.

Соли 2019 сармуҳаррири Ожонсии "Россия сегодня" RT Маргарита Симонян барои бори савум модар шуд. Симонян духтарча таваллуд кард.

Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян
Пресс-служба президента Республики Беларусь
Главный редактор телеканала RT и МИА "Россия сегодня" Маргарита Симоньян

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалини Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуд.

Соли 2015 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи "Қайроққум-Ашт" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард.

Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона
© Фото : Пресс-служба президента РТ
Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон  Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Узбакистонро ба тасвиб расонид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ.
  • Дар Русия -рӯзи хонандагони литсейҳо.
  • Дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон.
  • Дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшинос.

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1927 шоири халқии Тоҷикистон Наҷмиддин Раҳимов.

Соли 1936 коргардон, корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Равшан Турабеков.

Соли 1938-1994  композитор Миратулло Атоев.

Соли 1942  доктори илмҳои физика ва математика Саидмуҳаммад Одинаев.

65
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров дар Хабаровск соҳиби ҷоизаи миллии Россия — «Донишҷӯи хориҷии сол – 2020» гардид

Донишҷӯи тоҷик дар Русия "Донишҷӯи хориҷии сол 2020" гардид

0
Донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров дар Хабаровск соҳиби ҷоизаи миллии Русия — "Донишҷӯи хориҷии сол – 2020" гардид

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Дар шаҳри Хабаровски Русия марҳилаи минтақавии озмун барои Ҷоизаи миллии Рсия — "Донишҷӯи сол – 2020" ба анҷом расид, ки дар он ҷавони тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров соҳиби ҷоиза гардид, хабан медиҳад торномаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур.

Ин озмун аз ҷониби Созмони ҷамъиятии умумирусиягии "Иттиҳоди ҷавонони Русия" дар якҷоягӣ бо KSAU "Маркази минтақавии ҷавонон оид ба таълими иҷтимоӣ ва саломатӣ" баргузор карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, озмуни "Донишҷӯи сол-2020" аз рӯи номинатсияҳои инфиродӣ ва коллективӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти таҳсилоти касбии ҳудуди минтақаи Хабаровск доир гардид.

Дар он Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур ва маҳфили ҷавонони тоҷик дар минтақаро донишҷӯи факултаи энергетика ва менеҷменти Донишгоҳи мазкур Ҷуманазар Қурбонназаров  намояндагӣ кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи ҳакамон миёни донишҷӯёни 11 донишгоҳи минтақа донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбоназаров барандаи ҷоиза дар бахши "Донишҷӯи хориҷии сол – 2020" гардид.

"Мехоҳам ба Донишгоҳам изҳори сипос кунам. Бо лварӣ метаовнам бигӯям, ки Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур, имкон медиҳад, ки орзуҳои инсон амалӣ шавад. Ман аз соли 2018 инҷониб дар озмун ширкат мекардам ва бо ҳайрат ба иштирокчиёни дар саҳна буда, назар мекардам. Ман хеле мехостам, ки ба манфиати донишгоҳ кор кунам ва фарҳангу анъанаҳои мардуми тоҷикро дар байни ҷавонон маъмул кунам"  , - гуфт Қурбонназаров.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол-2020» аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Москва баргузор мешавад.

0
Барчаспҳо:
донишҷӯи тоҷик, Русия, сол, донишҷӯй, донишҷӯй