Писари тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Аз Олучаву Гелос халос: феҳристе аз 6 ҳазор ном ба САҲШ вогузор шуд

304
(Таҷдидшуда 20:20 26.07.2017)
Ин феҳрист барои падару модароне омода шудааст, ки аз Идораи сатби аҳволи шаҳрвандон барои фарзандонашон зоднома мегиранд. Онҳо бояд аз ин феҳрист номеро барои фарзанди худ интихоб кунанд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Вазорати додгустарии Тоҷикистон "Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ"-ро омода намуда ва ба идораҳои сабти аҳвол вогузор кардааст, — гуфт муъовини вазири додгустарӣ Ҳаким Мирсайзод.

"Ин феҳрист 6 ҳазор номро дар бар мегирад ва падару модарон бояд аз он барои номгузории фарзандонашон истифода кунанд", — гуфт ӯ.

Ба гуфти вай феҳристи номҳо барои волидоне, ки барои сабти номи навзод ё дарёфти зоднома ба идораи сатби аҳволи шаҳрвандон мераванд, пешниҳод мешавад. Волидонро мебояд барои кӯдакони худ номҳои  тоҷикиро, ки дар ин феҳрист оварда шудаанд, интихоб кунанд.

"Агар волидон нахоҳанд номеро аз ин феҳрист барои фарзандашон интихоб кунанд, номеро, ки мехоҳанд, бояд ба комиссияи махсус пешниҳод кунанд ва ин комиссия бо салоҳдиди худ масъаларо ҳал мекунад", — тавзеҳ дод Мирсайзод.

Ёдоварӣ мекунем, ки Қонуни сабти давлатии аҳволи шаҳрвандӣ соли 2016 ислоҳ шуда буд, ки бино бар он ислоҳот гузоштани номҳое чун Санг, Зоғ, Гург, Ҷорӯб, Сабзӣ мамнуъ шуд.

Ақаллиятҳои қавмие, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳаққ доранд фарзандонашонро бар пояи фарҳанги худашон номгузорӣ кунанд.

304
Барчаспҳо:
номгузорӣ, шаш ҳазор ном, феҳристи номҳо, вазорати адлия, Тоҷикистон
Мавзуъ
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо тағйири номҳои ҷуғрофиёӣ мувофиқат кард
Номнома ё “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мунташир шуд
Чаро дар Тоҷикистон номҳои шӯравиро хат мезананд?
Вазорати адлия номҳои кӯдаконро ба дурусту бегона ҷудо кард